Рӯзи 30-юми май дар Душанбе бо иштироки Фарзона ва Озарахш, ду Шоири халқии Тоҷикистон маҳфили “Ҳумоюн” баргузор мегардад. Дар ин бора Шоҳона Каримова, духтари ин ду шоир ба «Азия-Плюс» хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, маҳфил соати 10:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ оғоз мегардад.
Дар маҳфил гуфтугӯ бо шоирон ва рӯнамоии китобҳои “Сетор”-и Фарзона ва “Ба баҳонаи баҳорон”-и Озарахш, ки дар Эрон ба нашр расидааст, дар назар аст. Дар поёни маҳфил ҳунармандони шинохтаи кишвар аз эҷодиёти ин ду шоир шеърҳо месароянд.
Иштирок дар маҳфил озод буда, ҳаводорони шеъру адаб метавонанд ширкат кунанд.
Ёдрас мешавем, ки муассисони ин маҳфил шоирон Озарахш ва Фарзона буда, ҳар нишасти он дар навоҳии гуногуни Суғд доир мегардид.
Моҳи январи соли ҷорӣ дар Эрон низ яке аз силсиламаҳфилҳои “Ҳумоюн” баргузор шуд. Ҳамчунин дар он маҳфил 60-солагии Фарзонаро, ки моҳи ноябри соли гузашта ба ин син қадам ниҳода буд, таҷлил карда буданд.
“Сетор” гулчини ғазалҳои Иноят Хоҷаева, мутахаллис ба Фарзона буда, моҳи ноябри соли гузашта дар остонаи 60-солагии ӯ ба нашр расид. Ин китоб ахиран моҳе пеш ба хати форсӣ баргардон ва дар Эрон низ ба ин хат ба табъ расид.
“Ба баҳонаи баҳорон” бошад гулчини ғазалиёти Толиб Карими Озарахш буда, соле пеш дар Эрон бо хати кирилли ва форсӣ ба нашр расида буд.
Ёдовар мешавем, ки Ҳумоюн, номи писари ягонаи Озарахш ва Фарзона аст, ки 13-уми апрели соли гузашта аз олам даргузашт. Ӯ донишҷӯи шӯъбаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буд.
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста