Дар пайи нашри матлаби “Азия-Плюс” дар робита ба ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактаб ва кӯдакистонҳо, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бори дигар ҳушдор дод, ки ҷамъоварии ҳама намуди маблағ барои таъмиру гармикунонии мактабу кӯдакистонҳо манъ аст.
Ҳафтаи гузашта “Азия-Плюс” дар пайи шикояти теъдоде аз сокинони кишвар дар бораи талаби иҷбории маблағ барои таъмир дар мактабҳои ҷумҳурӣ матлабе бо унвони “Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб” нашр кард. Дар ҳоле, ки Вазорати маориф ва илм ҳаргуна ҷамъоварии маблағ дар мактабҳоро ҳамеша рад мекунад, сокинон мегӯянд, ки барои таъмири мактаб аз хонандагон аз 50 то 150 сомонӣ пул талаб мешавад.
Дар пайи нашри ин мақола, дирӯз, 22-юми май Сарраёсати маорифи пойтахт бо нашри як эълон гуфт, “бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фасод ва маблағҷамъкунии ғайриқонунӣ” дар мактабу кӯдакистонҳо дастури Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт баромадааст.
Ин ниҳод гуфтааст, агар масъулони мактабу кӯдакистонҳои шаҳри Душанбе барои чунин корҳо пул талаб кунанд, сокинон метавонанд тариқи рақамҳои 221-30-92, 992 002 20 40 (WhatsApp) ё почтаи электронии [email protected] ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе муроҷиат кунанд.
Ҳар сол дар арафаи анҷоми соли хониш талаби пул барои таъмири мактаб аз сокинон доғ мешавад. Дар бештари ҳолатҳо падару модарон ба хотири тарсу ҳарос ва ихроҷ накардани фарзандонашон аз мактабҳо нисбати хилофи қонунгузорӣ ҷамъ кардани маблағ хомӯширо ихтиёр мекунанд.
Зимнан, як пажӯҳиши Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон маълум кардааст, дар мактабҳо барои таъмири синфхонаҳо, лавозимоти дарсӣ, зодрӯзи омӯзгорон ва гузаронидани мулоқоту маросими расмӣ маблағ ҷамъ мекунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар суханронии худ дар рӯзи 1-уми сентябр аз таҷрибаи беасос ситонидани маблағ аз хонандагон, аз ҷумла барои зодрӯзи омӯзгорон интиқод карда аз роҳбарони вазорати маориф ва шуъбаҳои маориф хост то “ба ин ҳолатҳо қатъӣ хотима бахшанд”.
“Тавассути омӯзгорон ҷамъ овардани маблағ барои баргузории чорабиниҳо, таъмину тармим, обуна ба нашрияҳои гуногун ва монанди инҳо, шахсияти омӯзгорро дар назди ҷамъият беқадр мекунад”, - гуфта буд раисҷумҳур.
“Занги охир” ҳам манъ аст
Дар баробари ин, Сарраёсати маориф таъкид кардааст, ки дар тамоми мактабҳои шаҳри Душанбе баргузор кардани чорабинии “занги камолот” ва ё “занги охир” манъ мебошад.
Бояд гуфт, ки қаблан дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми май ба таври анъанавӣ поёни соли таҳсил дониста мешуд ва то соли 2009 хатмкунандаҳо онро бо баргузор кардани “занги охир” таҷлил менамуданд.

Пас аз манъи таҷлили “занги охир”, 24-уми майи соли 2016 Вазорати маориф ва илм тасмим гирифт, ки ҳама гуна ҷашнҳои марбут ба оғозу анҷоми соли хониш дар мактабҳо манъ карда шавад.
Имсол, соли хониш барои хонандагони синфи 1-ум 24 май ба итмом расида, аз 25 май онҳо ба таътил мебароянд. Барои толибилмони синфҳои 2-11 дарсҳо рӯзи 31 май ба охир расида, пас аз ин давраи имтиҳонсупорӣ оғоз мегардад.
Имтиҳонҳо барои хонандагони синфҳои 4, 8 ва 10-ум дар давраи аз 2 то 10 июн баргузор мешаванд. Барои толибилмони синфи 9-ум давраи супурдани имтиҳонҳо то 16 июн давом карда, хатмкунандагони синфи 11-ум аз 2 то 20 июн имтиҳон месупоранд.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста