Дар вилояти Нижний Новгороди Русия аз 1 октябр додани патент барои кор ба хориҷиён боздошта шуд. Дар ин бора Раёсати масоли муҳоҷирати Сарраёсати ВКД Русия дар ин минтақа хабар медиҳад.
Ба иттилои ин мақомот, додани патент ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ҳуқуқи кор бар асосии фармоиши ВКД Русия №1/11198 аз 13 феврали соли ҷорӣ қатъ карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки зикр мешавад, ба хориҷиёне, ки пештар патенти кор гирифта буданд, Раёсати масоили муҳоҷират ҳуҷҷатро дубора ба расмият дароварда, онҳо метавонанд ба корашон идома диҳанд.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи апрели соли 2024 ба муҳоҷирон дар вилояти Нижний Новгород кор дар таксӣ манъ шуда буд.
«Коммерсантъ-Приволжье» хабар дода буд, ки дар зарфи 7 моҳи соли 2024 вуруди хориҷиён ба вилояти Нижний Новгород ба миқдори 24% - то 61 ҳазор нафар кам шуд, ки 62%-и онҳо маҳз муҳоҷирони корӣ мебошанд.
Қаблан дар минтақаҳои Русия ба кори муҳоҷирон дар баъзе соҳаҳо маҳдудият ҷорӣ шуд. Масаланд, ба онҳо кор дар соҳаҳои савдо, нақлиёт, мусофирбарӣ, бахши сайёҳӣ, маориф ва ғайра манъ шуд. Чунин маҳдудиятҳо ба сурати умум дар 23 минтақаи Русия ҷорӣ шуданд.
Аз 1 январи соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ наметавонанд дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳои фурӯши машрубот ва тамоку, инчунин дар соҳаҳои хидматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла бахшҳои варзиш, фарҳанг, фароғату истироҳат, тандурустӣ ва маориф дар вилояти Маскав кор кунанд.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста