Хориҷиёне, ки ғайриқонунӣ дар Русия ҳузур доранд, будубоши худро бояд то 10 сентябри соли 2025 қонунӣ гардонанд ё қаламрави кишварро тарк кунанд. Аз ин рӯ, аксари муҳоҷирони корӣ тарзи рафтан ба Қазоқистон барои вуруди нав ва гирифтани мақоми қонуниро интихоб мекунанд. Дар ҳамин ҳол, онҳо аз навбатпойиҳои беохир ва поймолкунии ҳуқуқҳояшон арзу шикоят мекунанд.

Яке аз чунин қиссаҳо

Мунира аз Тоҷикистон зиёда аз 20 сол инҷониб ҳамроҳи шавҳараш дар Маскав кору зиндагӣ мекунад. Рӯзи 24 апрел ӯ ҳамроҳи дигар ҳамватанон сарҳади Русия ва Қазоқистонро мегузарад, то ки тибқи амри нав ҳуҷҷатҳояшро дуруст кунад.

Дар гузаргоҳи марзии “Жайсан/Сагарчин” навбати зиёде аз мошинҳо буд. Одамон соатҳо интизор мешуданд - ин ҷо шаҳрвандони Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо буданд.

Рӯзи 24 апрел онҳо ба Қазоқистон ворид шуда, рӯзи дигар (25 апрел) боз дар ҳамин гузаргоҳ буданд. Лекин танҳо соати 10-и шаби рӯзи 26 апрел муяссар мешавад, ки боз ба Русия раванд.

Гузаргоҳи "Сагарчин" аз ҷониби Русия дар марзи Русия ва Қазоқистон
Сурат аз торнамои orenburg.kp.ru

Ин дафъа навбат хеле бузург буда, миёни одамони “дармонда” тоҷикон зиёд буданд. Дар ҳамин ҳол, шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистон ва дигар кишварҳо бидуни мушкилӣ мегузаштанд.

Ба гуфтаи Мунира, вазъият тамоман ноодилона буд – мошинҳо бо шаҳрвандони Тоҷикистон доимо ба қафои навбат гузошта мешуданд:

“Агар мошине бо шаҳрвандони Тоҷикистонк дар пеш меистоду паси он ӯзбекон буданд, ба тоҷикон иҷозаи гузаштан намедоданд ва мегуфтанд: “Аввал дигарон, баъд шумо”. Тоҷиконро ба охири навбат фиристода, шаҳрвандони дигар кишварҳоро иҷозаи гузаштан медоданд ва ба шиносномаашон муҳр мезаданд”.

Ӯ зикр кард, ки нисбати тоҷикон муносибати ошкоро душманона зоҳир мешуд. Ба гуфтаи вай, марзбонони рус ҳамаҷониба мекӯшиданд, ки гузаштани онҳоро душвор созанд. Одамон соатҳо интизор шуда, бисёриҳо гурусна ва хаста буданд, аммо муносибат таҳқиромез ва ғайриинсонӣ буд.

Таҳқир дар сарҳад

Мунира аз як ҳолате гуфт, ки ӯро хеле мутаассир сохтааст. Дар яке аз мошинҳои тоҷикон духтаре бо телефон гуфтугӯ мекард. Марзбонон инро дида, қотеъона огоҳ карданд, ки гуфтугӯ бо телефон манъ аст. Духтар посух дод, ки бо модараш суҳбат дошт ва ба ӯ макони будубошашро мегуфт. Аммо ин посух вазъиятро сабуктар накард:

Марзбон ба назди ронанда омад ва талаб кард, ки чархҳои мошинро канда, навор гирад ва ба ӯ нишон диҳад. Ронанда маҷбур шуд итоат карда, ду чархро гирад ва навор гирифта, ба марзбон нишон дод.

Дар ҷавоб ба ӯ гуфтанд: “Ҳоло боқимондаи чархҳоро ҳам канда, боз навор гиру нишон деҳ”. Ронанда маҷбур шуд ҳамаи чор чархро гирифта, навор бардорад ва дубора ба онҳо нишон диҳад. Баъд аз ин, марзбон бо истеҳзо гуфт: “Акнун чархҳоро мустаҳкамтар ба ҷояшон мон”.

Мунира чунин муносибатро паст задани шаъну эътибор ва таҳқири воқеии тоҷикон номид. Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки намедонад, оё дар ҳақиқат сӯҳбат бо телефон дар марз манъ аст ё не ва барои ин чӣ гуна ҷазо пешбинӣ шудааст.

Навбатпойии мошинҳое, ки аз гузаргоҳи "Жайсан/Сагарчин"" марзро убур мекунанд
Сурат аз торнамои ural56.ru

Баъди гузаштан аз марз, онҳоро ба шӯъбаи патент равона карданд. Мунира изҳор дошт, ки дар ин ҷо шаҳрвандони Тоҷикистон рафтори дуруст надоштанд ва навбатро риоя намекарданд, ҳарчанд ин кор аз онҳо дархост мешуд.

“Эҳтимол, чунин вазъият марзбононро хаста кардааст ва онҳо дигар наметавонанд худро идора кунанд. Бо вуҷуди ин, тартибот дар марз ба сурати умум риоя мешуд”, - илова кард Мунира.

Дар натиҷаи ҳамаи санҷишҳо, шавҳари Мунира ихроҷ шуд, ҳарчанд расман кор мекард ва тамоми ҳуҷҷатҳои заруриро дошт. Дар нуқтаи охирини санҷиш марзбон хабар дод, ки шавҳараш наметавонад гузарад, зеро дар соли 2012 бо баъзе ҳуҷҷатҳо мушкил доштааст ва бинобар ин, ба ӯ иҷозаи вуруд дода намешавад.

«Ин корманд хеле хушмуомила буда, аз ҳодисаи рухдода изҳори таассуф мекард  ва ягона нафаре буд, ки вазъи моро фаҳмида, ғамхорӣ кард”, – мегӯяд Мунира.

Шавҳари Мунира аллакай ба Душанбе баргашта, худи зан низ хонаашро мефурӯшад ва ба зудӣ ба Ватан бармегардад.

Ёдовар мешавем, ки аз охири моҳи марти соли 2024 пас аз ҳамлаи террористӣ дар толори консертии «Крокус Сити Холл» дар вилояти Маскав, назорат дар марзҳои Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон шадидтар шуд. Дар як қатор фурудгоҳҳо шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор гирифта, ҳатто муҳтавои телефонҳои мобилиашонро тафтиш мекарданд. Бисёриҳоро бе шарҳи сабаб ба ватан бозпас фиристода, вурудашонро ба Русия манъ мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.