Дар “Рӯзи дониш” мактаби рақами 25-и деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисорро ба номи Акбаралӣ Сатторов (Акбари Саттор), журналисти хушноми тоҷик ва раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гузоштанд.
Ба қавли дӯстони Акбаралӣ Сатторов, пешниҳоди номгузории мактаб ҳанӯз соли 2015 ироа шуда буд, аммо қарори дахлдор моҳи марти соли ҷорӣ аз ҷониби раиси шаҳри Ҳисор имзо шуд.
Ва 1-уми сентябр бо ҳузури нависандагону рӯзноманигорон, масъулини шаҳрдории Ҳисор ва наздикону пайвандон мактаби деҳаи зодгоҳи Акбаралӣ Сатторов ба номи ӯ гузошта шуд.
Гузориши моро аз ин чорабинӣ тамошо кунед:
Акбаралӣ Сатторов 10-уми феврали соли 1965 ба дунё омадааст. Соли 1990 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинградро хатм карда, ҳамон сол ҳамчун мухбири рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” ба кор оғоз намудааст. Худи ҳамон сол ба рӯзномаи “Садои мардум” ба кор гузашта, то соли 1994 ҳамчун мухбир, мудири шуъбаи сиёсат ва ҳуқуқ кор кардааст.
Соли 1994 ҶДММ “Чархи гардун”-ро ташкил намуд, ки рӯзномаҳои “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Авиценна”, “Аладдин”, “Студент”, “День за днём…” ва “Дайджест пресс” ба таркиби он ворид мешуданд. Ӯ ҳамчунин соҳиби нашриёти “Интишор” низ буд. Аз моҳи июни соли 2006 то поёни умр раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буд.
Акбаралӣ Сатторовро яке аз эҳёкунандагони журналистикаи тоҷик пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳомии журналистони кишвар низ медонанд.
Ӯ 28 августи соли 2015 ин оламро падруд гуфт.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста