Ширкати ҳавопаймоии “Киш-Эйр”-и Эрон дар арафаи ҷашни Наврӯз се парвоз дар масири Киш-Душанбе-Киш анҷом медиҳад. Парвозҳо аз 18-уми марти соли ҷорӣ оғоз гардида бо мақсади рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сайёҳии байни Тоҷикистону Эрон роҳандозӣ мегарданд. Дар ин бора аз Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Дар ин ниҳод гуфтанд, ки парвозҳои махсус ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз анҷом дода мешаванд.
“Тавассути се парвози чартерие, ки ширкати ҳавопаймоии “Киш-Эйр” анҷом медиҳад сайёҳон, блогерон, журналистон ва дигар намояндаҳои Эрон, ки мехоҳанд ҷашни Наврӯзи Тоҷикистонро бубинанд ва дар он иштирок кунанд меоянд”,-гуфтанд дар Оҷонсии ҳавонавардӣ.
Гуфта мешавад, ки парвозҳо бо ҳавопаймои “Airbus A321”-и ширкати ҳавопаймоии “Киш-Эйр” амалӣ мегарданд.
Бояд гуфт, ки сафари дастаҷамъии сайёҳону блогерон, рӯзноманигорон ва дигар намояндаҳои Эрон ба Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯз дар пайи даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар аз сокинони ин кишвар ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон “дар дилхоҳ вақт ва бидуни сармоягузорӣ” сурат хоҳад гирифт.
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари дурӯзаи Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон бо хитоб ба соҳибкорону меҳмонон даъват карда буд, ки дар ҷашни Наврӯз бо аҳли оилаашон ба Тоҷикистон ташриф оранд.
“Биёед, маблағгузорӣ мекунед, намекунед, ҳамчун хонаи худатон ҳамроҳи хонаводаатон дар фасли баҳору тобистону тирамоҳ, ҳар вақте, ки барои худатон қуллай бошад, ба Тоҷикистон биёед. Рафту омад кунед, мо таърихи миллии гузаштаи худро бояд дубора эҳё кунем”,- гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.
Бояд гуфт, ки аввали соли 2025-ум Эрон низоми раводид бо Тоҷикистонро барои сафари ҳавоӣ ба ҳама шаҳрҳои ин кишвар пурра лағв кард. Шӯрои вазирони ин кишвар қарори дахлдор дар ин бора ба имзо расониданд. Ҳукумати Тоҷикистон низ пешниҳоди ҷониби Эронро дар робита ба лағви раводид тариқи масири ҳавоӣ байни ду кишвар “бо инобати риояи принсипи муомила ба мисл” ҷонибдорӣ кард.
Акнун шаҳрвандони ду кишвар метавонанд, тариқи ҳавоӣ бидуни монеа ба кишварҳои якдигар ба муддати 30 рӯз дар давоми 90 рӯз сафар кунанд.
Қаблан, танҳо байни Теҳрону Душанбе ва баръакс ва онҳо ҳам тариқи хатсайри мустақим раводид лағв шуда буд. Интизор меравад, ки бо афзоиши хатсайрҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар, имконоти бештари сафар барои шаҳрвандон фароҳам гардад.
Ҳоло миёни Душанбе ва шаҳрҳои Теҳрону Машҳад парвозҳо анҷом дода мешаванд ва дар ояндаи наздик хатсайрҳои Душанбе – Киш – Душанбе ва Душанбе – Шероз – Душанбе низ ба роҳ монда мешаванд.
Ҷузъиёти дигари сафари бидуни раводидро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед: “Аз А то Я-и сафари бидуни раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эрон”. Инчунин, сабабу баҳонаҳои сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Эронро дар ин матлаб бихонед.





Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста