Шуруъ аз 30-юми июни соли ҷорӣ шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Русия сафар кардан мехоҳанд, бояд на дертар аз 72 соат пеш аз вуруд ба ин кишвар дар бораи мақсади вуруд ва будубош маълумот пешниҳод кунанд. Ин қисми дуввуми лоиҳаи таҷрибавӣ доир ба муосирсозии қоидаҳои вуруд ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ аст, ки дар ин бора қарори ҳукумати Русия аз 7-уми ноябри соли 2024 баромада буд.
Маълумот бояд тавассути замимаи мобилии “Госуслуги RuID” ва 72 соат пеш аз вуруд пешниҳод карда шавад. Дар айни замон он дар марҳилаи таҳия қарор дорад.
Шаҳрвандони хориҷӣ пеш аз вуруд бояд дар замима сабти ном шуда, ҳуҷраи шахсӣ боз намояд. Барои сабти ном сурат ва маълумоти шахсиро ба барнома ворид карда, санаи тахминии вуруд ва будубошро нишон додан зарур аст. Дар ҳолатҳои таъҷилӣ, масалан беморӣ ё марги наздикон, дархост метавонад на камтар аз 4 соат пеш аз расидан пешниҳод гардад.
Пас аз пешниҳоди маълумот, ба муҳоҷир рамз ирсол мегардад ва дар марзи Русия танҳо бо он иҷозаи вуруд дода мешавад. Мӯҳлати эътибори дархост 90 рӯз муайян шудааст.
Барои кӯдакони то синни 6-сола, онҳое, ки дорои ИМЗ (Иҷозатномаи муваққати зист), ҲИЗ (Ҳуҷҷати иҷозаи зист) ва шаҳрвандии Беларус мебошад, ирсоли дархост зарур нест. Барои кӯдакони аз 6 то 18-сола дархостро волидайн ё сарпарастон бо доштани иҷозати эътибори худ пешниҳод мекунанд.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи таҷрибавӣ то 30-юми июни соли 2026 идома хоҳад кард. Қисми аввали ин лоиҳа аз 1-уми декабри соли 2024 амал мекунад. Тибқи он ҳамаи шаҳрвандони хориҷие, ки тавассути фурудгоҳҳои Шереметево, Домодедово, Внуково, Жуковский ва гузаргоҳи мошингузари Маштаково (вилояти Оренбург) ворид ё хориҷ мешаванд, аз назорати биометрӣ мегузаранд.
Акнун аз 30-уми июн талаботи нав дар ҳамаи гузаргоҳҳои марзии Русия роҳандозӣ карда мешавад.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар хусуси қоидаи нав изҳорот нашр накардаанд.
Аммо Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон бо нашри як изҳорот ба шаҳрвандони кишвараш қоидаи навро шарҳ додааст.
“Аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ пешниҳоди ариза барои ворид шудан, пеш аз ҳама, барои ташаккули профили рақамии ӯ, ки маҷмӯи маълумот дар бораи шаҳрванди хориҷиро ифода мекунад, зарур аст. Доштани профили рақамии шаҳрванди хориҷӣ дар оянда имкони ҳамкории ӯро бо мақомоти давлатӣ ва ташкилоти Русия дар шакли электронӣ ҳангоми гирифтани хидматҳои давлатӣ таъмин хоҳад кард”, - таъкид кардааст мақомоти ин кишвар.
Мақомоти Русия гуфтаанд, “қарори вуруди шаҳрванди хориҷӣ ба Русия мустақиман дар гузаргоҳи сарҳади давлатии ин кишвар қабул карда мешавад”.
Аммо дар воқеият вазъи дигар аст. Садҳо шаҳрванди хориҷӣ дар марзи ин кишвар соатҳову шабонарӯзҳо дар навбат истода, дар ниҳоят бидуни шарҳ ё далели мушаххас аз иҷозаи вуруд маҳрум мемонанд.
Ёдрас мешавем, ки Вазорати рушди рақамии Русия қаблан изҳор дошт, ки агар ин таҷриба муваффақ шавад, қоидаҳои нав ба амалияи доимӣ табдил ёфта, раванди вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба кишварро ба таври назаррас соддатар мекунад.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста