Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 1500 тонна ангишти истеҳсоли ватанӣ ва кумак бо маводи ғизоӣ гирифтанд, ки бо супориши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристода шуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 6 октябр ангишт ба шаҳру навоҳии минтақа, ки дар он ҷойҳо нуқтаҳои махсус барои фурӯши он бо нархи дастрас ташкил карда шудаанд, фиристода шуд. Акнун сокинони маҳаллӣ ангиштро қариб якуним баробар арзонтар аз нархи бозор харида метавонанд.
Дар Тоҷикистон ангишти истеҳсоли ватанӣ вобаста ба сифаташ бо нархи чакана аз 1,5 то 2,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.
Аллакай соли панҷум аст, ки ВМКБ аз Вазорати саноат ва технолгоияҳои нав, инчунин КВД “Ангишти тоҷик” ангишт мегирад.
То оғози мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025 фиристодани 5 ҳазор тонна ангишти хушсифат ба дигар минтақаҳои кишвар бо шумули вилоятҳои Хатлону Суғд, инчунин шаҳру навоҳии тобеи марказ ба нақша гирифта шудааст. Ин ба танзими нархҳо ва таъмии аҳолӣ ҷиҳати дастрасӣ ба ангишти арзон кумак мекунад.
Тақсимоти ангишт дар ВМКБ аз ноҳияи Дарвоз оғоз шуда, то дурдасттарин маҳаллаҳои аҳолинишини вилоят расонида мешавад. Ангишт ҳамчунин ба омлаҳои имконияташон маҳдуд ва ниёзманд бепул дода мешавад.
Ғайр аз ин, бо супориши президент ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳру навоҳии ВМКБ 150 тонна маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла орду шакар, равған ва маснуоти макаронӣ тақсим карда шуд.




Дар Тоҷикистон 200 нафар занон метавонанд то 110 ҳазор сомонӣ грантҳои президентиро дарёфт кунанд
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Дар 31 муассисаи Тоҷикистон хонандагон дар се баст таҳсил мекардаанд
Чин дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон 9 иншооти сарҳадӣ месозад
Сарфи назар аз афзоиши содирот, касри тавозуни савдои Тоҷикистон зиёд шудааст
“Намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш”. Тоҷинисо Саидоваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супориданд
Сафири Эрон дар Душанбе: “То охир мубориза мебарем ва таслим нахоҳем шуд”
Дар Тоҷикистон ду рӯз ҳаво сард шуда, борону барф пешбинӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста