Шуруъ, аз 1-уми феврали соли равон Арабистони Саудӣ барои ҳамаи мусофироне, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, гувоҳномаи эмгузаронӣ бар зидди бемории илтиҳоби пардаҳои майна ё менингит талаб мекунад.
Дар ин бора Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дода, навиштааст, ки ин талабот ба ҳамаи мусофирони аз 2-сола боло, аз ҷумла ба зоироне, ки барои адои Ҳаҷ ва Умра ба Арабистони Саудӣ мераванд, дахл дорад.
Ба гуфтаи манбаъ, мусофирон бояд ваксинаи чорҷузъии “Neisseria” гиранд ва гувоҳномаи эмгузарониро то 10 рӯз пеш аз сафар ба даст оварданд.
Гуфта мешавад, ки ин тадбир барои таъмини бехатарии саломатӣ ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷорӣ шудааст.
Илтиҳоби пардаҳои майна (менингит) - бемории илтиҳоби пардаҳои мағзи сар ва ҳароммағз мебошад. Менингит метавонад боиси фавт гардад ва табобати фавриро талаб мекунад. Бактерияҳо, вирусҳо, замбӯруғҳо ва паразитҳои гуногун метавонанд омили ин беморӣ бошанд. Аксари вақт он метавонад аз як шахс ба шахси дигар сироят кунад. Ба ин беморӣ шахсони синну соли гуногун метавонанд мубтало шаванд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо нафар барои адои Ҳаҷи фарзӣ ва Умра ба Арабистони Саудӣ мераванд. Мусулмонон ҳаҷҷи фарзиро дар арафаи иди Қурбон анҷом медиҳанд ва он бештар аз 1 моҳ идома мекунад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 Арабистони Саудӣ барои сокинони Тоҷикистон 7 ҳазор квота барои адои Ҳаҷи фарзӣ ҷудо карда буд. Ҳамчунин, соли 2024 се нафар сокини кишвар дар пайи гармии ҳаво дар Арабистони Саудӣ ҷон бохта буданд.
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста