Дарди дандон аксар вақт шабона шиддат мегирад. Чӣ бояд кард, агар то субҳ сабр кардан ғайриимкон бошад? Мо маълумот пайдо кардем, ки кадом дандонпизишкиҳо дар Душанбе ба таври ҳамеша, яъне 24 соат фаъолият мекунанд.

Донишкадаи илмӣ-клиникии дандонпизишкӣ, ҷарроҳии чеҳра ва ҷоғ
Институти мазкур дар ҳудуди ноҳияи Сино, дар маҳаллаи маъруф ба 1-ум Советский ҷойгир аст. Дар бинои 4-ошёнаи он Маркази дандонпизишкии ҷумҳуриявӣ фаъолият мекунад.

Суроға: Гузаргоҳи 5-уми кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, 13.
Телефон: +992 37 2312737, 2312586.

 


Табобатхонаи дандонпизишкии кӯдаконаи №1
Он дар наздикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷойгир аст. Муассиса хидматрасониҳои фарогир, аз ҷумла ташхису табобати дандонро пешниҳод мекунад.

Суроға: кӯчаи академик Раҷабовҳо, 16/1.
Телефон: +992 37 2278794.

Поликлиникаи дандонпизишкии кӯдаконаи №2
Дар ин дандонпизишкӣ духтурони ботаҷриба ва дақиқкор бо таҷҳизоти муосир фаъолият мекунанд.
Суроға: кӯчаи Маяковского, 79 (маҳаллаи 33)

Телефон: +992 37 2330911.

 


Муассисаи давлатии “Поликлиникаи стоматологии шаҳри Душанбе
Суроға: кӯчаи Н. Карабаев, 20 (дар наздикии Театри ҷавонон).
Телефон: +992 37 2332596.

Муассисаи далатии “Поликлиникаи стоматологӣ
Муассиса хидматрасониҳои фарогирро пешниҳод мекунад.
Суроға: кӯчаи Тунис, 1/1 (нишона - мактаби №101).
Телефон: +992 37 2400421.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.