Сафар ба ҳаҷ - 2025 оғоз шуд. Аввалин гурӯҳи зоирон ба Арабистони Саудӣ парвоз карданд. Имсол маросими ҳаҷ бо таҳаввулоти назаррас ҳамроҳ аст: роботҳои зеҳнӣ ба зоирон хидмат мерасонанд ва технологияҳои рақамӣ тамоми ҷанбаҳои сафарро фаро мегиранд. Дар шароите ки Арабистони Саудӣ қоидаҳои қатъиро ҷорӣ намудааст, донистани тамоми ҷузъиёти сафар барои шаҳрвандони Тоҷикистон муҳим аст.

Ин роҳнамо дар асоси иттилои Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон ва муқаррароти Арабистони Саудӣ таҳия шуда ва аз маблағи сафар то либоси муносиб, аз тартиби бақайдгирӣ то тартиботи нави раводид – ҳамаи маълумоти зарурӣ дар шакли саволу ҷавоб пешкаши хонандагон мегардад.

 

Чанд шаҳрванди Тоҷикистон имсолҳаҷ карда метавонанд? Квота чӣ қадар аст ва он чӣ гуна тақсим мешавад?

Имсол Арабистони Саудӣ барои мавсими ҳаҷ ба шаҳрвандони Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст. Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим квотаи ҷудокардаи Арабистони Саудиро ба шаҳру ноҳияҳои кишвар тақсим мекунад. Тақсимот вобаста ба теъдоди аҳолии ҳар шаҳру ноҳия ва теъдоди аризаҳои пешниҳодшуда муайян карда мешавад.

 


Барои сафари ҳаҷ ба куҷо муроҷиат кардан лозим аст?

Шаҳрванд бояд ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи истиқомати худ муроҷиат намуда, ариза пешниҳод кунад. Ин аризаҳо дар ҳукумати шаҳру ноҳияҳо баррасӣ шуда, ҳуҷҷатҳо ба Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим пешниҳод мегардад.

 

Чӣ ҳуҷҷатҳо лозиманд?

Барои сафар ба ҳаҷ чунин ҳуҷҷатҳо лозиманд:

- Ариза ба ҳукумати шаҳр ё ноҳияи истиқомат;

- Нусхаи шиносномаи дохилӣ;

- Маълумотнома аз ҷои истиқомат;

- Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ;

- Шиносномаи хориҷӣ;

 

Синну сол аҳамият дорад?

Бале, синну сол аҳамият дорад. Мувофиқи Қарори ҳукумати ҶТ “Дар бораи тартиби сафари шаҳрвандон барои адои ҳаҷ ва умра”, синни шаҳрванд бояд аз 40 сол боло бошад. Талаботи мазкур ба гурӯҳи корӣ - ҳайати табибон, роҳбаладон татбиқ намегардад. Ҳамчунин, ин талабот танҳо барои сафари ҳаҷ аст. Ба умра шаҳрвандон дар ҳар синну сол рафта метавонанд, зеро барои он маҳдудияти синнусолӣ вуҷуд надорад.

 

Акс аз саҳифаи фейсбуки Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

Вазъи саломатӣ чӣ гуна санҷида мешавад?

Шаҳрванд бояд аз муоинаи тиббӣ гузашта, маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ пешниҳод намояд. Дар ҳолати доштани бемориҳои вазнин ё бемориҳое, ки барои сафари тӯлонӣ монеъ мешаванд, ба мисли бемории қалб, бемории фишорбаландӣ, бемориҳои рӯҳӣ ва бемориҳои сирояткунанда, аризаи шаҳрванд метавонад рад шавад.

 

Маблағ барои сафари ҳаҷ дар соли 2025 чанд аст? Метавононро дар чанд марҳила пардохт?

Арзиши хидматрасониҳои сафар ба ҳаҷ дар соли 2025-ум 56 ҳазору 800 сомонӣ муқаррар шудааст. Он ғайринақдӣ тавассути “Ориёнбонк” пардохт карда мешавад.

Ба он харидории чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Макка ва Мадина, хидматрасонии роҳбаладон, таъмини се вақт хӯрок дар давоми сафар дохил мешавад.

Ҳамчунин, ин маблағ барои хидматрасонии роҳбаладон, таъмини шароити иқомат дар Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён дар масири Ҷидда-Макка-Мино-Арафот-Муздалифа-Мино-Макка-Мадина, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва таъмини онҳо бо маводи доруворӣ, суғурта, падохти боҷи давлатӣ, таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдон ва китоб дар бораи маносики ҳаҷ, барои эҳром ва таҳияи бейҷикҳо истифода мешавад.

Маблағ бояд ба якборагӣ пардохт шавад, имкони пардохти марҳила ба марҳила вуҷуд надорад. Шаҳрванд пас аз тасдиқи сафар аз ҷониби мақомот, бояд маблағро ба суратҳисобе, ки барои сафар ба ҳаҷ дар бонки “Ориёнбонк” боз шудааст, пардохт кунад.

 

Вазъ ва тавоноӣ барои рафтан ба ҳаҷ чист? Дороиро месанҷанд?

Вазъ ва тавоноӣ маънои имкониятҳои молиявӣ ва ҷисмонии шаҳрвандро барои адои ҳаҷ дорад. Ҳаҷ рукни панҷуми Ислом аст ва он ба шахсоне фарз мегардад, ки қудрат ва тавоноӣ доранд.

Ҳукумати шаҳру навоҳӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, вазъи иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандро месанҷанд. Онҳо меъёрҳои гуногунро барои муайян кардани вазъи молиявӣ, ҷисмонӣ ва равонии шаҳрванд истифода мебаранд. Дороии шаҳрванд низ арзёбӣ мешавад, то муайян гардад, ки ӯ имконияти пардохти маблағи сафарро дорад ва ин сафар ба вазъи иқтисодии оилааш таъсири манфӣ намерасонад.

 

Basheer Saleh

Раводид барои ҳаҷро аз куҷо ва чӣ тавр бояд гирифт?

Шаҳрванд шиносномаи хориҷии худро бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ (бастаи ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани раводиди Шоҳигарии Арабистони Саудӣ зарур аст) ба Кумита пешниҳод мекунад. Гирифтани раводид ва дигар расмиёти зарурӣ аз сӯи ин ниҳод анҷом мешавад.

 

Оё бо раводидҳои дигар, ба мисли сайёҳӣ имсол ба ҳаҷ рафтан мумкин аст?

Не, имсол бо раводидҳои дигар ба ҳаҷ рафтан мумкин нест. Аз охири моҳи апрели соли 2025 ҳеҷ кас ҳаққи ба шаҳри Макка ворид шудан надорад, агар раводиди махсуси ҳаҷ надошта бошад. Ин тартиботи нав аз ҷониби Арабистони Саудӣ барои пешгирии ҳаҷҷи ғайрирасмӣ ҷорӣ шудааст.

 

Муддати сафари ҳаҷ чанд рӯз аст?

Муддати сафар то 1 моҳ дар назар дошта шудааст. Ин муддат тамоми сафарро аз лаҳзаи парвоз аз Тоҷикистон то бозгашт ба Ватан дар бар мегирад. Дар ин муддат зоирон ҳама маросими ҳаҷро анҷом дода, баъд ба Ватан бармегарданд.

 

Оё шаҳрванде, ки бемории сабук дорад, имкон дорад, ки ҳамроҳаш дору барад?

Бале, шаҳрванд метавонад доруҳои заруриро бо худ барад, аммо тавсия дода мешавад, ки пеш аз сафар бо мутахассисони тиббии Кумита маслиҳат кунад. Аз ҷониби Кумита ҳар сол ҳайати табибон ба Арабистони Саудӣ сафарбар мешаванд ва дар ду шаҳр - Макка ва Мадина нуқтаҳои тиббӣ доранд. Нуктаҳои тиббӣ бо маводи доруворӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунин, зоирон дар корти рақамии "Нусук" дафтарчаи тиббӣ доранд, ки дар он маълумоти муҳими тиббӣ сабт мешавад.

 

Пеш аз сафар имкон ҳаст, ки дар бораи тартибу низом ва муқаррароти дини ислом дар бораи ҳаҷ дарс гирем?

Бале, давоми як моҳи пеш аз сафар роҳбаладони Кумита ба зоирон дарс медиҳанд ва тартиботи ҳаҷро мефаҳмонанд. Ин дарсҳо барои тамоми зоирон ҳатмӣ мебошад. Дар ин дарсҳо шаҳрвандон бо тамоми ҷанбаҳои динӣ, ҳуқуқӣ ва амалии сафари ҳаҷ шинос мешаванд. Роҳбаладон аз ҳоҷиён риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими ҷашну маросим"-ро пеш аз сафар ва баъди сафар тақозо мекунанд.

 

Basheer Saleh

Оё китоб ё барномаи таълимӣ барои омодагӣ ба ҳаҷ ҳаст?

Бале, аз ҷониби Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба зоирин китобчаи “Роҳнамои ҳаҷ ва умра” дода мешавад, ки дар он одоб ва тартиби сафари ҳаҷ ва умра нишон дода шудааст. Ин дастури муфассал барои шаҳрванд имкон медиҳад, ки бо ҳама ҷанбаҳои маросими ҳаҷ шинос шавад. Ҳамчунин, дар дарсҳои якмоҳа пеш аз сафар маводи таълимии иловагӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Либоси занону мардон чӣ гуна бояд бошад?

Мардҳо бо худ эҳром (порчаи сафеди нодӯхта, ки вақти ҳаҷ дар ҳудуде, ки муқаддас шуморида шудааст, ба бар кардани он барои мардон ҳатмӣ аст) мегиранд. Барои занҳо либоси муқаррариашон (либосе, ки дини ислом барои занҳо пӯшидани онро ҳатмӣ кардааст) эҳром ҳисоб мешавад.

 

Мавсими ҳаҷ чанд муддат давом мекунад?

Мавсими ҳаҷҷи 2025 аз нимаи дуюми моҳи май оғоз шуда, ҳудуди як моҳ давом мекунад. Дар ин муддат ҳама зоирон бояд маносики ҳаҷро анҷом диҳанд. Маросими асосии ҳаҷ одатан дар рӯзҳои 8, 9 ва 10-уми моҳи зулҳиҷҷа (тақвими исломӣ) анҷом дода мешавад. Хусусан:

- рӯзи 8-уми зулҳиҷҷа - рӯзи таъйиноти зиёрат ва омодагӣ ба рӯзи Арафа;

- рӯзи 9-уми зулҳиҷҷа - рӯзи Арафа (рӯзҳои муқаррарӣ барои худи ҳаҷ), ки ибодат ва дуоҳои махсус анҷом меёбанд;

- рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа - рӯзи иди Қурбон, ки қурбонӣ карда мешавад ва баъд аз он дигар маросимҳои ҳаҷ, монанди тавоф ва саъй анҷом дода мешаванд.

Яъне, рӯзҳои 8-10-уми зулҳиҷҷа ҳамчун рӯзҳои асосии маросими ҳаҷ маъруфанд.

 

Пас аз анҷоми маносики ҳаҷ ва бозгашт ба ватан, ҳоҷӣ ҳақи баргузории маъракаи “ҳоҷизиёрат”-ро дорад?

Тибқи моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст.

 

Имсол чӣ қоида ва тартиботи нав барои адои зиёрати ҳаҷ ҷорӣ шуд?

Имсол Арабистони Саудӣ чунин тартиботи нав ҷорӣ кардааст:

- Аз 29-уми апрели 2025 барои ворид шудан ба шаҳри Макка ва адои ҳаҷ фақат онҳое, ки раводиди махсуси ҳаҷро доранд, иҷозат хоҳанд дошт;

- Ҷорӣ намудани корти рақамии "Нусук" барои ҳар як зоир;

- Таъмини "Нусук Браслет" - дастгоҳҳои интеллектуалӣ, ки сатҳи оксиген дар хун ва тапиши дилро назорат мекунанд;

- Истифодаи роботҳои зеҳнӣ дар Масҷиди Ҳарам ва дигар маконҳои муҳими Макка;

- Насби камераҳои зеҳнӣ ва сенсорҳо барои огоҳсозӣ аз издиҳоми одамон.

 


Барномаи "Нусук" чӣ гуна кор мекунад? Онро доштан ҳатмӣ аст?

Барномаи "Нусук" як корти рақамиест, ки ба ҳар як зиёраткунанда дода мешавад. Ин корт ба зоирон имкон медиҳад, ки дар бораи ҳама маконҳои муқаддас маълумот пайдо кунанд ва аз хидматҳои пешниҳодшуда баҳра баранд. Корт панҷ портали асосиро дар бар мегирад:

- Маълумоти шахсии шаҳрванд;

- Дафтарчаи тиббӣ;

- Ҷои истиқомат дар Макка;

- Ширкати хидматрасоние, ки шаҳрванд аз он истифода мекунад;

- Маълумоти роҳбари гурӯҳ.

Доштани ин барнома ҳатмӣ аст ва ҳар як шаҳрванд бояд дар тамоми раванди адои ҳаҷ онро ҳамроҳ дошта бошад.

 

Қонун ва чораҳо барои нақзи тартиботи нав дар мавсими​​​​​​​ҳаҷ чӣ гуна аст?

Агар тартиботи нав нақз шавад, ҷазоҳои зерин татбиқ мешаванд:

- Ҷаримаи то $27 ҳазор доллари амрикоӣ;

- То 10 сол ихроҷ аз Арабистони Саудӣ.

Ин чораҳо барои нақзи тартиботи ворид шудан ба шаҳри Макка бе раводиди махсуси ҳаҷ муқаррар шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.