Як соҳибкори маҳҳаллӣ аз шаҳри Конибодом 10 хонаи истиқомати сохта, аз номи президенти Тоҷикистон ба оилаҳои камбизоат ва эҳтиёҷманд тақдим кардааст. Калиди хонаҳоро дирӯз, 18-уми феврал Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом ба соҳибонашон супориданд.
Дар ин бора Дилшодҷон Холматов, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии шаҳри Конибодом ба “Азия-Плюс” хабар дод.
Дар хабарномае, ки дар ин бора ҳукумати вилояти Суғд нашр кардааст, омадааст, “аснои суҳбат бо сокинон роҳбари вилоят онҳоро барои соҳиб шудан ба хонаҳои нав табрик карда, иброз дошт, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат қишри осебпазири ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд.”
Манбаъи мо аз ин соҳибкор Акмалҷон Шокиров, роҳбари ширкати “Мерос” ном бурд, ки 5 оилаи пешқадами ширкати мазкур ва 5 оилаи ниёзманд хона тақдим кард. Худи ӯ низ зимни тақдими хонаҳо ҳузур дошт.
Дилшодҷон Холматов гуфт, ин соҳибкори маҳаллӣ қаблан низ ба 8 оилаи ниёзманд хона тақдим карда буд, вале он замон нахост, ин иқдомаш расонаӣ шавад.
Қаблан, низ дар бораи сохтмону ба оилаҳои камбизоат тақдим крадани хонаҳо расонаӣ шуда буд. Вале аксаран дастгоҳи таблиғотии бархе ниҳодҳо ва роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо хонаҳое, ки сохта ба тақдим мешаванд, кушиш мекунанд ба номи роҳбари худ муаррифӣ кунанд.
Моҳи бахшиши гуноҳҳо. Далелҳои ҷолиб дар бораи моҳи шарифи Рамазон
Шаби 26 - 27-уми март “Шаби қадр” аст
Садҳо овозхону ҳунарпеша аз Ӯзбекистону Қирғизистон дар ҷашни асосии Наврӯзи Тоҷикистон ширкат мекунанд
Таъсиси “Фонди тақсими фоида” аз фурӯши нерӯи барқи “Роғун”
Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирон хостанд, ҳузурашон дар Русияро қонунӣ гардонанд ва пеш аз сафар аз санҷиш гузаранд
Кӯдакони муҳоҷирони тоҷик чӣ гуна ба мактабҳои Русия қабул карда мешаванд?
Амрико 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Сироҷиддин Ҳаққониро бекор кард
Қирғизистон Шартномаи марз бо Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи роҳ ва чорроҳаҳоро ба тасвиб расонид
Ҷоми Осиё-2027. Тоҷикистон марҳилаи интихобиро бо пирӯзӣ оғоз кард
Барои афзоиши истеҳсоли гӯшту тухм ва асалу моҳӣ 133 млн сомонӣ ҷудо мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста