Имрӯз, 29-уми ноябр, Абдулмӯъмин Шарифӣ, яке аз устураҳои синамову театри имрӯзи тоҷик 64-сола шуд. “Азия-Плюс” ду сол пеш, ба ифтихори 62-солагии ин ҳунарпеша назаре ба рӯзгор ва эҷодии ин ҳунарманд карда буд, ки онро имрӯз дубора бознашр мекунад.
Боиси таассуф аст, ки ҳолномаи ҳунарии Абдулмӯъмин Шарифӣ дар фазои интернетӣ тамоман нест, аммо бо осонӣ метавон дар бораи як овозхони навроҳу ношиносе маълумоти фаровон пайдо кард.
Мо танҳо чанд мусоҳибаи ҳунармандро пайдо кардем, ки дар он аз рӯзгору ҳунари хеш ҳарф задааст. Ин нишони буҳрони ҳунар ва ҳунарманд дар кишвар аст!
Абдулмӯъмин Шарифӣ яке аз чеҳраҳои шинохта ва аз ҳунармандони боистеъоди тоҷик аст, ки бо гузашти рӯзгор қавитар ва касбитар мешавад.
Тобистони соли гузашта намоишномаи “Шабе дур аз Ватан”-ро, ки аз рӯи эҷодиёти Бозор Собир дар таҳияи коргардон Нозим Меликов рӯи саҳна гузошта шуда буд, бори дигар тамошо кардам. Баромади пурҷӯшу хурӯши Абдулмӯъмин Шарифӣ ва ҳаракатҳои чолоконаи ӯ далели гуфтаҳои болост.
Нуктаи дигар ин гуфтори тоҷикона ва равони ин ҳунарманд аст. Худи ӯ дар як сӯҳбаташ аз гӯйиши тоҷикӣ нигаронӣ намуда, мегӯяд, ба мо меомӯзониданд, ки чӣ гуна шеър хонем ва чӣ гуна ҳарф занем, вале имрӯз забони меъёри тоҷикӣ аз байн рафта истодааст.
Хотираи қавӣ ва зеҳни тези устод ҷанбаи дигари касбияташ аст, ки ӯро аз байни дигар ҳунармандон фарқкунанда нишон медиҳад.
Худи ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш дар мавриди ҳунарманд гуфтааст, “актёр нахуст бояд инсони воқеӣ бошад, аҳли китобу андеша ва аҳли дард бошад”.
“Савияи дониш ва худшиносиву маърифати ҷомеа дар кадом пояе бошад, рушди ҳунари актёрӣ ҳам ҳамон аст, зеро актёр ҳам узви бевоситаи ин ҷомеа мебошад”, - гуфтааст ӯ.
Дар баробари ҳунарманди соҳибистеъдод будани Абдулмӯъмин Шарифӣ, ӯ аз камтарин ҳунармандони хоксору фурӯтани ҷомеаи мо аст. Ӯро ҳар гоҳ дар кӯчаҳои шаҳр, дар дохилӣ автобус, дар филм ё намоишномаи як коргардони ҷавони навроҳ ё дар кадом фестивали ба қавле назарногир мебинед. Ӯ барои ҳамаи ҷомеаи Тоҷикистон датрас аст ва ҳар рӯзноманигори навроҳ метавонад ӯро ба мусоҳиба кашад ва саволҳо диҳад.
Худи ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш дар мавриди шуҳратпарастӣ гуфтааст, ки ҳарчанд касби актёрӣ зудшинохташаванда аст, як нақш (ҳатто нақши сабук) метавонад актёрро шуҳратманд гардонад, вале на ҳар кас метавонад тоби ин шуҳратро дошта бошад.
Абдулмуъмин Шарифӣ аз камтарин ҳунармандони шинохтаи кишвар аст, ки мактаби театрии Фаррух Қосимро гузаштааст. Баромадаш дар намоишномаҳои ирфонӣ далели ин гуфтаҳост.
Ҳунари овозхониаш, ки дар бештари намоишномаву филмҳо истифода мешавад, аз дигар паҳлуҳои кашфношуаи ҳунарманд аст. Масалан, қироати шеъри Мавлоно дар филми “Дов” диққати тамошобинро сахт ба худ ҷалб кард ва бисёриҳо гумон мекарданд, ки онро ягон овозхони маъруф сароидааст.
Ӯ дар муқоиса бо дигар ҳунармандон, дар раванди таҳаввулоти ҷомеа аст ва ҳамеша набзи онро эҳсос мекунад. Дар ҳар масоили ҷомеа назари худро дорад ва нисбати равандаҳои ҷомеа бетараф нест. Аз ҷумла, дар яке аз мусоҳибаҳояш аз ҷалби иҷборӣ ба театр изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст, ки барои ин ҳамаи мо гунаҳкорем.
“Ҷое ки ҳунарро сайқал диҳанд, ҷое, ки худро ислоҳ кунанд, ба корҳои бад даст заданд ва имрӯз мо заҳри он рӯзро менӯшем. Мо бояд худамонро такмил медодем, аммо кори дигар кардем. Ва қонуне аст: “Ҳеҷ кор иҷборӣ намешавад, ба хусус эътиқоду маънавиёт!”,- нигаронӣ карда буд ӯ.
Бо вуҷуди он ки имрӯз кинову театри тоҷик бо як пой мелангад, вале дар ин байн ҳунармандоне мисли Абдулмуъмин Шарифӣ ҳастанд, ки бори театру кинои тоҷикро қариб ба танҳоӣ мекашанд ва аз ҷомеа чизе талаб надоранд. Ӯ танҳо қурбонии театру синамои тоҷик аст ва будани ин устураи ҳунару санъати тоҷик дар ин фазо қобили ситоиш ва боиси ифтихори миллат аст.
Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" устод Абдулмӯъмин Шарифӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва яке аз сармояҳои фарҳангу ҳунари кишварро ба муносибати 64-солагияшон табрик мегӯяд ва орзу мекунад, ки умри эшон дарозу саодати зиндагӣ ба комашон бод!
Коргар каму нафақахӯр зиёд. Ин чӣ хатар дорад ва чӣ бояд кард?
Сокинон дар бораи сохтмони метро дар Душанбе чӣ мегӯянд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 январи соли 2025
Бо пули муҳоҷирону сокинон. Дар Ростровут барои таъмири 12 км роҳ 2,5 млн сомонӣ ҷамъоварӣ кардаанд
"Тафсир": "Сурхакон хуруҷ кардааст? Сокинон дар ташвиш, Вазорати тандурустӣ рад мекунад
Эмомалӣ Раҳмон фармони мораторий барои санҷиши соҳибкоронро имзо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 январи соли 2025
Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” 10 сол равонаи зиндон шуд
Мубориза бо тағйирёбии иқлим. Ҷаҳон то 300 млрд доллар дар як сол ҷудо мекунад, ба Тоҷикистон чанд пул лозим аст?
Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, шумораи ҷиноятҳои аз ҷониби муҳоҷирон содиршуда кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста