Солҳои охир хокбориш ва ҳавои ифлос барои сокинони шаҳрҳои бузурги кишвар дигар ҳодисаи ғайримаъмулӣ нест. Барои мисол, чанд рӯз аст, ки сокинони шаҳри Душанбе аз хокбориш ва ҳавои гардолуд ранҷ мекашанд.

Дар робита ба ин, мо аз сокинони пойтахт пурсидем, ки сифати ҳавои Душанберо чӣ гуна арзёбӣ мекунанд ва вақти хокбориш худро чӣ гуна ҳифз менамоянд.

Аксари ҳамсуҳбатони гуфтанд, чанд рӯзи охир сифати ҳавои Душанбе хуб нест ва сокинон, махсусан калонсолон паёмади ифлосии ҳаворо аллакай ҳис мекунанд. Ҳангоми хокбориш бошад, кӯшиш мекунанд аз хона бе зарурат берун наоянд, вале ин на ҳама вақт имконпазир аст.

Сабаби ифлосии ҳаворо бошад, сокинон дар зиёд будани нақлиёт ва корхонаҳои саноатӣ дар дохили шаҳр медонанд.

Муфассал - дар навор:

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.