Дар Душанбе як ҳафтаи охир ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” баргузор гардид. Дар он театрҳои 5 кишвар ширкат карда, намоишҳои худро манзури ҳаводорони театр гардониданд. Мо аз ҳунармандон ва коргардонони тоҷику хориҷӣ пурсон шудем, ки аз “Наврӯз” чӣ гирифтанд.
Ин ҷашнвора бори аввал соли 1992 таъсис шуда, то соли 2011 баргузор мешуд. Аммо 14 соли охир баргузор нагардид ва танҳо имсол “Наврӯз” эҳё гардид. Ҳунармандони тоҷик мегӯянд, ки аз ҷашнвора интизориҳои зиёд доштанд, вале бароварда нашуд. Онҳо аз намоишҳои хуб ёдовар шуда, ҳамзамон гуфтанд, ки чанд намоиш бояд дар фестивал роҳ дода намешуд.
Беҳтарин намоиш кадом буд?
Асалбек Назриев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дубора эҳё шудани ҷашнвораи байналмилалии “Наврӯз”-ро иқдоми хуб ва ба рушди театри тоҷик заминагузор арзёбӣ карда, дар ин баробар гуфт, ки фестивали имсола бо камбуду нуқсоноти зиёде баргузор гардид.
Ба гуфтаи Назриев, дар намоишҳои дар доираи ҷашнвора ба саҳна гузошташудаи театрҳои хориҷа ҷанбаҳое мояи ибрат буд ва намоишномаҳое ҳам буд, ки набояд дар фестивал роҳ дода мешуд.

Ӯ гуфт, ки дар миёни намоишҳои театрҳои хориҷа, намоиши “Одоби шикори рӯбоҳ”-и театри Эрон аз ҳама хубтар буд, зеро “дарди мардуми оддӣ аст ва ба дарди театру тамошобин созгор мебошад”.
“Дар ин намоиш хидматгорони шоҳ Аббос ва Худодод фақат дарди худро не, балки дарди тамоми раъиятро нишон доданд. Нишон доданд, ки қочорҳо чӣ қадр ба мардум ҷабр карданд, рӯҳия ва ғурури мардумро шикастанд. Ва дар намоиш талоши озодихоҳӣ ҳам буд. Агарчи ҳарду дар ин роҳ ҷон доданд, вале намоиш бо яъсу ноумедӣ тамом нашуд, балки паёми дар талоши зиндагӣ буданро ба тамошобин медод”, - гуфт Асалбек Назриев.
Ин ҳунарманди тоҷик ҳам мазмун ва муҳтаво, ҳам кори коргардонӣ ва ҳам ҳунарофарии ҳунармандони эрониро васф карда, намунаи ибрат барои театри тоҷик хонд.
Назриев аз мӯҳтавои намоишҳои “Баҳодури рӯйинтан” ва “Гарнири фаронсавӣ”-и театрҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон интиқод кард. Ба хусус, ба намоиши “Баҳодури рӯйинтан”-ро аз нигоҳи ҳунарӣ баҳои паст дод.
“Беҳтар буд ин ду кишвар дигар намоишномаро ба фестивал меоварданд”, - хулоса кард Асалбек Назриев.
“Наврӯз” аз назари ҳунарманди ҷавон
Шоҳмурод Аюбов, ҳунарманди ҷавони Театри Лоҳутӣ аст ва бори аввал дар ҷашнвораи “Наврӯз” бо нақши Сиёвуш дар намоиши “Достони Сиёвуш” ширкат кард. Ин ҳунарпеша гуфт, ки аз фестивал интизориҳои зиёд дошт, вале он чизеро, ки пешбинӣ мекард, дида натавонист.

Ба Шоҳмурод Аюбов ҳам намоиши “Одоби шикори рӯбоҳ”-и театри Эрон писанд афтодааст ва онро падидаи ҷашнвора меҳисобад. Ӯ мегӯяд, ки ин намоиш барояш чизҳои омӯзишӣ дошт, махсусан бозии ҳунармандони эронӣ қобили мулоҳиза буд, ки бидуни доду вой, бо овози паст, эҳсоси тарсу навмедиро нишон дода, ҳамзамон умеде дар дили бинанда бедор карданд.
“Бисёр намоишҳое ҳаст, ки баъди кафкӯбии бинадагон ба итмом мерасад, вале намоиши “Одоби шикори рӯбоҳ” баъди кафкӯбии мухлисон ҳам тамом нашуд: то ҳол атрофи он ҳарф мезананд”, - гуфт Шоҳмурод Аюбов.
Ӯ гуфт, ки “солҳо боз набудани тамошобини театр дар Тоҷикистон мавриди нигаронӣ аст, вале агар намоишҳое мисли “Одоби шикори рӯбоҳ” ба саҳна гузошта шавад, бовар дорам, ки театрҳои мо пури бинанда мешаванд”.
“Мо ҳам чунин ҳунармандону коргардонҳои касбӣ дорем, вале афсӯс, ки бо мазмун ва муҳтавои “Одоби шикори рӯбоҳ” ҳоло мо намоише надорем. Театрро ҳамин гуна намоишҳо зинда нигоҳ медоранд”, - иброз дошт Аюбов.
Ин ҳунарманди ҷавони тоҷик нахост атрофи намоишҳои дигар театрҳои хориҷа гуфтугӯ кунад: “Дар фестивал дигар намоише қобили мулоҳиза набуд ва театри тоҷик намоишҳои аз онҳо беҳтаре дорад”.
“Бигзор доварӣ шавад ва ҷоиза диҳанд”
Муҳаммади Шокирӣ, коргардони эронӣ, ки намоиши “Одоби шикори рӯбоҳ”-ро ба саҳна гузошт, аз сатҳи баргузории ҷашнвораи “Наврӯз” изҳори қаноатмандӣ кард.
Ӯ гуфт, ки агарчи сатҳи намоишҳои дар фестивал ширкаткарда гуногун буданд, вале нуктае, ки ҳама намоишҳоро пайванд мекард – таърих буд: “Ҳама намоишҳо таърихеро ривоят мекарданд”.

Коргардони эронӣ миёни намоишҳои ҷашнвора “Достони Сиёвуш”-и Театри Лоҳутиро васл карда, гуфт, ки “дар сатҳи хуб ва бо ороишоти зебои саҳнавӣ намоиш дода шуд”
“Нуктаи атфе, ки мардумони моро мепайвандад, дар намоиши “Достони Сиёвуш” мушоҳида мешуд. Намоиш бо усули классикӣ ва хеле вафодор ба усули “Шоҳнома” офарида шуд. Миёни ҳам намоишҳо “Достони Сиёвуш” хеле писандам омад”, - гуфт Муҳаммади Шокирӣ.
Шокирӣ ба намоишҳои “Никоҳи пинҳонӣ” ва “Тазарв”-и театрҳои Русия ва Арманистонро ҳам хуб арзёбӣ карда, баз сатҳи гузариши ҷашнвора ҳам изҳори қаноатмандӣ кард.
Муҳаммади Шокирӣ пешниҳод кард, ки ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбии “Наврӯз” ҳамасола ва бо ҳузури театрҳои бештари кишварҳои гуногуни олам баргузор шавад: “бигзор дар солҳои минбаъда доварӣ шавад ва ҷавоиз тақдим гардад, то ҷашнвора ҷиддӣ гирифта шавад”.
Ёдномаи “Наврӯз”
Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ - “Наврӯз” аз соли 1990 то соли 2011 дар Душанбе баргузор мегардид ва пас аз ин барои як муддат доир нашуд. Ҳамин тариқ, имсол ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ 1-уми май оғоз шуда, то 6-уми май идома кард.
Ҷашнвораи имсолаи “Наврӯз”, ба қавли Асалбек Назриев, мисли солҳои қабл бо шукӯҳ ва бо намоишҳои барҷаста нагузашт ва ӯ умедворӣ кард, ки солҳои баъдӣ дастандаркорон мушкилоти ҷойдоштаро ба назар гирифта, фестивалро бо намоишҳои мазмун ва муҳтавои баланд дошта мегузаронанд.
Дар ҷашнвораи мазкур театрҳои Арманистон, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Эрон бо беҳтарин намоишҳои худ ширкат карданд. Дар бораи раванди баргузорӣ, мазмун ва муҳтавои намоишҳо ва ҷамъбасти “Наврӯз” аз матолиби зерини “Азия-Плюс” маълумот гиред.
Туркманистон гуфт, чанд шаҳрванди Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои марзиаш аз Эрон берун овардааст
Як размикори тоҷик бо Лигаи PFL қарордод ба имзо расонид
Сафари шаҳрвандони 36 давлат, аз ҷумла як кишвари Осиёи Марказӣ ба Амрико манъ мешавад
Эрон ва Исроил омори куштаву захмиёнро эълон карданд. Ҳамлаҳо ба хоки якдигар рӯзи чорум аст идома дорад
Ронандае, ки зери чархи мошинаш ноболиғи 16-сола ҷон бохт, 10 сол равонаи зиндон шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Баҳои умр” қисми 4
Барои насби батареяи офтобӣ дар боми хона иҷозатнома лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 июни соли 2025
Идомаи даргирӣ миёни Эрон ва Исроил. Шаби гузашта чӣ гуна паси сар шуд ва дар ҳоли ҳозир чӣ мегузарад?
Нахустин медали нуқра ва сеюмин медали биринҷии Тоҷикистон дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста