Ҳамасола, 15-уми май дар кишварҳои форсизабон, аз ҷумла Тоҷикистон Рӯзи гиромидошти Ҳаким Абдулқосим Фирдавсӣ таҷлил мегардад. Аблуқосим Фирдавсӣ муаллифи бузургтарин ҳамосаи миллӣ - “Шоҳнома”-и безавол аст. Ӯро барҳақ “паёмбари авсоф” номидаанд ва то имрӯз дар саросари дунё дӯсташ медоранду “Шоҳномахонӣ” мекунанд.

Мо низ ба ин муносибат ба кӯчаҳои пойтахт баромада, аз Фирдавсӣ ёдовар шудем ва ҳамроҳи меҳмонону сокинони Душанбе “Шоҳномахонӣ” кардем.

Бештар дар маводи мо бинед:

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.