Тайи солҳои охир Тоҷикистон ба самти энергетикаи сабз ва навъҳои экологии нақлиёт қадамҳои устувор мегузорад. Электромобилҳо (мошинҳои барқӣ) дар байни аҳолӣ торафт писандида гардида, давлат барои истифодаи онҳо шароити мусоид фароҳам меорад, аз ҷумла, шумораи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ зиёд карда мешаванд.
Имрӯз ҷаҳон фаъолона ба технологияҳои аз лиҳози экологӣ тоза мегузарад ва рушди нақлиёти барқӣ яке аз самтҳои муҳимтарини ин гузариш маҳсуб меёбад. Электромобилҳо ва инфрасохтори барқгирии онҳо на танҳо мӯд, балки саҳми воқеӣ дар мубориза бо тағйирёбии иқлим ва беҳтар намудани сатҳи зиндагӣ дар шаҳрҳо низ мебошанд.
Электромобилҳо ва ихроҷи CO₂
Дар шаҳрҳои бузург ҳиссаи нақлиёт дар ифлосшавии ҳаво зиёд аст. Маводи заҳрнок, ба монанди оксидҳои нитроген ва заррачаҳои майда, ба бемориҳои роҳи нафас, бахусус миёни кӯдакон ва шахсони пиронсол боис мегарданд.
Электромобилҳо аз ин лиҳоз нисбатан бехатаранд: онҳо газҳои зарарнок ҷудо накарда, ба пайдоиши туманҳои ғуборолуд мусоидат намекунанд ва ҳаворо ифлос намекунанд.
Яке аз бартариҳои асосии электромобилҳо сатҳи сифри партоби CO₂ мебошад. Дар муқоиса бо мошинҳои муҳаррики дохилии сӯхт, дар электромобилҳо бензин ё дизел сӯзонида намешаванд ва мутаносибан ҳангоми ҳаракат ба атмосфера гази карбон, оксидҳои нитроген ва заррачаҳои сахт партофта намешавад.
Ғайр аз ин, мошинҳои барқӣ хеле оромтар кор мекунанд, ки ба коҳиши сатҳи омехташавии садоҳои гуногун дар шаҳрҳо мусоидат намуда, ин ҳам яке аз омилҳои муҳими ҳифзи саломатӣ ва бароҳатии сокинон ба ҳисоб меравад.
Рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон
Яке аз шартҳои асосии рушди нақлиёти барқӣ мавҷуд будани шабакаи қулайи нуқтаҳои нерӯдиҳӣ аст. Дар Душанбе то имрӯз 50% аз нақшаи умумии насби чунин нуқтаҳо иҷро ва аз 500 нуқтаи пешбинигардида тақрибан 250 ададаш насб шудааст. Ин як қадами ҷиддӣ ба пеш аст, зеро ҳамагӣ чанд сол пеш нерӯдиҳии мошини барқӣ дар пойтахт амалан ғайриимкон буд.
Дар ояндаи наздик густариши ин инфрасохтор дар саросари кишвар ба нақша гирифта шудааст. Нуқтаҳои нерӯдиҳӣ на танҳо дар шаҳрҳои бузург, балки дар минтақаҳо низ насб карда мешаванд, ки ин барои соҳибони электромобилҳо имкониятҳои нав боз намуда, ба рушди сайёҳии экологӣ, логистика ва дигар соҳаҳо мусоидат мекунад.
Ба ҷуз бартариҳои экологӣ, электромобилҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ низ фоиданоканд. Нисбат ба сӯзишворӣ бо нерӯи барқ пур кардан арзонтар буда, инчунин хизматрасонии техникии онҳо чандин бор арзонтар аст, чунки дар электромобилҳо қисмҳои ҳаракаткунанда камтаранд ва аз ин рӯ, эҳтимоли вайроншавӣ ҳам камтар аст.
Оянда аз нақлиёти сабз аст
Рушди нақлиёти барқӣ на танҳо як тамоюли муосир, балки як зарурат аст. Тағйирёбии иқлим, афзоиши бемориҳо ва пастшавии сифати зиндагӣ дар шаҳрҳо чораҷӯиро тақозо мекунад. Электромобилҳо яке аз амалҳои воқеиест, ки ҳар кадоме аз мо метавонем барои ҳифзи табиат ва саломатӣ анҷом диҳем.
Бо назардошти рушди босуръати инфрасохтор дар Тоҷикистон, дастгирӣ аз ҷониби давлат ва тиҷорат, инчунин болоравии таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ин масъла, дилпурона метавон гуфт, ки заминаи ояндаи духшони нақлиёти сабз дар кишвари мо аллакай гузошта шудааст.





