Дар Душанбе бо ҳузури беш аз 450 шатранҷбоз аз 13 кишвари Осиёи Ғарбӣ мусобиқоти қаҳрамонии шатранҷ байни кӯдакон ва наврасон оғоз шуд. Он дирӯз, 21-ум дар Қасри олимпӣ оғоз шуд ва то 29-уми апрел идома мекунад.
Дар маросими ифтитоҳ бо шумули намояндагони ниҳодҳои масъули Тоҷикистон, инчунин Ҳусан Турдиалиев, президенти минтақавии Федератсияи ҷаҳонии шатранҷ ширкат кард. Ӯ сардовари ин мусобиқа ҳам ҳаст.
Дар ин мусобиқа шатранҷбозон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Эрон, Афғонистон, Ҳинд, Кувайт, Покистон, Шри-ланка, Молдова ва Аморати Муттаҳидаи Араб барои гирифтани ҷоизаҳо ва нишон додани маҳорати худ рақобат мекунанд.
Бештар дар бораи ин мусобиқот дар гузориши мо бинед.
Мусобиқаро Федератсияи ҷаҳонии шатранҷ, Федератсияи шатранҷи Осиё ва Федератсияи шатранҷи Тоҷикистон ташкил кардаанд.



Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста