Шоми рӯзи 3-юми май натиҷаи дархостҳо барои дастрас кардани “Корти сабз” ё “Green Card”-и Амрико эълон шуд. Аз натиҷаи дархост чӣ гуна метавон огоҳ шуд ва онро санҷид? 

Шумо метавонед бо ворид кардани рақами тасдиқи худ дар суроғаи dvprogram.state.gov бифаҳмед, ки ғолиб омадаед ва ё на. Ин ягона роҳи санҷиши натиҷаи дархост барои "Green Card"-и Амрико аст.

Агар шумо паёми электронӣ, паёми матнӣ, занг ё огоҳинома гиред, ки мегӯяд, "Green Card"-ро бурд кардед, ба он бовар накунед, он қаллобӣ аст!

Аз  матлаби таҳиянамудаи мо шумо дар бораи чӣ гуна санҷидани натиҷаҳои бозии лотерея ва ба доми қаллобон наафтодан дар сурати пирӯзӣ маълумоти муфид пайдо карда метавонед.

 

Натиҷаҳоро дар куҷо метавон санҷид?

Ҳар кадоме аз иштирокчиёни бозӣ метавонад мустақилона муайян кунад, ки раводиди муҳоҷират ба Амрикоро бурд кардааст ё не. Мақоми худро метавонед дар бахши махсуси сомонаи Департаменти давлатии ИМА бо суроғаи https://dvprogram.state.gov бисанҷед.

 

Инро чӣ гуна метавон анҷом дод?

Тугмаи "Check Satus"-ро пахш кунед. Барои санҷиш ворид намудани рақами тасдиқшудаи иштирокчии лотерея (Confirmation Number), инчунин зикри насаб ва соли таваллуди дархосткунанда дар равзанаи бозшуда зарур аст.

 

Дигар тарзҳои санҷиш ҳам ҳаст?

Ин ягона тарзи санҷидани натиҷаҳои лотерея мебошад. Департаменти давлатӣ ба шумо дигар ягон мактуби одӣ ё электронӣ намефиристад.

 

Агар ман анкетаро дар ширкатҳои хусусӣ пур карда бошам чӣ?

Фарқ надорад, ки шумо чӣ гуна ба “Green Card” дархост додед - бо ёрии ширкат ё ташкилот барои пур кардани анкета (пурсишнома) ё мустақилона.

Онҳо ҳам натиҷаҳоро аз рӯи рақами тасдиқшудаи иштирокчӣ дар ҳамон бахши сомонаи Департаменти давлатӣ месанҷанд. Агар шумо худатон санҷида натавонед, пас метавонед аз хидмати ҳамон ширкатҳое, ки тариқи онҳо дархост дода будед, истифода баред.


 

Чӣ мебояд кард, агар рақами тасдиқшударо гум карда бошам?

Дар сомонаи Низоми электронии санҷиши мақоми иштирок дар лотерея https://dvprogram.state.gov/ESC/CheckStatus.aspx рақами тасдиқшударо барқарор кардан мумкин аст.

Барои ин пахш ба Forgot Confirmation Number ва ворид намудани маълумоти шахсӣ, суроғаи почтаи электронӣ, ки шумо онро ҳангоми бақайдгирӣ нишон додаед, зарур аст.

 

Агар тариқи почта дар бораи бурд дар “Green Card” мактуб гирифта бошам чӣ?

Агар Шумо тариқи е-мейл дар бораи бурди дархостатон дар лотерея огоҳинома гирифта бошед, пас ба гумони ғолиб (дар 99,9%-и ҳолатҳо) ин қаллобӣ аст.

Қаллобон мехоҳанд, ки бо роҳи фиреб пули шуморо гиранд, зеро дар мактуб онҳо маъмулан талаб мекунанд, ки ба суратҳисобашон маблағ гузаронида шавад. Дар хотир доштан лозим аст, ки муассисаи расмӣ ҳеҷ гоҳ гузаронидани маблағро дархост намекунад.

Тариқи почтаи электронӣ Шумо танҳо аз Департаменти давлатӣ бо ёдоварии ба санҷиши натиҷаҳои худ имкон доштанатон мактуб гирифта метавонед.

 

Чӣ хел мефаҳмам, ки бурд кардаам

Агар шумо бурд карда бошед, чунин саҳифаро мебинед:


Агар дархости шумо бурд накарда бошад, шумо чунин хабарро мебинед:


 

Ба ҷуз бурд дар лотерея, барои муҳоҷират ба ИМА боз ягон талаботи иловагии дигар низ ҳаст?

Ҳамчунин донистан лозим аст, ки гирифтани огоҳинома дар бораи бурди “Green Card” ҳоло гирифтани онро ба дархосткунанда кафолат намедиҳад.

Барои муҳоҷират ба ИМА ба ҳамаи талаботе, ки аз довталабони раводиди муҳоҷират тақозо мешавад, ҷавобгӯ будан лозим аст.   

 

ТАВАҶҶӮҲ!

Бо сабаби теъдоди хеле зиёди хоҳишмандони санҷиш, сомонаи www.dvprogram.state.gov баъзан кушода намешавад ё аз кор бозмеистад. Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки онро дубора кушода, боз бисанҷед.

Ғолибони лотереяи “Green Card” ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба таври қонунӣ дар Амрико зиндагӣ кунанд.

Ҳар сол Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ба шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони муҳоҷирати таърихан паст ба ИМА доранд, аз ҷумла ба Тоҷикистон, 50 000 раводиди иқомати доимӣ (“Green Card” - корти сабз) медиҳад.

Ҳар сол тақрибан 14 миллион нафар аз саросари дунё дар ин барнома иштирок мекунанд.

Теъдоди барандагони "Green Card" дар панҷсолаи охир аз Осиёи Марказиро дар инфографикаи мо бубинед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.