Аз рӯйи анъана, имсол низ “Азия-Плюс” дар арафаи Рӯзи модарон иқдоми солонаи худ - “Модарони мо” - ро баргузор кард. Давоми рӯз автобуси идонаи мо бонувону модаронро ройгон бурд ва ба онҳо туҳфаҳо низ тақдим гардид. Имрӯз, 7-уми март ба бонувон зиёда аз 700 туҳфа аз шарикон тақдим шуд.
Имсол низ “Азия-Плюс” ин маъракаи зеборо дар якҷоягӣ бо ширкати “Оби Зулол” ва бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе амалӣ кард. Ҳамчунин, моро дар ин иқдом шариконамон - ширкати “Артел”, Бонки амонтагузории Тоҷикистон "Амонатбонк" ва ширкати “Покиза” дастгирӣ карданд.
“Азия-Плюс” аллакай бори ҳаштум аст ин ин иқдомро мегузаронад. Ин аст, ки сокинону меҳмонони пойтахт ҳар бор автобуси моро пешакӣ дар истгоҳҳо интизор мешаванд. Соли равон низ чунин шуд. Автобуси мо аллакай аз истгоҳи якум - “Истгоҳи роҳи оҳан” пур аз меҳмон буд.
Эҳсоси ҳаяҷон, шодиву хандаҳои самимӣ ва садои мусиқиву замзамаи сурудҳои сарояндагони маъруф ҳамсафари саёҳати имрӯзаи мо буданд. Барои офаридани ин фазои дилнишин, бо мо сарояндаҳои номдор Собир Аминов, Чоршанбе Аловатов ва Ҷаҳонгир Зарипов кӯмак карданд.
Шодиву хандаҳои самимии модарон барои мо илҳому фараҳи нав бахшид. Мо итминон дорем, ки чунин анъанаҳои нек идома меёбанд ва он ҳамасола ба бонувони тоҷик хушҳолӣ мебахшад.
“Ангеза ва тамоюли динӣ надоштанд”. Чаро мақомоти амнияти Русия се муҳоҷири ҷавони тоҷикро ба қатл расониданд?
“Бани одам аъзои якдигаранд...”. Таҷлили Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ дар сафорати Эрон дар Душанбе
Мусодираи таппончаҳо ва норинҷаки таълимӣ. Боздошти падару писар дар пайи муноқиша бо кормандони пулис
Эълони тамдиди муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия
Музокироти Эрону Амрико бар сари барномаи ҳастаӣ. Созиш ё ҷанг?
450 шатранҷбоз аз 13 кишвар. Гузориш аз мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷ дар Душанбе
“Наям ман сустимони сабукбор!”. Ёде аз муаллим ва шоир Бобониёз Надиров
Аз роҳбари БДА то сардори милитсияи Конибодому Шоҳ Искандар. Сардорони чанд раёсати калидӣ ва шуъбаҳои ВКД дар минтақаҳо нав шуданд
Сел роҳҳоро баст ва шамол шифти хонаро барканд. Зарари офатҳои табиии 24 соати охир дар ВМКБ
Ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Попи Рум Франсиск
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста