То 16 ҳазор сомонӣ зиёд шудани нархи нобудсозӣ ё “утилизатсия”-и воситаҳои нақлиёт танҳо ба мошинҳое дахл дорад, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд.

Чанде пеш ба дасти “Азия-Плюс” нусхаи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 26-уми феврали соли 2024 афтод, ки тибқи он нархи нобудсозии нақлиёт аз 3 то беш аз 16 ҳазор сомонӣ боло меравад.

Он замон ниҳодҳои дахлдор вуҷуди ин қарорро тасдиқ ё рад накарданд, вале як манбаи огоҳ аз вазъ ба “Азия-Плюс” гуфт, воқеан дар робита ба пардохт барои нобудсозии нақлиёт қарор қабул шуда, барои корбарӣ ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол гардидааст.

Аз ҷумла, дар замимаи ин қарор зикр мешавад, ки меъёри пардохт барои нобудсозӣ ё “утилизатсия”-и воситаҳои нақлиёте, ки ба ҳудуди гумрукии Тоҷикистон ворид мегардад, иваз мешавад.

Дар он ба таври мушаххас намуди воситаҳои нақлиёт ва ҳаҷми пардохт бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо ишора “меъёрҳои пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилии ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда” дарҷ шудааст.

Қарор 26-уми феврали соли ҷорӣ таҳти №96 имзо шудааст ва он баъди 1 моҳи нашри расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

Дар ҳамин ҳол, дар махзани ягонаи иттилоотӣ ва ҳуқуқии Вазорати адлия қарори дигаре дар бораи нобудсозии нақлиёт нашр шудааст, ки тибқи он Хадамоти гумрук минбаъд аз воситаҳои нақлиёти автомобилии ба ҳудуди Тоҷикистон воридшаванда маблағи нобудсозиро ба таври ғайринақдӣ меситонад.

Нусхаи замима ба қарор, ки гуфта мешавад нархи нобудсозии нақлиёти воридшаванда ба Тоҷикистон зиёд шудааст
Акс аз хонандагони "Азия-Плюс"

Ҳамчунин дар ин қарор гуфта мешавад, ки мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) аз воситаҳои нақлиёти автомобилии дар ҳудуди Тоҷикистон қарордошта ҳангоми гузаронидан аз муоинаи техникӣ маблағи нобудсозиро меситонад.

Яъне аз нақлиёте, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мешавад, Хадамоти гумрук бо нархҳои нав, яъне аз 375 сомонӣ то беш аз 16 ҳазор сомонӣ вобаста ба навъи мошин ва аз нақлиёте, ки дар дохили кишвар қарор дорад, БДА бо нархи муайяншудаи пешина, яъне аз 375 сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ вобаст ба навъи автомобил барои нобдусозӣ маблағ меситонанд.

Мақомот то ҳол масъаларо шарҳ намедиҳанд. Аз ҷумла, дар Хадамоти гумруки кишвар имрӯз, 11-уми март, аз шарҳи ин масъала худдорӣ карданд.

Ҳамин тариқ, аз мошинҳои ба ҳудуди Тоҷикистон воридшаванда Хадамоти гумрук ба ҳаҷми зерин вобаста аз навъи воситаи нақлиёт маблағ барои нобдусозии мошин меситонад:

- барои мотосиклҳо, мопедҳо, мотороплерҳо –5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (375 сомонӣ);

- Ядакҳо, нимядакҳо – 45 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3 375 сомонӣ);

- барои тракторҳо, тракторҳои боркаш – 72 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (5400 сомонӣ);

- барои мошинҳои сабукрав ва нақлиёте, ки аз 10 одам бештар мекашонанд, аз ҷумла автобус ва троллейбусҳо  – 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16200 сомонӣ);

- барои автомобилҳои сабукрав ва воситаи нақлиёти дигар, ки асосан барои ҳамлу нақли одамон пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла микроавтобусҳо ва мошинҳои пойга  – 144 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (10800 сомонӣ);

- барои воситаи нақлиёти автомобилӣ, ки барои интиқоли мол, аз ҷумла самосвалҳо, автофургонҳо – 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16200 сомонӣ);

- барои воситаҳои нақлиёти таъиноти махсус, аз ҷумла автокранҳо, мошинҳои сӯхторхомушкунӣ, бетономехтакунҳо, мошинҳои пармакунии автоматӣ, мошинҳои роҳтозакунӣ, мошинҳон обшӯй, устохонаҳои таъмири автомобилҳо, мошинҳои дорои таҷҳизоти рентгенӣ – 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16 200 сомонӣ);

- барои мошинҳои худгарди дорои таъиноти саноатӣ, ки дар коргоҳҳо, анбор, бандарҳо ё фурудгоҳҳо барои кашонидани бор ба масофаҳои кутоҳ истифода мешаванд, аз ҷумла тракторҳое, ки дар платформаҳои стансияҳои роҳи оҳан истифода мешаванд – 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16 200 сомонӣ);

- барои мошинҳои борбардор, мошинҳои борбардор бо борқапи шохагӣ – 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16 200 сомонӣ);

- барои булдозерҳо, грейдерҳо, экскаваторҳо, ҳамворгардонҳо, мошинҳои шиббакунӣ – 216 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (16 200 сомонӣ).

Акси марбут
Акс аз CABAR.asia

Ҳамчунин, соҳибони воситаи нақлиёти дар кишвар қарордошта чун пешина ба ҳаҷми зерин маблағи нобудсозиро ба БДА пардохт мекунад:

- барои соҳибони мототсиклҳо пардохти ҳатмӣ барои нобудсозӣ 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (375 сомонӣ);

- барои мошинҳои сабукрав ва нақлиёте, ки аз 10 одам бештар мекашонанд, 22 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1650 сомонӣ);

- барои камаз, кранҳо ё воситаҳои нақлиёти гаронвазн 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (3000 сомонӣ).

Бояд гуфт, аввали моҳи феврали соли ҷорӣ овозаҳо дар мавриди гарон шудани пардохти маблағ барои нобудсозии мошин боиси нигаронии сокинони кишвар гардид. Аммо он замони аз БДА ба “Азия-Плюс” овозаҳоро беасос хонда буданд. Танҳо гуфта буданд, ки эҳтимол ҷамъоварии маблағ ба уҳдаи Хадамоти гумрук гузарад.

Ёдрас мешавем, ки 26-уми декабри соли 2023 парлумони Тоҷикистон дар як ҷаласаи худ тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро қабул кард, ки дар асоси он супоридани маблағ барои нобудсозии нақлиёт ҳатмӣ шуд.

Танҳо дар як сол аз ин ҳисоб ба буҷети кишвар 1,7 млрд сомонӣ маблағ ворид гардид. Вале то ҳол барои нобудсозии нақлиёт дар кишвар маёдон ё полигон сохта нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.