Дар Душанбе барои бори аввал роҳи алоҳидаи дучархаронӣ сохта мешавад, ки он аз роҳи мошингард ва пиёдагард ҷудо хоҳад буд. Дар ин бора ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарии шаҳрдории Душанбе ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, роҳи алоҳидаи дучархаронӣ дар роҳи кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров, ки аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ (маҳаллаи Мясокомбинат) азнавсозӣ шуда истодааст, бунёд мешавад. Паҳноии роҳи алоҳидаи дучархасаворӣ ҳадди ақалл 1,5 метр дар назар гирифта шудааст.
Дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон дақиқ нагуфтанд, ки ин роҳ кай мавриди истифода қарор мегирад. Вале қаблан мақомот гуфта буданд, бозсозии кӯчаи Абдулаҳад Каҳҳоров, ки моҳи марти соли 2023 оғоз шуда буд, дар давоми 2,5 сол анҷом меёбад. Қаблан хабар дода шуда буд, дарозии роҳи кӯчаи Каҳҳоров, ки навсозӣ мешавад, 6,6 километрро ташкил хоҳад дод.
Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали раиси шаҳри Душабе дар нишасти матбуотӣ таъкид кард, дар оянда чунин роҳравҳо дар дигар кӯчаҳои шаҳр низ дар нақша гирифта шудаанд.
Вале гуфт, барои сохтани роҳҳои бехатари дучархаронӣ бозсозии пурраи роҳҳо зарур аст.

“Барои сохтани роҳҳои дучархаронӣ дар роҳҳои шаҳр бояд бозсозии ҳамаҷониба анҷом дода шавад, зеро инфрасохтори мавҷуда имкон намедиҳад, ки роҳҳои дучархаронӣ бехатар сохта шаванд”, - зикр кард ӯ.
Вале ӯ шарҳ надод, ки барои чӣ дар роҳҳои ҳозира ин имкон вуҷуд надорад.
Ҳоло дар Душанбе роҳи алоҳидаи дучархасаворӣ вуҷуд надорад. Барои ҳамин дучархасаворон ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингард бо мушкилоти амниятӣ рӯбарӯ мешаванд.
Зарурати бунёди роҳҳои алоҳидаи дучархаронӣ дар Душанбе солҳост баррасӣ мешавад, аммо амалан дар ин самт то ҳол қадамҳои ҷиддӣ гузошта нашудаанд.
Коршиноон яке аз роҳҳои пешгирии танбашавиро бунёди роҳҳои ҷудогонаи дучархасаворӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, дучарха метавонад як ҷойгузини хубе барои сафарҳои кӯтоҳ бошад, шумораи мошинҳоро дар роҳҳо камтар кунад ва боиси беҳтар шудани вазъи экологии шаҳр ҳам шавад.
Чӣ гуна тағйир ёфтани симои ва роҳи кӯчаи Қаҳҳоровро дар ин маводи мо бубинед.
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2025
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Қадам ба қафо. Қатъи фаъолияти USAID ба бахши кишоварзии Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2025
Афви зиндониён. Имрӯз 697 нафари дигар аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд.
Як сол баъди ҳамла ба “Крокус”. Пайвандони 4 гумонбари асосӣ дар чӣ ҳоланд ва дар бораи фарзандонашон чӣ медонанд?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Афви тақрибан 900 зиндонӣ. Аллакай, 200 кас аз зиндонҳои Тоҷикистон озод шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста