Вазорати фарҳанги кишвар чанд асари рассомони тоҷикро харидорӣ кардааст. Ин асарҳо дар доираи як комиссияи хариди асарҳои рассомон, ки аз ҷониби худи вазорат таъсис ёфт, харидорӣ гардид. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги кишвар ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Вале манбаъ нагуфт, ки ин вазорат чанд асари рассомони тоҷик ва бо чӣ арзише харидорӣ кардааст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ба комиссияи хариди асарҳои рассомӣ, ки дар он намояндагони Академияи мусаввирон, Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳо, Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии Тоҷикистон ва Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон буданд, 89 асари эҷодии рассомӣ дар мавзуъҳои мухталиф пешниҳод гардид.
Комиссияи харид 6-уми декабр ин асарҳоро аз назар гузаронида, ҳар яки онро баҳогузорӣ ва беҳтарин асарҳоро барои харид ба вазорати фарҳанг тавсия додааст.
“Бештари асарҳое, ки харидорӣ карда шуданд, натюрморт ва пейзаж буда, табиати Тоҷикистонро инъикос мекунанд. Ҳамчунин, асарҳое буданд, ки ба фарҳанг, маданият ва урфу одатҳои халқи тоҷик нисбат доштанд”, - шарҳ доданд аз вазорат.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳамаи асарҳои харидоришуда мусаввараи рассомони касбӣ будаанд. Баъзе асарҳои донишҷӯён низ ба комиссия пешниҳод шуда буданд, вале бинобар сабаби касбӣ набуданашон харидорӣ нагардиданд.
Хариди асарҳои рассомӣ дар Тоҷикистон ҳамасола пеш аз ҷамъбасти сол доир мегардад. Ҳадаф аз таъсиси Комиссияи мазкур ва маъракаи хариди асарҳои рассомӣ дастгирии рассомон ва қадршиносии ҳунари асил арзёбӣ мешавад.
Мусаввирони Тоҷикистон дар ҳама жанрҳои санъати тасвирӣ асарҳо офаридаанд, ки аксари онҳо дар хазинаи Осорхонаи миллӣ маҳфузанд. Дар фонди Осорхонаи миллӣ зиёда аз 3 ҳазор мусаввара дар жанрҳои гуногуни санъати тасвирӣ ҳифзу нигоҳдорӣ мешаванд.
Додрас ба хонаи машваратӣ рафт. Гумонбарони парвандаи “табаддулоти давлатӣ” суханони охирини худро гуфтанд
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба ҷойи Рустам Назарзода. Раиси нави КҲФ кист ва роҳбари пешини он бо кадом иқдомаш дар хотирҳо монд?
Гирифторӣ ба бемории зардпарвин дар Суғд зиёд шудааст
Ба хонаводаи қурбониёни кони “Фон-Яғноб” чӣ қадар ҷубронпулӣ пардохт мешавад?
Рустам Мирзозода - додрасе, ки ба вазифаи раиси Додгоҳи олӣ пешниҳод шуд, кист?
Дар пайи вокуниши ҷомеаи Русия. Бастрикин хост, тақдими хона ба як оилаи тоҷикро санҷанд
Аз форуму фестивал то консерт ва бузкашӣ. Имсол Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд?
FSD - аз ҷониби Фонди PATRIP маблағгузорӣ мешавад
Боздошт ва 15 сол ҳабси роҳбари як гуруҳи ҷиноятӣ дар Ҷайҳун баъди 26-сол
Кӯдакони тоҷик пас аз ҷарроҳии дил дар Чин ба ватан баргаштанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста