Имрӯз Аловуддин Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунарманди саршиноси театру синамо ва ҳаҷви Тоҷикистон, муаллиф, коргардон ва бозигари саҳнаҳои “Шӯхиҳои Аловуддин”, агар умр вафо мекард, 60-сола мешуд. Ӯ соли 2022 дар қуллаи шӯҳрат, вақте 57 сол дошт, дунёро тарк кард.

Ба муносибати милоди ҳунарманд “Азия-Плюс” бо Отахон Абдуллоев, писари Аловуддин Абдуллоев мусоҳиба ороста, перомуни зиндагӣ ва кори расмиву эҷод, хислат ва нақшаҳои доштаи марҳум пурсон шуд.

 

Орзуи давлати пирӣ дошт

- Аловуддин Абдуллоев одатан рӯзи мавлудро таҷлил мекарданд. Акнун Шумо ин рӯзро бидуни падар чӣ гуна мегузаронед?

- Дар рӯзи мавлуди падарам ҳамасола фарзандону пайвандон дар хона ҷамъ мешудем ва ин рӯзро бо суруду мусиқӣ таҷлил мекардем. Падарам аккордеон, гитор ё ягон асбоби зарбӣ ба даст мегирифтанд, мо - фарзандон ҳам ягон асбоби мусиқӣ мегирифтем, падарам месароиданд, мо ҳамовозӣ мекардем. Ҳамин гуна ҳамаи зодрӯзҳои падарам бо рақсу латифагӯиву хандаву бозӣ хотирмон гузаштаанд.

Аловуддин Абдуллоев бо писараш Отахон Абдуллоев

Ин се соле, ки падарам бо мо нестанд, солҳои сангини ҳаёти мо аст. Акнун дар ҷашни 60-солагии падарам ва дар ғарибӣ ҳама хотироти гузашта пешорӯи назарам меоянд. Бисёр сахт аст бепадарӣ ва зиндагӣ бе ӯ бароям душвортар мегузарад. Касби интихобкардаи ман - касби падарам аст ва ҳар коре мекунам, падарамро ба хотир меорам.

- Аслан, Аловуддин Абдуллоев орзуву ниятҳое дар 60-солагӣ доштанд?

- Бале, падарам бисёр орзу доштанд, ки ба синни пиронсолӣ расанд ва давлати пириро дар иҳотаи наберагон гузаронанд. Мегуфтанд, ки вақте пир мешавам, болои кат бо набераҳо бозӣ мекунам, ба онҳо латифа мегӯям ва намегузорам, ки лаҳзае ғамгин бошанд...

Дар мавриди 60-солагӣ, фирк мекунам, ки ниятҳое доштанд, вале ба мо чизе нагуфта буданд. Дар гӯшаи хаёли мо набуд, ки падарам барвақт аз олам чашм мепӯшад. Бовар доштем, ки падарам солҳои сол дар паҳлӯи мо ва такягоҳи мо хоҳад буд. Аммо афсӯс...

 

“Орзу доштам, ки...”

- Аловуддин Абдуллоев барои шумо пеш аз ҳама кӣ буданд - падар, устод ё ҳунарманд?

- Аз ҳамон лаҳзаҳои аввалине, ки худро шинохтам, ба падарам бо нигоҳи пайравӣ менигаристам. Дар лаҳзаву ҳолатҳои гуногун ба тарзи гуфтору рафтори падарам мушоҳидакорона менигаристам ва кӯшиш мекардам, ки ба ӯ тақлид кунам.

Ман дар сатби нахустини “Шӯхиҳои Аловуддин” ҳам ҳузур доштам ва ба тарзи нақшофарии падарам аҳамият медодам. Дар театру синамо ҳам. Агар намоиши “Лаку Пак”, ки падарам нақши Пакро меофарид, беш аз 100 маротиба ба саҳна гузошта шуда бошад, дар ҳамааш ширкат мекардам.

Ҳамеша ҳароҳаш будам ва кору пайкори он кас бароям ҷолиб буд. Аз хурдӣ пинҳон аз падарам нақшҳои ӯро бозӣ мекардам, вале метарсидам, ки дар наздаш тақлидкорӣ кунам. Яъне, ман ҳеҷ гоҳ орзуи кайҳонавард, духтур ё муаллим надоштам, аз кӯдакӣ мехостам, ки ҳунарманд шавам. Аловуддин Абдуллоев бароям падари ҳунарманд ва устоди аввалинам буд.

 

Мансаб таъсири бад расонд...

- Бисёр ҳунармандон мегӯянд, ки мансаб ба эҷодиёти Аловуддин Абдуллоев таъсири манфӣ расонд. Шумо чӣ фикр доред - агар вазифаро намепазируфтанд, эҷодиёташон чӣ гуна идома меёфт?

- Падарам 3 соли ахири умр раҳбари Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон буд ва гуфтан мумкин аст, ки ин вазифа ба эҷодиёташ таъсири бад расонд. Падарам масъулиятшинос буд ва ҳамеша барои рафъи камбудӣ талош мекард. Баъзе мансабдорон ҳастанд, ки мушкилоти соҳаи фаъолияташонро бисёр оддӣ қабул мекунанд, вале падарам ин гуна инсон набуд – ҳамеша бо эҳсосот бархӯрд мекард.

Мо медидем ва худи падарам ҳам ҳис мекарданд, ки мансаб ба кори эҷодиаш таъсири бад расонида истодааст, вале ҳеҷ гоҳ аз забони ӯ нашуданидем, ки аз кор шикоят карда бошад. Марди бомасъулият буд ва кори эҷодиро аз кори расмӣ ҷудо карда ва барои ҳар ду вақт гузошта метавонист.

Аз субҳ то шом дар кори Раёсати фарҳанг банд мешуданд ва шабона хаста омада, боз ба кори эҷодӣ машғул мешуданд. Се соли охири умр аксар саҳнаҳои “Шӯхиҳои Аловуддин”-ро ё шаб ва ё дар рӯзҳои шанбеву якшанбе сабт мекарданд. Яъне, вақти истироҳат ҳам надоштанд.

Агар падарам раҳбарии Раёсати фарҳангр намепазируфт, бовар дорам, ки кори эҷодиаш чанд баробар бештар мешуд.

 


Аловуддин Абдуллоев чӣ орзу дошт?​​​​​​​

- Аловуддин Абдуллоев кадом нақшҳоро орзу доштанд, ки бозӣ кунанд?

Справка по теме

Аловуддин Абдуллоев 15 майи соли 1965 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Соли 1989 Донишкадаи санъати Тоҷикистонро хатм карда, фаъолияташро дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи Қӯрғонтеппа шурӯъ намуд ва то роҳбарии ин театр расид. Се соли ахири умр раҳбари Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон буд. Дар саҳнаҳои театрӣ, филмҳои зиёди бадеӣ ва филмҳои ҳуҷҷатӣ нақши асосиро бозидааст. Барномаи телевизионии “Шӯхиҳои Аловуддин” аз сертамошобинтарин барнома дониста мешавад, ки ӯ таҳия мекард. 17 феврали соли 2022 даргузашт ва дар Бохтар ба хок супорида шуд. Қасри фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар номи ӯ гузошта шудааст.

- Падарам нақшаҳои зиёди эҷодӣ дошт ва аксарашро дар дафтарчае навишта буд, ки он ҳоло дар дасти ман аст. Яке аз нақшаҳои барҷастааш намоише буд, ки аз рӯи қиссаҳои “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ таҳия шуда, дар он танҳо як кас – фақат худи падарам нақш меофарид. Барои ин баъзе тайёриҳо ҳам дида будем ва қисман барномарезӣ шуда буд. Тарҳи он дар дасти ман ҳаст, вале ҳамон гунае, ки падарам мехост, на ман ва на каси дигаре онро таҳия карда наметавонад.

Боз мехост, ки намоиши “Отелла”-ро аз рӯйи асари Шекспир ба саҳна гузорад. Як филми мустанади ҳаҷвӣ ҳам ба нақша гирифта шуда буд, ки нақши қаҳрамони асосиро падарам бозӣ мекард. Инчунин, барои “Шӯхиҳои Аловуддин” ҳам нақшаҳои зиёд дошт ва ҳатто баъзе маконҳои таърихиву сайёҳиро ҳам барои сабти саҳначаҳо интихоб карда буд.

- Ба фикри шумо, Аловуддин Абдуллоев аз кадом ҷиҳатҳо фарқкунанда буданд, ки ҳатто мансабдорони танқидшуда ҳам аз эҷодиёти он кас наранҷида, баръакс қадр мекарданд?

- Саҳначаҳои “Шӯхиҳои Аловуддин” он гуна таҳия мешуд, ки мушкилиро мегуфт, вале касеро намеранҷонд. Ин хосияти худи падарам ҳам буд ва берун аз саҳна ҳам намехост касеро хафа кунад. Ман ёд надорам, ки шабе падарам китоб нахонда ё филме надида бошанд. Мутолиаи бисёр андешаву афкори падарамро мусбат карда буд. Чизи фарқкунандаи дигар манбаи илҳоми падарам буд, ки муҳтаворо аз ҳаёти воқеии мардум мегирифт. Яъне, дар “Шӯхиҳои Аловуддин” муҳобот ё чизе ба дурӯғ монанд ҷой надошт. Вақте “Шӯхиҳои Аловуддин” аз байни мардум мебаромад, боз дар қалбҳои мардум ҷой мегирифт.

 

“Шарм медорам гӯям, ки роҳи Аловуддин Абдуллоевро идома медиҳам”​​​​​​​

- “Шӯхиҳои Аловуддин” яке аз барномаҳои маҳбубтарини мардуми тоҷик аст. Шумо ду саҳнача офаридед: бо ин кор чӣ мақсад доштед ва чаро онро идома надодед?

- Мақсадам идома додани роҳи падарам аст. Рости гап, шарм медорам гӯям, ки роҳи Аловуддин Абдуллоевро идома медиҳам, зеро ман дар он сатҳ нестам. Оғоз кардани идомаи роҳи падарам бароям бисёр душвор буд. Чанд сенария навиштам ва талош кардам, ки як силсила саҳначаҳо сабт кунам. Ин оғоз бароям сахт буд, вале ба ин ҷода қадам ниҳодам.

Ҳоло дар Донишгоҳи умумирусиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов (ВГИК) дар курси аввал таҳсил дорам: ин ҷо аз соати 8:00 то 23:00 ҷараёни дарсу тамрин давом меёбад. Аз ин хотир, натавонистам саҳначаҳои дигарро сабт кунам.

 


Падарам ба касе васияте накардааст, аммо ҳамеша ба ман мегуфт, ки роҳи санъат душвор аст, агар қудраташро дорӣ, ба ин роҳ қадам мон, вагарна – роҳи дигар ҷӯ. Ҳоло аввалин ва асоситарин мақсади ҳаётиам давом додани “Шӯхиҳои Аловуддин” аст ва идомаи роҳи падарамро ҳатман тай хоҳам кард. Дар ин ду саҳнача нуқсонҳои зиёде буд, ки мухлисони падарам ва устодони ҳунар гуфтанд ва худам ҳам дарк кардам. Дар оянда боз беҳтар хоҳад шуд.

- Аз суханон ё гуфтаҳои машҳури падаратон (ба мисли “Ё пирам” ва “Ту ҷӯраи манӣ ё ҷӯраи хирс?”) дар саҳнаҳои ҳаҷвӣ кадомашро бештар истифода мебаред?

- Ҳама гуфтаҳои машҳури падарро, ба мисли “Ду тояш аз ман, ду тояш аз ту - тақсимоти одилона!”, “Бачаҳота ай шоти мо зан метӣ?”, “Изображение ҳасту звук нест”,  “Ту ҷӯраи манӣ ё ҷӯраи хирс?”, “Кори хирс - тамом”, “Дар ҳамин армияи советӣ як тоқа манум?”, “Ҷентелмен” ва “Ё пирам”-ро дар ҳолатҳои мувофиқ, ҳам дар муҳити хона, ҳам дар саҳна ва ҳам дар кӯча истифода мебарам.

 

Ҷойи Аловуддин Абдуллоев холист​​​​​​​

- Баъд аз се сол аз даргузашти падаратон, ба фикри шумо ҷойи холии Аловуддин Абдуллоев дар ҳаҷву театри тоҷик чӣ қадар ҳис мешавад?

- Аз нигоҳи ман, ҷойи Аловуддин Абдуллоев дар театру синамо хеле холӣ аст. Имрӯз аз адами тамошобини театр шикоят мешавад, вале ман ёд дорам, ки дар ҳама намоишҳое, ки падарам нақш меофарид, дар театр курсии холӣ намемонд ва ҳатто мухлисон чанд соат рост истода намоишро тамошо мекарданд. Дар сафарҳои ҳунарӣ дар гӯшаҳои гуногуни кишвар ҳам мухлисон ӯро иҳота мекарданд ва кохҳои фарҳангӣ моломоли ҳаводоронаш мешуд.

Дар соҳаи ҳавҷ ҳам набудани падарам, ба фикрам, барҷаста эҳсос мешавад ва касе ҳам ҷойи холии Аловуддин Абдуллоевро пур карда наметавонад.

 


Тафовути Аловуддин Абдуллоев​​​​​​​

- Аловуддин Абдуллоев дар хона чӣ гуна инсон буданд? Оё шахсияти ҳаҷвии саҳнавӣ ва рафтори хонаводагиашон тафовут дошт?

- Албатта, тафовут дошт - дар саҳна Аловуддин Абдуллоев ҳунарманд буд, дар хона бошад - падар ва такягоҳи фарзандон. Дар хона ҳам ҳамеша шӯхӣ мекард, вале падари сахтгиру ҷиддӣ ҳам буданд.

- Аловуддин Абдуллоев барои худ чӣ арзишҳо муқаррар карда буданд ва ба фарзандон чӣ насиҳатҳо медоданд?

- Арзиши аз ҳама волои падарам инсон будан буд ва ҳамеша талош мекарданд, ки дили касеро наранҷонанд. Падарам бо ҳама бо меҳр ва самимӣ суҳбат мекарданд. Ба мо ҳам ҳамеша талқин мекарданд, ки дили касеро наранҷонед, тамаъ наҷӯед ва пок зиҳед.

 

Хотироти Аловуддин Абдуллоев ҳифз мешавад?

- Оё нақша доред, ки мероси эҷодии падаратонро дар шакли китоб, маҷмӯа ё осорхона нигоҳ доред?

- Аллакай, ман ба навиштани хотироти падарам оғоз кардаам ва дар осорхонае ҳам мероси ба ёдгор мондаи ӯро ҷамъ хоҳем кард. Фикр мекунам, ки будани осорхона ва навиштани китоб дар фарҳанг ва адабиёти муосири мо зарур ва лозима аст.

- Аловуддин Абдуллоев унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистонро доштанд, вале дар Бохтар, дар паҳлӯи модарашон, дафн шуданд. Чаро дар Лучоб – оромгоҳи аҳли адабу ҳунар дар Душанбе ба хок насупориданд?

- Рӯзи марги падарам аз ҷониби Вазорати фарҳанг пешниҳод шуд, ки дар оромгоҳи Лучоб ба хок супорем, вале бояд кадом як иҷозатномаро мегирифтем. Аниқ намедонам, ки он иҷозатномаро доданд ё не, зеро ҳамон лаҳза ман дар ин фикр набудам, ҳатто дар худ набудам, бовар надоштам, ки падарро аз даст додаам...

 


- Агар имрӯз имкони суҳбат бо падаратон медоштед, чӣ мегуфтед ё чӣ савол медодед?

- Вақте падарро аз даст додам, 18 сол доштам. Борҳо шуда, ки бо ёди падар гиря мекунам ва ҳатто гулӯгир мешавам, бароям бепадарӣ сахт аст. Ӯ роҳнамо ва муттакои аслиям буд ва ин роҳро бе роҳнамо ва муттако тай кардан сахт аст. Кош зинда мебуд ва медид, ки ҷигарбандаш ба орзуҳояш расида истодааст, чӣ қадр хурсанд мешуд, чӣ қадр ифтихор мекард...

Агар имкони суҳбат кардан медошатам, пеш аз ҳама мегуфтам, ки падарҷон бисёр дӯстат дорам! Баъдан мегуфтам, ки падарҷон ман дар Донишгоҳи умумирусиягии кинематография таҳсил дорам! Боз мегуфтам, ки роҳи туро идома медиҳам! Ва ҳазорҳо савол дорам, ки аз ӯ пурсам...

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.