Табибони тоҷик бори аввал амалиёти ҷарроҳии талхадон ва роҳҳои талхагузарро бе буриши ҷисм, яъне аз даҳон (бо усули эндоскопӣ) анҷом додаанд.
Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 13-уми май хабар дода, гуфтааст, ки чунин ҷарроҳӣ “бори аввал дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ гузаронида шуд”. Вале маълум нест, ки ҷарроҳӣ кай гузаронида шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ҷарроҳӣ дар “Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо” бо истифода аз дастгоҳи “Ай Макс” (Eye Max), ки диаметраш 3 мм ва канали кориаш 1.2 мм мебошад анҷом дода шудааст.
Ба навиштаи манбаъ, ин дастгоҳ истеҳсоли Чин буда, имкон медиҳад, гирифторони бемориҳои гуногуни талхадон ва саратони роҳҳои талхагузар бе ҷарроҳии кушода ташхис ва табобат шаванд.
Сорбон Мусоев, мудири шуъбаи ташхису табобати ин марказ гуфтааст, қаблан чунин ҷарроҳиҳо бо усули буриши бадан анҷом дода мешуданд.
Дар бораи кӣ будани бемор ва вазъи саломатии ӯ баъди ҷарроҳӣ иттилоъ дода намешавад. Танҳо хабар додаанд, ки баъди ҷарроҳӣ бо ин дастгоҳ “бемор баъд аз 24 соат ба хона рухсат мешавад ва зуд шифо меёбад”.
Ёдрас мешавем, ки моҳи январи соли ҷорӣ табибони тоҷик бори нахуст бе буриш ҷарроҳии рагҳои калони мағзи сарро дар Душанбе анҷом дода буданд.
Он аз ҷониби табибони Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (маъруф ба бемористони Қарияи Боло) дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Маркази ташхисию табобатии “Дастаи Дил” гузаронида шуда буд. Табибон косахонаи сари сокини 16-солаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлонро бо ин усул ҷарроҳӣ карда буданд.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста