Сабти филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл”, ки аввали моҳи январ оғоз гардида буд, рӯзи 16-уми март ва танзими он моҳи августи соли ҷорӣ ба итмом мерасад. Интизор меравад, ки нахустнамоиши филм то поёни соли равон баргузор гардад. Дар ин бора, Нигина Раҷабова, коргардони филм ба "Азия-Плюс" иттилоъ дод.
Филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” дар асоси ҳикояи ҳамноми Холмурод Шарифов, нависандаи тоҷик таҳия шуда, бо коргардонии Нигина Раҷабова ва Орзумурод Шарифов сабт мешавад. Директори филм Субҳон Идиев аст.
Ба иттилои “Тоҷикфилм”, филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) бахшида шуда, қаҳрамонии ҷанговарони тоҷикро дар майдони ҷанг ва нақши онҳоро дар ақибгоҳ тасвир мекунад.
Сужаи филм ба воқеаи таърихии 4-11 феврали соли 1945 дар шаҳри Ялтаи Қрим рухдода рабт мегирад, ки дар он Иосиф Сталин, Уинстон Черчилл ва Франклин Рузвелт – сарварони Иттиҳоди Шӯравӣ, Британияи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар машварати ниҳоии эътилофи зиддигитлерӣ ҷамъ омада буданд.
Черчилл, ки ошиқи таоми белмоҳӣ будааст, хоҳиш мекунад, ки барои хӯроки шом аз ин навъи нодири моҳӣ таом омода кунанд. Ба пиндори ӯ, ин навъи моҳиро танҳо аз гӯшаҳои дурдасти дарёи Миссисипии Амрико ёфтан имкон дошт. Аммо бар хилофи андешаи ӯ дар камтарин фурсат хоҳишаш иҷро мешавад ва аз дарёи Панҷи Тоҷикистон белмоҳиро пайдо мекунанд. Номи филм низ аз ин воқеа сарчашма мегирад.
Ба гуфтаи масъулини “Тоҷикфилм”, саҳнаҳои филми “Моҳӣ барои рафиқ Черчилл” дар мавзеъҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе, “Бешаи палангон”, ноҳияи Панҷ ва соҳили дарёи Панҷ сабт шудаанд ва интизор меравад, ки баъзе саҳнаҳои қисмати боқимонда дар Шаҳринаву Ҳисор наворбардорӣ шаванд.
Ба иттилои Нигина Раҷабова, нақшҳои асосиро дар филм Пӯлод Нозимов, Мастура Ортиқзода, Малоҳат Абдуллоева, Маҳингул Назаршоева, Отахон Саидзода, Абдураҳим Абдураҳмонов, Бароҳат Шукрова бозида, як қатор ҳунармандони дигар дар филм ширкат варзидаанд.
Бояд гуфт, ба иттилои “Тоҷикфилм” дар соли 2024 ин муассиса 4 филми ҳунарии пурра, 10 филми мустанад, 2 филми кутоҳ, 1 филми тасвирӣ ва 3 филми ҳунарии муштарак наворбардорӣ кардааст.