Дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд ва шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маблағи 13,5 миллион сомонӣ нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия сохта мешавад. Пули ин нерӯгоҳҳо аз ҷониби Институти рушди технологияи Кореяи Ҷанубӣ ҳамчун грант ҷудо шудааст.
Дар Вазорати энергетика ва зихараҳои об ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки созишнома дар хусуси бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия аз ҷониби Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Лим Бюнг, директори Институти рушди технологияи Корея рӯзи 9-уми декабр, дар Душанбе ба имзо расид.
Тибқи созишномаи мазкур, дар шаҳрҳои Исфара ва Хоруғ бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 3 МВт ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия бо қувваи 0,5 МВт/с ба нақша гирифта шудааст.
Дар вазорат гуфтанд, ки барои бунёди нерӯгоҳҳои офтобӣ ва дастгоҳҳои захиракунандаи энергия аз ҷониби Корея маблағи грантӣ ба андозаи 13,5 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст.
“Мувофиқи созишнома дар шаҳри Хоруғ соли 2025 нерӯгоҳи офтобӣ ва дастгоҳи захиракунандаи энергия бунёд мешавад. Дар шаҳри Исфара аз рӯйи нақша нерӯгоҳ ва дастгоҳи захиракунандаи энергия соли 2026 сохта мешавад”, - гуфтанд дар вазорати энергетика.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи ин барнома таъмини беҳтари сокинони ин вилоятҳо бо қувваи барқ, бахусус дар фасли тирамоҳу зимистон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан корпоратсияи China Datang-и Чин сохтмони неругоҳи офтобиро дар вилояти Суғди Тоҷикистон бо иқтидори 500 мегаватт ба уҳда гирифт.
Қобили зикр аст, ки вилояти Суғд аз лиҳози таъминот бо барқ ба иқтидорҳои барқӣ дар қисмати марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ вобастагии зиёд дорад. Ягона неругоҳи барқи обии амалкунанда дар минтақа НБО “Қайроққум” мебошад, ки иқтидораш 126 мегаваттро ташкил медиҳад. Ба аҳолии ин вилоят дар фасли зимистон бо маҳдудият барқ интиқол меёбад.




Дар Душанбе куҷо метавон ҳуҷҷатро ба таври расмӣ тасдиқ кард? Маълумот дар бораи идораҳои нотариалии пойтахт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2026
Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста