Имрӯз, 11-уми март яке аз чеҳраҳои намоёни сиёсату дипломатияи Тоҷикистон – Сироҷиддин Насриддинов 85-сола мешавад. Шахсе, ки роҳеро аз як иқтисодчии ҷавон то мақоми аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия ва намояндаи доимии ҳукумати ҷумҳурӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ тай карда, дар саҳнаи сиёсату дипломатияи кишвар нақши муҳим бозид.
Аз солҳои аввали фаъолияти меҳнатиаш ӯро ҳамчун шахси масъулиятшинос, роҳбари боирода ва сиёсатмадори ояндабин мешинохтанд. Аз иқтисодчии ҷавон то раҳбари ҳизбӣ, аз намояндаи доимии Тоҷикистон дар Маскав то аввалин сафири кишвар дар Русия - ӯ мегӯяд, дар тамоми марҳилаҳои фаъолияти худ талош кардааст, ки барои ҳимояи манфиати давлат ва халқаш сами худро гузорад.
“Хидмат ба давлат ва миллат – шараф ва масъулияти бузург аст. Ман тамоми умр кӯшидам, ки дар ҳама мақоме, ки будам, манфиати Тоҷикистонро ҳимоя кунам”, - мегӯяд худи Сироҷиддин Насриддинов.
Қадамҳои нахустини роҳбари ҷавон
Сироҷиддин Насриддинов соли 1940 дар Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1963, пас аз хатми факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ӯ фаъолияти худро дар Корхонаи бофандагии Душанбе оғоз кард. Бо вуҷуди ҷавонӣ, ӯ зуд қобилияти ташкилотчигии худро нишон дода, ба ҳайси иқтисодчӣ ва баъдан ҳамчун котиби кумитаи комсомоли корхона фаъолият намуд.
“Кор бо ҷавонон ба ман нишон дод, ки раҳбар будан на танҳо масъулият, балки санҷиши доимии хислат ва қобилият аст. Ту бояд ҳамеша як қадам пеш бошӣ, нақша дошта бошӣ, барои дастгирии кормандон омода бошӣ”, - иброз медорад қаҳрамони мо.
Воқеан, маҳз ҳамин гуна хислат ӯро ба сохтори комсомол ва сипас ба вазифаҳои баланди давлатӣ бурд.
Фаъолият дар КМ Тоҷикистон
Пас аз чанд соли кор дар соҳаи иқтисодӣ ва ҷавонон, соли 1969 ӯро котиби якуми кумитаи шаҳрии комсомоли Душанбе интихоб карданд. Баъдан, дар соли 1972 ӯ ба ҳайси котиби Кумитаи Марказии ЛКСМ Тоҷикистон таъин шуд, ки дар ин мақом то соли 1975 кор кард.
Ӯ мегӯяд, “ҷавонон ояндаи давлатанд, аммо барои он ки онҳо нерӯ ва иқтидори худро дуруст истифода баранд, ба роҳнамоии дуруст ва имкониятҳои воқеӣ ниёз доранд. Ман ҳам ҳамеша талош мекардам, ки ҷавононро дастгирӣ кунам”.

Дар ин давра, ӯ дар ташкили чорабиниҳои сиёсӣ, маъракаҳои ватандӯстӣ ва мусобиқаҳои байналмилалии ҷавонон иштирок намуда, робитаҳои ҷавонони Тоҷикистонро бо ҷавонони дигар кишварҳо тақвият бахшидааст.
Пас аз комёбиҳо дар соҳаи ҷавонон, аз соли 1977 то 1984 Насриддинов ба Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон гузашт ва дар шуъбаи робитаҳои хориҷӣ ва сиёсати кадрӣ ба фаъолият оғоз кард.
“Дар сохтори ҳизбӣ кор кардан беш аз пеш масъулият талаб мекард, ман ҳамеша кӯшиш кардам, ки ба халқу ватанам хизмат кунам”, - мегӯяд Насриддинов.
Роҳ ба дипломатия – намояндаи доимии Тоҷикистон дар СССР
Ин ҳама саъю коркуштагӣ Сироҷиддин Насриддиновро хуб муаррифӣ кард ва соли 1984 ӯ намояндаи доимии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар назди Шӯрои Вазирони ИҶШС таъин гардид.
Ин мақоми бонуфуз ӯро дар сатҳи сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ ворид кард, ки дар он ҷо ӯ вобаста ба масъалаҳои иқтисодӣ, ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва рушди Тоҷикистон дар СССР фаъолона кор мекард.
“Тоҷикистон як ҷузъи муҳими Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва ман ҳамеша кӯшиш мекардам, ки ҳангоми қабули қарорҳо манфиатҳои ҷумҳурӣ ҳифз шаванд”, - таъкид мекунад Сироҷиддин Насриддинов.
Дар ин вазифа, ӯ бо мақомоти баланди давлатӣ дар Маскав ва раҳбарони дигар ҷумҳуриҳо ҳамкорӣ намуда, масъалаҳои сармоягузорӣ ва рушди инфрасохтори Тоҷикистонро пеш мебурд.
Аввалин сафири Тоҷикистон дар Русия
Бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон, соли 1992 Сироҷиддин Насриддинов аввалин сафири кишвар дар Русия таъин шуд.
“Ман хеле хуб дарк мекардам, ки Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлолият ба муносибатҳои устувори байналмилалӣ эҳтиёҷ дошт. Ва барои ин мо бояд ҳама нерӯямонро сарф мекардем”, - мегӯяд қаҳрамони мо.
Ба қавли ӯ, сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар ибтидои солҳои 90-ум бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ буд, аз ҷумла:
- Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки дипломатияи кишварро заиф карда буд.
- Муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки мақоми ҳуқуқии онҳо номуайян буд.
- Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Русия, ки барои рушди кишвар аҳамияти муҳим доштанд.
Дар чунин вазъият, Насриддинов бо масъулиятшиносӣ роҳбарии намояндагии дипломатии Тоҷикистонро бар уҳда гирифт.
“Мо бояд муносибатҳои Тоҷикистону Русияро на танҳо ҳамчун иттифоқчиёни собиқи шӯравӣ, балки ҳамчун ду давлати мустақил ва баробарҳуқуқ бунёд мекардем”, - ёд меорад аз замони сафириаш Насриддинов.
Ба гуфтаи худаш, дар замони сафириаш Русия расман Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол эътироф кард, равобити дипломатӣ тақвият ёфт, ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мешуд ва сафорат дар беҳбудии шароити зиндагии онҳо мусоидат мекард. Ғайр аз ин, дар ин давра робитаҳои иқтисодӣ ва ҷалби кӯмакҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон тақвият ёфтаанд.

Қадршиносии Сироҷиддин Насриддинов
Барои хидматҳои шоёнаш ба давлат, Сироҷиддин Насриддинов бо ордени “Дӯстии халқҳо”-и Ҷумҳурии Афғонистон, ордени “Нишони фахрӣ” ва якчанд медалҳои давлатӣ қадрдонӣ шудааст.
“Мукофот муҳим нест, муҳим он аст, ки ман тавонистам барои рушди давлати худ саҳм гузорам. Ин беҳтарин қадрдонист”, - мегӯяд Насриддинов.
Сироҷиддин Насриддинов шахсияти нодире буд, ки дар тамоми марҳилаҳои сиёсӣ ва дипломатии Тоҷикистон нақши бузург бозидааст. Ӯ на танҳо дар арсаи сиёсӣ, балки ҳамчун устоди маънавӣ ва роҳнамои ҷавонон, ҳамчун намунаи шахсияти дипломатии тоҷик, боқӣ хоҳад монд.
Дар таърихи Тоҷикистон ӯро ҳамчун шахсе мешиносанд, ки заминаи дипломатияи мустақили кишварро гузошт, равобити Тоҷикистон бо Русияро мустаҳкам кард ва дар солҳои душвори гузариш манфиати давлатро ҳимоя намуд.
“Шарафи бузург дар он аст, ки вақте ба гузашта менигарӣ, мебинӣ, ки бо кори ту кишвар як қадам ба пеш рафтааст. Ҳар роҳе, ки ман тай кардам, ба як ҳадаф буд – хизмати содиқона ба Тоҷикистон!”, - ин гуфтаи Насриддинов беҳтарин хулосаи зиндагиномаи ӯст.
Футзалбозоне, ки аз бозӣ дар тими мунтахаб даст мекашанд, чӣ интизор аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Дардҳои гиреҳхӯрда” қисми 7
То ки ҳама фурсат ёбанд. Муҳлати қонунигардонии будубоши муҳоҷирон дар Русия тамдид шуд
Як шабонарӯз интиқоли оби нӯшокӣ дар баъзе кӯчаву маҳаллаҳои Душанбе қатъ мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 апрели соли 2025
Оғози мавсими саёҳати дохилӣ. Рӯзноманигорону блогерон ба кашфи ганҷинаҳои Тоҷикистон рафтанд
Ҳаҷвнигоре, ки ханда дар лаб даргузашт. Ёдномаи Қиёмиддин Чақалов, ки имрӯз 80-сола шуд
Путин оташбаси серӯза эълон кард. Ин дафъа ба муносибати Рӯзи Ғалаба
Баъди мулоқоти Тошиев бо сафири Русия, муттаҳамони парвандаи "ҷалби зархаридон” аз боздоштгоҳ раҳо шудаанд
Барои истифодаи нодурусти барқу гармӣ ҳам ҷарима пешбинӣ шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста