Дирӯз, 19-уми апрел ба муносибати Рӯзи пойтахт дар «Кохи Суруш» маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ободонии шаҳр баргузор гардид.
Ҳамин тариқ, дар бахшҳои мухталиф чунин нафарон соҳиби ҷоиза шуданд:
- Мураббии сол – Фирӯза Ғаюрова;
- Муаллими сол – Гулнора Сулеймонова;

- Хонандаи сол – Анушервон Зоиров;
- Беморхонаи сол – Беморхонаи шаҳрии №2;
- Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол – Маркази саломатии шаҳрии №1;
- Табиби сол – Ганҷина Давлатзода, духтури бемориҳои пӯст.
Дар доираи фестивали “Сайри гули лола” гӯшаҳои беҳтарини пойтахт низ муайян гардиданд:
- Боғи беҳтарин – боғи ба номи Аҳмади Дониш;

- Гулгашти беҳтарин – гулгашти назди бинои Сирки давлатӣ;
- Хиёбони беҳтарин – хиёбони Исмоили Сомонӣ.
Ҷоизаи беҳтарин қироати шеър дар бораи Душанбе дар озмуни “Ту дили Тоҷикистон ҳастӣ, Душанбе” миёни мутахассисонро ровии Радиои “Азия-Плюс” Меҳрубон Зокирӣ ба даст овард.

Ғолибони ниммарафони Душанбе
Дар рафти чорабинӣ ҳамчунин, ба ғолибони ниммарафони байналмилалӣ, ки субҳи дирӯз, 19-уми апрел ба ифтихори Рӯзи пойтахт баргузор шуд, ҷоиза ва мукофотпулӣ супурда шуданд.
Дар ин мусобиқа ду варзишгар аз Ӯзбакистон ғолиб омаданд. Шоҳрух Давлатов байни мардон ва Екатерина Тингускова байни занон ҷои аввалро гирифтанд. Онҳо соҳиби 38 ҳазору 500 сомонӣ мукофот шуданд.

Дар байни ғолибон варзишгарони Тоҷикистон нестанд.
Ниммарафон, ки 21 километру 97 метр тӯл дорад, аз Наврӯзгоҳ оғоз шуда, дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба поён расид. Дар он варзишгарон аз минтааҳои Тоҷикистон, бародаршаҳрҳои Душанбе ва дигар хоҳишмандон иштирок карданд.
Ёдовар мешавем, ки Рустами Эмомалӣ барои баргузории озмун аз Бунёди рушди пойтахт беш аз 590 ҳазор сомонӣ ҷудо карда буд.
Ин варзишгарон ғолибону ҷоизадорони ниммарафони 15-уми байналмилалии Душанбе гардиданд:
Дар байни мардон:
1. Шоҳрух Давлатов (Ӯзбакистон) 1:04.11 (38 500 сомонӣ)
2. Фенти Гирма (Эфиопия) 1:04, 14 (33500 сомонӣ)
3. Ҳасан Мирсоатов (Ӯзбекистон) 1:04.42 (27 500 сомонӣ)

4. Белкин Ярослав (Русия) 1:05.19 (22 000 сомонӣ)
5. Отабек Тошқувватов (Ӯзбакистон) 1:05, 16 (19 800 сомонӣ)
6. Виталий Шафа (Украина) 1:06.12 (16 500 сомонӣ)
Дар байни занон:
1. Екатерина Тингускова (Ӯзбекистон) 1:18.31 (38 500 сомонӣ)
2. Елена Сергеева (Русия) 1:18.34 (33500 сомонӣ)

3. Александра Вдовиня (Русия) 1:19.06 (27 500 сомонӣ)
4. Светлана Кудзелич (Беларус) 1:20,53 (22 000 сомонӣ)
5. Елена Толстих (Русия) 1:21, 45 (19 800 сомонӣ)
6. Азизахон Мирзоакбарова (Ӯзбакистон) 1:22, 40 (16 500 сомонӣ).
Тантанаи Рӯзи пойтахт бо консерти бошукӯҳ ва барномаи фарҳангӣ ҷамъбаст гардид.
“Фарёдҳо, афсӯсҳо аз марги созу сӯзҳо!”. Дарди миллӣ, бонги бедорӣ ва мавқеъгирии Лоиқ Шералӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ
Боз як қоидаи нав барои сафар ба Русия. Сабтиноми ҳатмӣ дар замимаи “Госуслуги RuID”
“Имдодхоҳии кӯдаконро шунида, худро ба хонаи оташгирифта задам”. Саидвалӣ Шарифов - муҳоҷири тоҷике, ки се кӯдаки русро аз сӯхтор наҷот дод, кист?
Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ
Фалсафаи маргу зиндагӣ ва дифои миллату забон. Ёде аз Лоиқ Шералӣ
Дар як бинои Вазорати мудофиа сӯхтор сар задааст
Музокироти бидуни таъхир ва ёддошти тафоҳум миёни Украина ва Русия. Суҳбати телефонии Трамп ва Путин бо чӣ анҷомид?
Global Report 2025: Тоҷикистон дар минтақаи хавфи озуқаворӣ қарор гирифт
Аз Театри ҷавонон то Мозандарони Эрон. Бардошти ҳунармандони тоҷик аз нақшофарӣ дар филми “Пойтахт”
ФИФА хариди футболбози навро ба дастаи “Равшан” манъ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста