Дар Тоҷикистон нахустин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик (IXP) бо номи TJ-IX (Tajikistan Internet Exchange) дар базаи ҶСК «Тоҷиктелеком» ба фаъолият оғоз кардааст. Мақомот мегӯянд, “лоиҳаи мазкур ба баланд бардоштани сифати интернет ва соҳибихтиёрии рақамӣ равона шудааст”.
Аз Хадамоти алоқа ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ҳадаф ва вазифаҳои ин нуқта “баланд бардоштани суръати дастрасӣ, коҳиши хароҷот барои трафики байналмилалӣ, баланси амнияти киберӣ ва соҳибихтиёрии рақамӣ, ташкили экосистемаи рақамии ягона ва муҳайё намудани платформа барои ҳамкории провайдерҳо иборат мебошад”.
Аз ин ниҳод гуфтанд, ки IXP ки ба провайдерҳо ва ташкилотҳо имконият медиҳад, ки трафикро мустақим мубодила кунанд.
“Лоиҳаи мазкур барои иштирокчиён мубодилаи мустақими трафик, сабукии шабака, таъмини сифати баланди алоқа, шартҳои соддаи пайвастшавӣ, дастгирии IPv4 ва IPv6-ро кафолат медиҳад”, - гуфтанд аз ин ниҳод.
Хадамоти алоқа мегӯяд, “ғунҷоиши шабака то 500 Гбит/с буда, вақти кафолатноки он ба 99.99% баробар мебошад”.
Ин ниҳод аз провайдерҳои интернет, муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳои хусусӣ, муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои маълумот хостааст, ки ба Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик (IXP) пайваст шаванд.
Хадамоти алоқа мегӯяд, нақша дорад, ки дар ояндаи наздик нуқтаҳои TJ-IX-ро дар минтақаҳои гуногуни кишвар ташкил карда, платформаҳои байналмилалиро ҷалб намояд. Ҳамзамон лоиҳаро бо шабакаҳои донишгоҳӣ пайваст созад.
“Ифтитоҳи TJ-IX — қадами муҳим дар самти интернети мустақилу босифат дар Тоҷикистон мебошад. Татбиқи пурраи он ба соҳибихтиёрии бештари рақамии кишвар мусоидати фаъол хоҳад кард”,-гуфтанд аз ин ниҳод.
Ташкили Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик дар ҳолест, ки сокинони кишвар қариб ҳамарӯза аз суръати паст ва нархи гарони интернет дар кишвар шикоят мекунанд.
Зимнан, Тоҷикистон дар рейтингии моҳи апрели “Speedtest Global Index” аз рӯи суръати интернети собит (проводной) ҷойи 117-ум-ро миёни 155 кишвар ишғол мекунад. Суръати миёнаи боргирӣ (download) 36,96 Мбит/с буда, назар ба суръати миёнаи ҷаҳонӣ (98,3 Мбит/с) хеле поинтар аст.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста