Нахустнамоиши филми “Пайроҳаи хашм” (Тропа гнева), ки аз ҷониби “Тоҷикфилм” ва киностудияи “Лендок”-и Санкт-Петербург таҳия шудааст, тирамоҳи соли ҷорӣ дар чаҳорчӯби ҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” дар Душанбе намоиш дода мешавад.  Дар ин бора Маҳмадсаид Шоҳиён, директори “Тоҷикфилм” дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Наворбардории филми муштараки Тоҷикистону Русия охири соли 2024 ба анҷом расидааст

“Ин филм пурра дар Тоҷикистон ба навор бардошта шуд ва ба итмом расид.  Дар тӯли 45 рӯз бо як гурӯҳи 60-нафара дар кишвар буданд. Мушкилоти зиёде буд, аммо ҷавонони мо бо онҳо ҳамкорӣ карданд ва филм ба навор гирифта шуд”, - иброз дошт Маҳмадсаид Шоҳиён.

Директори “Тоҷикфилм” иттилоъ дод, ки ҷониби Тоҷикистон барои таҳияи филми мазкур беш аз 2 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Маҳмадсаид Шоҳиён
Акс аз Asia-Plus

“Дар аввал унвони филм “Сукут дар кӯҳистон” буд, аммо дар ҷараёни таҳия онҳо тасмим гирифтаанд, онро ба “Пайраҳаи хашм” иваз кунанд. Мо дар ин сол 4 муаллифони сенария ва 3 коргардонро иваз кардем ва сабти филм зери муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифт”,- иброз дошт Маҳмадсаид Шоҳиён.

 

Филм дар кадом минтақаҳо сабт шуд?

Фирдавс Амирзода, як масъули “Тоҷикфилм” имрӯз, 27-уми феврал дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, “Пайроҳаи хашм” дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ҳисор, Норак, Варзоб, деҳаи Зиде, дараи Ромит ва дар роҳи Норак-Данғара сабт шудааст.

Артём Ткаченко, як аз ҳунармандони шинохтаи рус зимни банаворгирии филм
Акс аз саҳифаи инстгармаи Артём Ткаченко

Ӯ гуфт, дар филм чанд воқеа дар Афғонистон инъикос меёбанд, аммо барои филмбардорӣ ба ин кишвар нарафтаанд ва баъзе минтақаҳои Тоҷикистонро “декор” карда тавре нишон доданд, ки гӯё Афғонистон аст.

“Самти Ваҳдат ва дараи Ромит, ки кӯҳсор аст барои наворбардорӣ интихоб кардем ва саҳнаҳое, ки гӯё дар кишвари Афғонистон сабт шудаанд бардошта шудааст. Саҳнаҳои суқут кардани ҳавопаймо дар минтақаи Фахробод сабт шуданд”,-гуфт ӯ.

 

Муҳтавои филм

Қандил Тоиров, ҳунарманде, ки дар филми мазкур нақш бозидааст дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки дар ин филм ҳудуди 30 ҳунарманди тоҷик, ки бештарашон ҷавонон ҳастанд нақш офариданд. Ӯ гуфт, ки ҳунармандони тоҷик нақши дуюм ва севвумро дар ин филм доштанд.

Дар нақшҳои асосӣ ҳунарпешаҳои рус мисли Артём Ткаченко, Анфиса Черних, Максим Дрозд, Павел Чинарев, Екатерина Стеблина, Алёна Бабенко, Сослан Фидаров нақш меофаранд. 

Ҳамчунин, дар он ҳунарпешаҳои тоҷик Зулфия Содиқова, Нурулло Абдуллозода, Аъзам Амдамбеков, Аъзам Розиқ, Шоҳиён Пиров, Суҳроб Нуров, Амина Ҳафизова, Муҳаммад Хӯҷаев нақш меофаранд.

Ба гуфтаи ин ҳунарманд моҳияти филм баёнкунандаи дӯстии як тоҷик бо як рус мебошад, ки давраи сарбозиашон якҷоя дар Афғонистон гузаштааст. Онҳо солҳо бо ҳам дӯст мондаанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба якдигар кӯмак мекардаанд.

Ёдрас мешавем, ки наворбардории филми “Пайроҳаи хашм” моҳи ноябри соли 2024 шуруъ шуда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.