Чанд хатмкунандаи мактаб ва волидони онҳо ба “Азия-Плюс” муроҷиат карданд, ки дар пойтахт ва чанде аз минтақаҳои Тоҷикистон мудирони баъзе макотиб хатмкунандагонро барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ дар Маркази миллии тестӣ (ММТ) маҷбур мекунанд. Ниҳодҳои расмӣ ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, то имрӯз ягон шикоят ба онҳо ворид нашудааст.

Сокинони кишвар низ дар шарҳи пурсиши “Азия-Плюс” дар хусуси онки “оё фарзанди онҳоро низ барои супоридани ҳуҷҷат ба ММТ маҷбур карданд”, бо пешниҳоди номи якчанд мактабҳо дар пойтахт ва дигар минтақаҳои Тоҷикистон ҷой доштани чунин ҳолатро тасдиқ карданд.

 

“Шароити таҳсил надорам, аммо ба ҳуҷҷатсупорӣ маҷбур доранд!”

Исмоил Ёров, як хатмкунандаи мактаби миёнаи №64-и ноҳияи Синои пойтахт, воқеъ дар маҳаллаи “Лучоби боло”, шикоят кард, ки ӯро барои ҳуҷҷатсупорӣ ҷиҳати иштирок дар имтиҳоноти дохилшавии ММТ маҷбур кардаанд.

Ӯ гуфт, дар як синф 25-нафар таҳсил мекунанд ва ба ҷуз ӯ ҳама барои иштирок дар имтиҳоноти дохилшавӣ ба ММТ ҳуҷҷат супоридаанд.

“Гуфтанд, ки ба мактаби №25, ки дар хиёбони Исмоили Сомонӣ воқеъ аст рафта, ҳуҷҷатҳоятонро ба ММТ супоред. Муалимон гуфтанд, ки расиди бонкро биёред, баъд шаҳодатномаи хатмро мегиред, вагарна онро намедиҳанд”, - мегӯяд Исмоил.

Ӯ зикр мекунад, ки бисёр мехоҳад донишҷӯ шавад, вале бо сабаби шароити душвор, аввал бояд кор  карда, хонаводаашро таъмин кунад.

“Падарам вафот кардаанд, бо модарам танҳо зиндагӣ мекунам. Дилам бисёр мехоҳад, ки таҳсилро идома диҳам, аммо бояд кор карда, худ ва модарамро таъмин кунам. Ба хотире, ки маҷбур карда истодаанд, ҳуҷҷатҳоямро месупорам, вале баъди хатми мактаб, барои кор ба Русия меравам”, - гуфт ӯ.

 

Раванди ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ дар яке аз макотиби пойтахт
Asia-Plus

 

“Мудир гуфт, то расид наёрӣ “аттестат” намедиҳам”

Эмомалӣ Мӯсоев, хатмкунандаи мактаби миёнаи №65 дар деҳаи Заркорони ноҳияи Восеъ ҳам айни чунин шикоятро кард.

“Масъулини мактаб ҳар рӯз дар маҷлисҳои саҳарӣ ба мо гӯшзад мекарданд, ки тезтар рафта, ҳуҷҷатҳоямонро ба ММТ супорем. Як саҳар мудир дар маҷлис маро рост монда гуфт, ки чаро ҳуҷҷатҳоятро насупоридаӣ ҳанӯз. Чун шароити зиндагиро гуфтам, маро аз мактаб пеш карду гуфт, ки то расидро наёрӣ “аттестат”-и хатмро намедиҳам”,-нақл кард ҳамсӯҳбати мо.

Ӯ мегӯяд, аз роҳбари синф хоҳиш кардааст, ки ба ӯ фурсат диҳанд, то маблағи лозима барои ҳуҷҷатсупориро пайдо кунад.

“Дар синф 32 нафар таҳсил мекунем, қариб ҳамаи ҳамдарсонам ҳуҷҷатҳояшонро супориданд. Се-чор нафаре, ки ҳуҷҷат насупоридаем, дар роҳрави мактаб суратҳоямонро часпониданд”,- мегӯяд Эмомалӣ.

Ӯ мегӯяд, вақте ба мудир ёдрас кардааст, ки “ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ ихтиёрӣ аст” посух шунидааст, ки “фармон аз боло аст ва бояд иҷро шавад”.

Як корманди Вазорати маориф ва илм бо шарти ифшо нашудани номаш ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳукуматҳои маҳаллӣ ба ҳар мактаб нақша гузошта, мудирони мактабро муваззаф кардаанд, ки онро иҷро кунанд.

Барои иштирок дар ИМД хатмкунандаи синфи 9-ум 320 сомонӣ ва синфи 11-ум 370 сомонӣ бояд пардохт кунад. Пул бояд дар бонки давлатии “Амонатбонк” пардохт ва расид якҷо бо бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба ММТ пешниҳод шавад. 

 

Абдулбосит Шодиниё
Акс аз сомонаи ММТ

 

“Иштирок дар ИМД ихтиёрист”

Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори ММТ мегӯяд, иштирок дар ИМД ихтиёрист ва ин нукта дар “Роҳнамои довталаб” низ зикр шудааст.

Ӯ гуфт, “то имрӯз ба ММТ дар мавриди маҷбуркунии хатмкунандагон ба ИМД шикояти хаттӣ ворид нашудааст”.

“Ҳар нафаре, ки аз маҷбуркунӣ дар супоридани ҳуҷҷатҳо ба ИМД муроҷиат кунад, мо ҳатман ин масъаларо санҷида мебароем. Бо роҳбарияти муассисаи таълимӣ ва худи раёсатҳои маориф дар минтақаҳо сӯҳбат мекунем. Дар ҳолати ҷой доштани чунин мушкил, нисбати онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад”, ‑ гуфт Абдулбосит Шодиниё.

Вай зикр кард, ки ҳамасола дар макотиби кишвар дар вохӯриҳо ба толибилмон мефаҳмонанд, ҳуҷҷатсупорӣ ба ММТ ихтиёрӣ аст.

 

“Шикоят кунанд, маблағ баргардонида мешавад”

Абдулбосит Шодиниё мегӯяд, агар касеро барои иштирок дар ИМД маҷбур карда бошанд, метавонад ба ММТ аризаи шикоятӣ нависад ё ба рақамҳои боварии Марказ занг занад: 224-53-68,  224-53-73

“Рӯзҳои наздик оид ба баргардонидани маблағи хизматрасонии ИМД эълон нашр мекунем. Ҳар хонандае, ки бидуни хоҳиши худ номнавис шудааст ё аз фикраш бозмегардад, метавонад ариза пешниҳод намояд. Ариза санҷида шуда, дар сурати тасдиқ шудани он, хароҷоти раванди бақайдгирӣ, ки 30 сомониро ташкил менамояд, нигоҳ дошта мешавад ва боқимондаи маблағ баргардонида мешавад”, - иброз дошт ӯ.

“Дар соли 2024-ум 850 нафар бо ҳолатҳои гуногуни дар дастурамал овардашуда ба ММТ ариза пешниҳод намуда, маблағи худро бозпас гирифтанд”, ‑ гуфт Шодиниё.

 

Киҳо метавонанд маблағи бақайдгириро бозпас гиранд?

Тибқи “Роҳнамои довталаб” дар ин ҳолатҳо маблағ баргардонида мешавад:

‑шахсоне, ки бидуни хоҳиши худ аз қайд гузаштаанд;

‑шахсоне, ки аз расиди ММТ истифода накардаанд, маблағро пардохт намудаанд, аммо аз қайд нагузаштаанд;

‑шахсоне, ки аз иштирок дар ИМД даст кашидаанд ва дигар ҳолатҳое, ки дар роҳнамои довталаб қайд гардидааст;

Дар ин марказ гуфтанд, ки шахсоне, ки муроҷиат кардан мехоҳанд метавонанд ба почтаи ММТ [email protected] аризаи худро фиристанд ё ба Марказ ва филиалҳоии он рафта, ба таври ҳузурӣ аризаро пур кунанд.

Дар Вазорати маориф ва илми кишвар низ таъкид мекунанд, ки ҳуҷҷатсупорӣ ба ИМД ихтиёрӣ буда, ягон нафар ҳақ надорад хатмкунандагонро ба ин кор маҷбур кунад. Дар ин ниҳод гуфтанд, шахсоне, ки бо чунин вазъият рӯбарӯ шудаанд, метавонанд ба телефони боварии Вазорат занг зананд: 227-76-86

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон пас аз хатми мактаби миёна танҳо тавассути Маркази миллии тестӣ (ММТ) метавон интиҳони дохилшавӣ ба донишгоҳро супорид ва унвони донишҷӯро соҳиб шуд. Аммо солҳои охир мушоҳида мешавад, ки теъдоди довталабон коҳиш меёбанд.

Коршиносон омили коҳиши довталабонро ба қабули қонун дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ рабт медиҳанд, ки ҳамакнун даъвати магистрантҳоро низ ба хидмати ҳарбӣ имконпазир кард. Таъкид мешавад, ки коҳиши теъдоди довталабон боиси маҷбур кардани хатмкунандагон барои иштирок дар ИМД шудааст. Соли гузашта низ сокинон аз ҳуҷҷатсупории иҷборӣ ба ИМД шикоят карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.