Сергей Шойгу, дабири Шӯрои амнияти миллии Русия гуфтааст, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳо дар ин кишвар тақрибан 2%-и онро муҳоҷирон содир кардаанд. Дар ин бора ӯ дар мусоҳиба бо хабаргузории “ТАСС” хабар додааст.

“То охири соли гузашта дар Русия 6,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ қарор дошт, дар иҳоле ки ин омор дар соли 2023 ба 5,9 миллион нафар баробар буд. Дар ҳамин ҳол, шумори ҷиноятҳои содиркардаи онҳо тақрибан бетағйир боқӣ монда, 38,6 ҳазорро ташкил дод. Ин наздики 2% аз шумораи умумии ҷиноятҳои сабтшуда дар кишварро ташкил медиҳад”, - гуфтааст Шойгу.

Ин мақомдори рус афзудааст, ки соли гузашта тақрибан 1,5 ҳазор нафар барои даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шудаанд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, соли гузашта алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия 3,4 миллион протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Ба гуфтаи Шойгу, теъдоди муҳоҷироне, ки муҳлати будубоши худро дар соли 2024 дар Русия дароз кардаанд, бештар аз 10 дарсад будааст.

Қаблан, ВКД Русяи гуфта буд, ки шумораи умумии ҷиноятҳои аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия дар соли 2024 содиршуда 0,9% коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, шумораи ғоратгарӣ 27% ва дуздӣ ҳудуди 26% кам шудааст.

Мақомдорони рус изҳороти мухталифе дар бораи шумораи ҷиноятҳои содиркадаи шаҳрвандони хориҷӣ дар Русияро дода буданд. Гоҳ аз афзоиши тезу тунд ва гоҳ аз коҳиши ҷиноятҳо миёни шаҳрвандони хориҷӣ хабарҳо нашр мегардид.  

Дар робита ба ин масъала бештар дар маводи мо “Маълумоти зидду нақиз оид ба ҷинояткорӣ. Чаро русҳоро бо муҳоҷирон метарсонанд?” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.