Дирӯз, 21 апрел ба муносибати бузургдошти Шайх Саъдии Шерозӣ дар сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури донишмандон ва ҳаводорони илму адаби ду кишвар маҳфили фарҳангӣ баргузор гардид.
"Бо тиру камону силоҳ сулҳ карда намешавад"
Нахуст Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон ба минбар омада, аз Саъдии Шерозӣ ба унвони дарахти тановаре ном бурд, ки аз хоку обу фарҳанги мо бархостааст.
Сипас, Гулрухсори Сафӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, ки дар Эрон низ маъруфият дорад, бо ифтихор байти маъруфи Саъдӣ: “Бани одам аъзои якдигаранд...”-ро қироат карда, гуфт, дар СММ ҳарфи Саъдиро ба воситаи тарҷумон муаррифӣ карданд, “аммо мову шумо бо забони модариамон Саъдиро мехонем, гӯш мекунем, бо Саъдӣ мегирйему механдем”.

Ба андешаи ин шоири тоҷик, бо гузашти 800 сол аз замони Саъдӣ ҳанӯз фалсафае, ки дар осори ӯ ҷо дорад, пир нашудааст.
Ӯ ҳамчунин аз фалсафаву ахлоқу дарунмояи назму насри Саъдии Шерозӣ гуфта, қудрати онро на танҳо дар ахлоқ, балки дар сиёсат ҳам воло арзёбӣ кард.
“Беҳтарин сиёсат сиёсати фарҳангӣ аст. Оқибат ҷаҳон ба худ меояд ва мефаҳмад, ки бо тиру камону силоҳ сулҳ карда намешавад”, - гуфт ӯ дар охири каломаш.
На ҳар кӣ қофиясанҷ аст, суханварӣ донад...
Дар идома Абдулҷаббор Кокоӣ, шоиру донишвари маъруфи Эрон аз Саъдии Шерозӣ ба унвони устувонаи шеър ном бурда, ӯро поягузори ҷовидонагии забони форсӣ ном бурд.
“Мо ҳанӯз ба забони Саъдӣ ҳарф мезанем ва хушбахтӣ барои мо ва мардуми Тоҷикистон он аст, ки ҳарду дар парастиши Саъдӣ шарику саҳим ҳастем”, - гуфт Кокоӣ.
Ба андешаи ӯ, он чизе ки дар ашъори Саъдӣ таъсиргузор аст, ин чиниши калимот канори ҳам аст, ки хеле вижа ва боэнержӣ аст.

“Ва ё агар гумон кунанд, ки ба далели захоири луғат аст, хелеҳо буданд, ки теъдоди зиёди захираи калимот доштанд, вале боз ҳам ба пояи Саъдӣ нарасиданд. Аз ин рӯ, чунин чиниши калимот дар канори ҳам ва ба ин зебоӣ баён кардани мавзуот амрест, ки тасаввур мекунам, ки забоншиносиву адабиёти мо бояд ба он такя кунад”, - гуфт муҳаққиқ.
Кокоӣ дар идома аз ашъори худу Саъдӣ абёти барчида манзури ҳаводорон гардонид ва маҳфил аз садои ӯ ранги дигар гирифт.
Исмоил Аминӣ, яке аз адабиётшиносони забардасти эронӣ асарҳои Саъдиву Ҳофизу Мавлонову Фирдавсӣ ва дигар бузургонро ба ганҷина ташбеҳ дода, калиди онро забони форсӣ гуфт.
Ба андешаи ӯ фалсафаи асарҳои ӯ ҳанӯз ҳам зиндаанд.
Нуктаи дигаре, ки Аминӣ дар хусуси зери интиқод қарор гирифтани Саъдӣ аз ҷониби баъзе олимон зикр кард, он аст, ки ӯ дурӯғро дар ахлоқ тарғиб кардааст. Чуноне мегӯяд, “Дурӯғи маслиҳатомез, беҳ зи рости фитнаангез”. Аммо ба андешаи ӯ, нафароне, ки чунин айбро ба гардани Саъдӣ бор мекунанд, аз фалсафаи дарунии осори ӯ бебаҳраанд.
Исмоил Аминӣ бо зикри вижагиҳои назму насри Саъдӣ дар идома намунаҳо аз эҷоди ӯ қироат кард.
Ёдоварӣ аз Қайсар Аминпур
Дар идомаи маҳфил, аз Қайсар Аминпур, яке аз шоирони шаҳири Эрон, ки як рӯз пас аз зодрӯзи Саъдӣ 66-сола шуд, ёдоварӣ карданд.
Ҳамсари ин шоири номвар - Зебо Ишроқӣ Аминпур, ки худ устоди адабиёт ва алоқаманди шеър аст, дар мавриди саъдишиносӣ ва ҳамчунин алоқаи Қайсари Аминпур ба Саъдӣ қисса кард.
“Шоир забони форсиро чи ширинтар ва фасеҳтар аз ҳар гӯяндаи дигари сухан водоштааст. Саъдӣ шоири саҳли мумтанеъгӯ ва забонофарест, ки бузургтарин саҳмро дар парваришу густариши забони форсӣ дорад”, - тавзеҳ дод ӯ.
Бояд гуфт, дар ин маҳфил ҳама дӯстдорони шеъру адаб гирд омада буданд ва ин буд, ки ҳар як нуктаи зикркардаи донишмандонро ба ҳуш мепазируфтанд ва аз қироати осори ӯ лаззат мебурданд.

Қурбони Собир, ҳунарманди саршиноси тоҷик гуфт, маҳфил бо ҳузури меҳмонони эронӣ ранги дигар гирифт ва ба бузургдошти Саъдӣ барпо гардидани он сабаби дигари хотирмон будани он буд, зеро “Саъдӣ ҳар лаҳзаву дар ҳар кор бо мост”.
Дар поёни маҳфил Алиризои хушнавис шоҳбайтҳои зеборо бо хати форсӣ дар лавҳаҳо навишта, ба меҳмонон туҳфа кард.
Бояд гуфт, ҳамасола 21-уми апрел дар саросари ҷаҳон Рӯзи гиромидошти Саъдии Шерозӣ таҷлил мегардад. Дар Тоҷикистон ин гуна маҳфилҳоро асосан Иттифоқи нависандагон баргузор мекунад, вале имсол ин ниҳод аз баргузории чунин ҳамоише хабар надодааст.
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Нола”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2025
“Танҳо ба тафтишоти боадолатона умед дорем”. Нигаронии пайвандони гумонбарони кушторҳо дар Конибодом аз сарнавишти боздоштшудагон
Боздошти се ҷавон дар пойтахт бо гумони интиқоли 16 кг маводи мухадир ба хориҷи кишвар
Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов
Афзоиши содироти хушкмева. Тоҷикистон ба куҷо ва чӣ қадар хушкмева фурӯхт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста