Имрӯз дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда шуд ва дар он аҳли қалам бо як қатор ҷоизаву мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд. Чорабинии Рӯзи матбуот имсол дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Пас аз қироати матни табрикот аз ҷониби масъулини мақомоти расмӣ ва барномаи консертӣ, чун анъана чанде аз намояндагони расонаҳои кишвар бо мукофоту сипосномаҳои вазорату идораҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар охир ба 9 рӯзноманигор аз рӯйи 4 бахш ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ супорида шуд.

 

Asia-Plus

Дар бахши матбуот:

- Латофат Кенҷаева, собиқадори матбуот, директори маҷаллаи "Истиқбол";

- Ӯрун Калонов, корманди рӯзномаи "Садои мардум";

- Шодӣ Малахов, корманди нашрияи "Омӯзгор";

- Сироҷиддин Иззатуллоев, сармуҳаррири "Время и денги";

- Музаффари Имом, муовини сармуҳаррири нашрияи “Шаҳриёр”.

 

Дар бахши телевизион:

- Луъбат Ризоева, корманди ТВ "Тоҷикистон";

- Шералӣ Саидов, корманди ТВ “Хатлон”.

 

Дар бахши радио:

- Зарангез Гирдакова, корманди радиои "Овози тоҷик".

 

Дар бахши пажӯҳиши илмӣ:

- Абдуҳалим Раҳимов, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия.

 

Asia-Plus

Инчунин, дар ин чорабинӣ ба рӯзноманигорон нишонҳои сарисинагии Аълочии фарҳанг ва Аълочии маориф, ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи Воҳид Асрорӣ ва ба расонаҳо сипосномаи Вазорати фарҳанг тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11-уми март нахустин рӯзномаи тоҷикӣ “Бухорои шариф” аз чоп баромад ва сар аз соли 1995 дар Тоҷикистон ин рӯзро ҳамчун Рӯзи матбуотӣ тоҷик ҳамсола таҷлил мекунанд.

Имсол Рӯзи матбуоти тоҷик дар ҳоле таҷлил мегардад, ки наздики даҳ рӯзноманигори тоҷик бо ҳукмҳои паси дарҳои баста содиршуда ба муҳлатҳои аз 7 то 10 сол дар зиндонанд. Вазъи озодии сухан ва матбуот ҳам дар кишвар  аз ҷониби созмонҳои мудофеи озодии сухану ҳуқуқи рӯзноманигорон пайваста интиқод мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.