Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон бо иштироки варзишгарон аз кишварҳои Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Русия чанд мусобиқаи байналмилалии варзишӣ баргузор мешавад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Дар ин ниҳод гуфтанд, ки мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва Панҷакент баргузор мешаванд. То охири моҳ дар кишвар чунин чорабиниҳои варзишии байналмилалӣ баргузор мешавад:
- рӯзи 15-уми март дар шаҳри Хуҷанд дави дӯстии наврӯзӣ ва марафони велосипедронӣ дар масофаи то 5 километр бо иштироки 40 варзишгар аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон;
- аз 10 то 12-уми март дар “Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварӣ”-и вилояти Суғд мусобиқаи байналмилалии камонварӣ бо ҳузури 40 варзишгар;
- аз 10 то 14-уми март дар Хуҷанд мусобиқаи шиноварӣ ҷараён дорад, ки 80 варзишгар, аз ҷумла аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон миёни ҳам рақобат мекунанд;

- рӯзҳои 11-13-уми март дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мусобиқаи байналмилалии аспдавонӣ бо ширкати 124 варзишгар аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон;
- аз 12 то 14 -уми март дар Исфара мусобиқаи байналмилалии волейбол миёни духтарон баргузор мегардад, ки дар он 4 даста бо ҳам рақобат мекунанд;
- рӯзҳои 14-16 -уми март дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии мини-футбол баргузор мешавад, ки 16 даста бозӣ мекунанд;
- рӯзҳои 15-19-уми март дар Хуҷанд мусобиқаи байналмилалии теннис бо иштироки 26 варзишгар аз дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегардад;
- рӯзҳои 16-17-уми март дар Варзишгоҳи марказиии Панҷакент мусобиқаи байналмилалии куштингирӣ баргузор мегардад, ки дар он 67 варзишгар аз Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия бо ҳамдигар рақобат мекунанд;
- аз 25 то 27-уми март дар Истаравшан мусобиқаи байналмилалии куштингирӣ баргузор мегардад, ки дар он 67 варзишгар аз кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия вориди майдон рақобат мешаванд.
Бояд гуфт, ки имсол ҷашни асосии Наврӯз дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷкистон, Содир Жапаров, президенти Қирғизистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Наврӯзро дар Душанбе чӣ гуна ҷашн мегиранд дар матлаби мазкур мутолиа кунед.





Эрон ва Амрико ҳамдигарро ба истифодаи маконҳои ғайринизомӣ барои ҳамла айбдор мекунанд. Рӯзи даҳуми даргирӣ дар Ховари Миёна
Писар ҷойгузини падар. Муҷтабо Хоманаӣ, роҳбари нави Эрон кист ва чӣ корнома дорад?
Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста