Ҳамасола 31-уми октябр Рӯзи ҷаҳонии пасандоз ва Рӯзи сафраҷӯӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз “Азия-Плюс” аз сокинони пойтахт пурсид: Барои чӣ ва чӣ тавр сарфа мекунанд ва ё имкони пасандоз карданро доранд?
Соле пеш низ мо чунин пурсиш гузаронида будем. Дар як сол хароҷоту сарфаи сокинон кам тағйир ёфтааст. Онҳо ҳамоно аз гаронии хӯрокворӣ, махсусан меваҷот мегӯянд ва дар хариди хӯрокаву либос бештар сарфа мекунанд.
“Нафақаамонро баланд карданд, аз ин рӯ ба нархҳо то дараҷае камтар менигарем, вале ҳамоно кӯшиш мекунем бештар сарфаҷӯӣ намоем” - мегӯяд яке аз сокинон.
Агар соли гузашта сокинон бештар аз сарфа барои роҳкирову нақлиёт мегуфтанд, имрӯз аксаран аз сарфаҷӯйӣ дар истифодаи барқу об ҳарф мезананд. Эҳтимол, ин ба 16% баланд шудани арзиши қувваи барқ аз оғози соли ҷорӣ вобаста бошад.
Ҷолиб аст, ки миёни ҳамсуҳбатони мо бештар насли калонсол сарфаҷӯйӣ мекунанд. Аксари ҷавонон дар ин бобат парво надоранд ва ба қавли худашон кӯшиш ҳам кунанд, сафра кардан барояшон душвор аст.
Аксари ҳамсуҳбатони мо пасандоз надоранд ва мегӯянд, бо даромаде, ки доранд пасандоз карда ҳам наметавонанд. Ба ақидаи онҳо, бо маоши миёнаи кишвар пуле пасандоз кардан ғайриимкон аст, зеро маоши қисме аз аҳолӣ ҳатто то охири моҳ намерасад.



Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста