Соли гузашта додгоҳҳои Русия теъдоди рекордии хориҷиён - қариб 90 ҳазор нафарро иҷборан ихроҷ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба Дмитрий Арестов, директори Хадамоти федералии судиҷрочиёни Русия хабар додааст.
“Соли 2024 зиёда аз 87 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз ҳудуди Русия ба 66 кишвари хориҷӣ ихроҷ карда шуданд, ки қариб 2 баробар зиёдтар нисбат ба соли 2023 (он замон 44 ҳазор нафар ба 60 кишвар) аст”, - гуфтааст ӯ.
Қисми зиёди хориҷиён маҷбурӣ ва аксаран ба кишварҳои ИДМ Озарбойҷон, Беларус, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ихроҷ шудаанд. Илова бар ин, қисме ба Куба, Ветнам, Судон, Чин, Миср ва дигар кишварҳо ихроҷ шудаанд.
Дар Хадамот аз як маврид мисол овардаанд, ки дар он 6 зани шаҳрванди Нигерия, ки ба фоҳишагӣ машғул буданд, аз вилоятҳои Свердловск, Саратов ва Тюмен хориҷ карда шуданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар соли гузашта иҷрочиёни додгоҳҳо аз Маскав 18 ҳазор, аз Санкт-Петербург - 8 ҳазор, аз вилояти Маскав - 5,2 ҳазор ва аз минтақаи Краснодар - 2,2 ҳазор хориҷиро ихроҷ кардаанд.
Додситони кулли Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 14 феврал дар Душанбе изҳор намуд, ки теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки соли гузашта аз Русия ихроҷ шудаанд, то 30 ҳазор нафар расид. Мавридҳои хеле зиёд шудани ихроҷ пас аз амали террористӣ дар “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 марти соли 2024 оғоз шуд.
Зебинисо Рустамова: Бигзор мансабдор президенти федератсия шавад, агар муовинаш варзишгари касбӣ бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 марти соли 2025
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста