Муҳлати будубоши муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Русия то 10 сентябр дароз карда шуд. Амри дахлдори президенти Русия 28 апрел имзо ва дар пойгоҳи санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст. Қаблан барои муҳоҷирон барои қонунӣ кардани ҳузури худ дар Русия то 30 апрел муҳлат дода шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия шиддат меёбад. Мақомоти ин кишвар давоми танҳо як соли гузашта беш аз даҳ қонун таҳияву қабул карданд, ки барои будубош ва фаъолияти ғайриқонунӣ муҷозоти сангин ва ихроҷро пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Русия мегӯяд, ягона роҳи будубошу фаъолияти бидуни мушкил қонунигардонии асноди дахлдор аст. Ниҳодҳои зиддахли Тоҷикистон ҳам аз шаҳрвандон пайваста хоҳиш мекунанд, ки будубош ва фаъолияти худро дар Русия қонунӣ кунанд ва аз ҳар гуна муҷозот орӣ бошанд.

Пештар мо дар навори алоҳида оид ба тартиби хориҷ шудан аз Рӯйхати шахсони таҳти назорати ВКД-и Русия, муфассал маълумот дода будем. Ин бор дар бораи қонунигардонии будубош дар Русия қадам ба қадам маълумот медиҳем.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.