Хостгории хонаводаи тоҷик аз духтари эронӣ, истиқболи фавқулода ғайритабии хонаводаи эронӣ барои дар ҳайрат гузоштани тоҷикон, аз ҷумла намоиши мошини паррон, паридани мӯйсари сохтаи падари тоҷик аз сараш ва бархӯрдани он ба симчӯбу хомӯш шудани барқ ва гузашта аз ин, намоён шудани нишони досу болға дар сари ӯ, ки нишони давлати шӯравист. Ин як лаҳзаи ҷолибест аз нақшофарии ҳунармандони тоҷик дар филми эронии “Пойтахт”. Ин чӣ гуна филм аст ва аз чӣ қисса мекунаду ҳунармандони тоҷик чӣ гуна ба он пайвастаанд? Дар ин матлаб пиромуни ин мавзуъ қисса мекунем.

Ҳунармандони тоҷик дар филми эроние бо номи “Пойтахт” нақш офариданд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хуш пазируфта низ шуд. Дар он филм чор бозигари тоҷик - Қурбони Собир, Моҳпайкар Ёрова, Таҳмина Раҷабова ва Манучеҳр Ҳабибов дар ҳайати як оилаи маъмулии тоҷик нақш офаридаанд. Ҳунармандоне, ки дар ин филм нақш офариданд, қиссаи интихоб шудан дар ин филм ва лаҳазоти филмбардорӣ дар Эронро нақл карда, андешаҳои худро дар бобати муҳити синамои Эрону Тоҷикистон иброз доштанд.

 

“Пойтахт” чӣ гуна филм аст ва аз чӣ қисса мекунад?

“Пойтахт” силсилафилми маъруфи эронӣ буда, дар жанри мазҳака ва иҷтимоӣ офарида шудааст. Ин силсилафилм яке аз филмҳои маҳбубтарину овозадори Эрон дар чанд соли охир маҳсуб ёфта, қиссаи оилаи Нақии Маъмулиро аз Мозандарон (шаҳре дар Эрон) нақл мекунад. Дар ду сол як мавсими филм таҳия мешавад ва давоми 14 соли охир 7 мавсими он рӯйи пардаи синамо омадааст. Дар ҳар фасл оилаи Нақӣ бо рӯйдодҳои нав ва чолишҳои тоза рӯбарӯ мешавад, ки дар баробари лаҳзаҳои хандаовар, ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи Эрон низ ишора мекунанд.

Коргардони филми “Пойтахт” Сируси Муқаддам буда, Муҳсини Тановандӣ, ки нақши асосӣ (Нақӣ)-ро иҷро кардааст, яке аз таҳиягарони филмнома аст.

 

Намогирифт аз филм

Дар мавсими 7-уми ин силсилафилми мазҳакавӣ ҳунармандони тоҷик низ нақш офаридаанд, ки фасли алоҳидаи ин филмро бо Тоҷикистон мепайвандад. Нақшофарии ҳунармандони тоҷик дар ин филм аз қисми 12-ум оғоз меёбад ва хонаводаи тоҷик барои хостгорӣ ба Эрон меравад.  Маншаи ин бошад, писари тоҷири ин хонавода аст, ки ба духтари эронӣ дил мебандад.

 

Ҳунармандони тоҷик чӣ гуна интихоб шуданд?

Ба нақли ҳунармандони тоҷик, ки дар ин филм нақш офаридаанд, моҳи июли соли 2024 синамогарони Эрон ба Тоҷикистон барои интихоби ҳунармандон омаданд. Онҳо мехостанд чаҳор ҳунарманд, ки аъзои як оиларо мебозанд, интихоб кунанд.

Моҳпайкар Ёрова, ҳунарпешаи тоҷик мегӯяд, Театри ҷавонон мавзеи баргузории кастинг интихоб шуд ва беш аз 100 ҳунарманди тоҷик дар он иштирок карданд. 

Қурбони Собир, ки дар ин филм нақши падари хонаводаи тоҷикро иҷро мекунад, замоне ба филм даъват шудааст, ки тоза, баъди се моҳи филмбардорӣ дар Чин, ба ватан бозгашту хеле хаставу афсурда будаву ҳавсалаи нақшофарӣ дар театру синаморо надоштааст.

 

Намогирифт аз филм

“Шабу рӯзе буд, ки ҳеч чиз намехостам. Рӯзе аз Театри Лоҳутӣ баромада ба хона мерафтам, ки яке аз шогирдонам занг зада, хоҳиш намуд, то дар Театри ҷавонон лаҳзае бозистам. Онҷо бо синамогарони эронӣ, аз ҷумла коргардони филм, Сируси Муқаддам вохӯрдем, ки ба ман бозидани нақши падарро дар ин филм пешниҳод карданд”, - гуфт Қурбони Собир.

Аммо ӯ мегӯяд, ба гумони он ки филмбардорӣ рӯзҳои наздик оғоз мешаваду ҳанӯз хастагиаш рафъ нашудааст, иҷрои нақшро дар ин филм рад мекунад. Вале чун иттилоъ медиҳанд, ки то филмбардорӣ ҳудудан се моҳ вақт ҳаст, розӣ мешавад.

Манучеҳр Ҳабибов ва Таҳмина Раҷабова, ҳунармандони ҷавони синамои тоҷик, ки ҳарду нақши фарзандони ин хонаводаи тоҷикро иҷро кардаанд, гуфтанд, дар кастинге, ки аз ҷониби синамогарони Эрон эълон шуда буд, ширкат варзиданду ба ин восита интихоб шуданд.

Ба ин чор ҳунарманди тоҷик баъди чанд муддат хабар мерасад, ки онҳо барои нақшофарӣ дар мавсими ҷадиди филми “Пойтахт” интихоб шудаанд ва моҳи ноябр ба Эрон сафар мекунанд.

 

Намогирифт аз филм

Ҷараёни филмбардорӣ дар Мозандарон

Филмбардорӣ дар деҳаи Ширгоҳи Мозандарон ҷараён гирифтааст. Ба гуфтаи Қурбони Собир, сабти филм ҳудуди 10-12 рӯз давом кард ва дар ин муддат ҳамеша шабона, аз соати 15-16 то соати 3-4-и субҳ сабти филм идома кардааст.

Ҳунармандони тоҷик аз муносибату пазироии эрониён изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид мекунанд, ки ҳаргиз дар ин кишвар ғарибиро эҳсос накардаанд. Ҳамчунин онҳо аз муҳити филмофарӣ дар ин кишвар, омодагӣ ба сабти филм, пойгоҳи техникӣ ва кори коргардону мавқеи синамо дар ин кишвар таъриф карданд.

Ба гуфтаи Моҳпайкар Ёрова, он хонае, ки хонаводаи тоҷик барои хостгории духтари эронӣ рафта буд ва автобусе, ки дар шакли хонаи сайёр дар филм дида мешавад, махсус барои ҳамин филм сохтаву омода шуда буданд ва пайдост, ки хароҷоти зиёдро низ тақозо кардааст.

Моҳпайкар Ёрова мегӯяд, синамогарони Эрон аз ҳунари нақшофарии ҳунармандони тоҷик розӣ буданд. Аз ҷумла, лаҳҷаву баёни хоси тоҷикӣ ба онҳо мақбул афтодааст.

“Забони онҳо бо калимаҳои фаронсавиву англисӣ омехта шудааст ва вақте забони моро гӯш мекарданд, мегуфтанд, ки забони форсии тоза куллан аз шумо тоҷикон аст”, - иброз намуд ҳунарпеша.

Манучеҳр Ҳабибов, ки дар филм нақши домоди тоҷикро офаридааст, мегӯяд, қаблан аз набзи филм огоҳ набуданд ва баъди огоҳӣ аз равишу мазмуну мундариҷаи он ба сабти филм шурӯъ кардаанд.

 

Намогирифт аз филм

Ин ҳунарпешаи ҷавон бо зикри баъзе вижагиҳои мактаби синамои Эрон гуфт, ба онҳо пеш аз оғози филмбардорӣ таъкид намудаанд, ки “театрӣ бозӣ накунанд”.

“Масалан, ҳангоми нақшофарӣ мо бештар барои ифодаи эҳсосот аз “мимика” истифода мебарем. Онҳо бошанд, эҳсосотро ба воситаи сухану нигоҳ хеле самимонаву одӣ ифода мекунанд, яъне на садои баланду пасту на доду фарёди барзиёд”, - изҳор намуд Манучеҳр Ҳабибов.

Таҳмина Раҷабова, ки дар филм бо исми Санам ба унвони духтари хонаводаи тоҷикӣ нақш офаридааст, мегӯяд, иштироки ӯ дар филми “Пойтахт” ва сафар ба Эрон ҳамзамон барояш як мактаби бузурги таҷрибаи коргардонӣ буд, ки ҳаргиз имкон надошт, ин таҷрибаро аз даст диҳад.

“Ман он ҷо танҳо ба ҳайси як бозигар набудам. Агар дар майдони сабт чун ҳунарпеша нақш офарам, замоне, ки аз нақшофарӣ озод будам, аз дидгоҳи коргардонӣ ҳар як ҷузъиёту тарзи кор ва тамоми кори коргардонро аҳамият медодам ва бо худ ҳамчун коргардон як мактаби таҷрибаро ҳам гирифта овардам”, - гуфт Таҳмина Раҷабова.

 

“Ҳунарманди тоҷик аз ҳунарманди “болливуд”-у “голливуд” камӣ надорад”

Ҳунармандони тоҷик аз мактаби синамои Эрон васф намуданд ва таъкид ҳам карданд, ки барои нақшофарӣ дар филми “Пойтахт” дастмузди хуб гирифтанд.

Онҳо зикр карданд, ки нисбати синамои ватанӣ низ хушбинанд ва мушкили асосиро дар камбуди маблағу мутахассисон медонанд. 

Ба андешаи Қурбони Собир, синамогарони тоҷик низ иқтидори офаридани филмҳои барҷастаро доранд ва мушкил танҳо маблағ аст. 

 

Намогирифт аз филм

“Ҳама чизҳое, ки синамогарони эронӣ доранд, мо низ дорем, ба истиснои пул. Филмро бе маблағ сохта намешавад. Асп дорем, човандозӣ карда метавонем, фақат майдон лозим аст. Майдон ба маънои маблағ аст”, - тавзеҳ медиҳад ҳунарпеша.

Ба андешаи Моҳпайкар Ёрова низ, “ҳунармандони тоҷик аз ягон ҳунарманди “болливуд”-у “голливуд” камӣ надоранд”. Ӯ танҳо баъзе  мушкилотеро, ки синамои миллии Тоҷикистон бо он мувоҷеҳ аст, зикр намуд. 

“Дар Эрон дар як силсилафилм, ки ҳар фаслаш беш аз 20 қисм аст, 150 нафар кор мекунад ва доимо бо ҳаманду ҳар яке вазифаи худро медонад. Дар мо бошад ингуна нест. Мо ба мутахасиссон, чӣ наворбардору пардозгару рассому коргардон, ниёз дорем”, - тавзеҳ дод ӯ.

Моҳпайкар Ёрова низ камбуди маблағро мушкили асосӣ хонда, аз ширкатҳои бонуфузе, ки дар кишвари мо низ шумораашон кам нест, ҷиҳати маблағгузорӣ накардани синамои миллӣ шиква кард. Ӯ ҳамчунин аз як ҳолате ёд овард, ки барои ҳамкорӣ дар маблағгузории филми кутоҳе назди чанд молики ширкатҳои бузург рафта буданду дар посух танҳо сукуту беамалиро мушоҳида намуданд. 

“Шояд онҳо боварӣ надоранд, ки филм муваффақ мешавад. Аммо бояд бовар кард”, - сабаби ин беҷавобии моликонро тахмин мекунад ҳунарпеша.

Таҳмина Раҷабова таъкид менамояд, ки дар 5-7 соли охир синамои тоҷик хеле рушд кардааст ва филмҳои боарзише рӯйи саҳна омадаанд.

 

Намогирифт аз филм

“Бадии кор дар он аст, ки аксари коргардонҳое, ки филми хуб мегиранд, филмашонро ба нархи арзон фурӯхтан намехоҳанд ва ба ин ҳақ доранд. Бояд филмҳо харида шаванд, то коргардон маҳсули заҳмати худро ба даст орад”, - таъкид мекунад ӯ.

Ин ҳунарпешаи тоҷик бо ишора ба он ки “Пойтахт” силсилафилми телевизионӣ буда, аз ҷониби яке аз телевизионҳои эронӣ маблағгузорӣ мешавад, харидор надоштани филмҳоро дар Тоҷикистон боиси нигаронӣ медонад.

Ба андешаи Таҳмина Раҷабова, сабаби инкори рушди синамои тоҷик аз ҷониби баъзе нафарон дар ноогоҳии эшон аст. Зеро аксари филмҳо солҳои аввали ба тасвир омаданашон дар Ютубу дигар порталҳо нашр намешаванд ва коргардон бояд подоши заҳмати худро ба даст орад ва филм бояд хароҷоти худро аввал рӯйпӯш кунад.

Бояд гуфт, силсилафилми “Пойтахт” дар телевизионҳои Эрон намоиш дода шуд ва ҳоло онро аз шабакаи Ютуб пайдо кардан мумкин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.