Бизнес-тренер ва соҳибкор Саидмурод Давлатов дар мусоҳибаи махсус бо “Азия-Плюс” эълон кард, ки баҳси судиаш бо Бонки миллии Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад ва хабари дар ин замина нашршуда дурӯғ (фейк) буда, онро қаллобон барои фиреби мардум ва ба даст овардани даромади муфт паҳн мекунанд.

Ӯ ҳамчунин аз бурду бохти худ дар роҳи касбӣ, фалсафаи сарватмандии шарқӣ ва нақши устод дар ҳаёти ҳар як инсон нақл кард. Дар ин суҳбат, Саидмурод Давлатов ба чандин саволи муҳим низ посух дод. Аз ҷумла:

•  Чаро баъзеҳо ба суханони ӯ бовар надоранд?

•  Устодони Саидмурод Давлатов кӣ буданд ва чӣ нақш дар ҳаёти ӯ бозиданд?

•  Андешаи ӯ дар бораи пули электронӣ ва ояндаи иқтисоди рақамӣ чӣ аст?

•  Чӣ гуна шогирдони ӯ миллионер шуданд?

•  Барои муваффақ шудан дар тиҷорат, чӣ муҳимтар аст — пул, шинос ё фалсафаи дуруст?

Шакли комили мусоҳиба дар навори зерин:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.