Дар мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости рӯзи 29 апрел раиси ҳизби “Справедливая Россия - За правду”, вакили Думаи давлатӣ Сергей Миронов изҳор намуд, ки барои ҷиноятҳо дар соҳаи муҳоҷират бояд на танҳо мансабдороне, ки ба порагирӣ гунаҳкор дониста шудаанд, балки муҳоҷироне ҳам, ки тариқи ғайриқонунӣ ҳуҷҷат дарёфт кардаанд, ҷавобгӯ бошанд.

Вакил мутмаин аст, ки ҳуҷҷатҳои аз ҷониби ҷинояткорон таҳияшуда барои будубоши қонунии шаҳрванди хориҷӣ дар Русия ва шиносномаи бо ин роҳ гирифтаашон бояд ғайриҳаққонӣ эътироф ва соҳибони онҳо ихроҷ шаванд.

“Албатта, барои ин тағйирот дар қонунгузории амалкунанда лозим аст ва ба ин кор фраксияи мо машғул мешавад”, - овардааст гуфтаҳои Мироновро хабаргузорӣ.

Ӯ хотиррасон намудааст, ки чанде пеш дар робита ба парвандаи порагирӣ роҳбари Раёсати ВКД оид ба масоили муҳоҷират дар вилояти Пенза ва кормандони зертобеъи ӯ ба ҳабс гирифта шуданд.

Тибқи фарзияи тафтишот, тоҷирон барои ҳузури қонунии муҳоҷирон ва “ҳимояи умумӣ”-и онҳо, ки дар огоҳ кардани тоҷирон аз санҷиши хориҷиён ва шахсони ҳуқуқӣ ифода меёфтааст, ба кормандони пулис пул медодаанд.

“Ин бори аввал нест, ки мансабдорони баландпояи хадамоти муҳоҷиратро, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати қонунӣ гардонидани будубошашон кумак мекунанд, барои ришвахорӣ муттаҳам мекунанд”, - илова кардааст сиёсатмадор.

Ба ақидаи Миронов, хуб аст, ки онҳоро ошкор ва муҷозот мекунанд, лекин ин ҳоло кофӣ нест.

Қаблан роҳбари Хадамоти федералии амният (ФСБ) дар минтақа хабар дода буд, ки сардори Раёсати масоили муҳоҷирати Сарраёсати ВКД дар вилояти Пенза ва чанде аз кормандони сатҳи раҳбарии зертобеъи ӯ ба иттиҳоми порагирӣ аз тоҷирон барои будубоши қонунии муҳоҷирон дар Русия, аз ҷумла муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ҳабс гирифта шудаанд.

Дар Сарраёсати маҳаллии ВКД ба РИА Новости хабар додаанд, ки иштирокчиёни парванда аз мансаб барканор ва дар сурати тасдиқи гуноҳашон аз кор бо асосҳои манфӣ озод карда мешаванд.

Аз ҷониби муфаттишон ба онҳо мутобиқи банди “а”, қисми 5, моддаи 290 Кодекси ҷиноятии Русия (Порагирӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон тибқи маслиҳати пешакӣ) айбнома пешниҳод шудааст. Дар ин модда ҷазои то 12 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин муҳлати анҷоми расмиёти қонунӣ гардонидани будубош барои муҳоҷиронро то 10 сентябри соли равон тамдид кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.