Ҷонибек Муродов, сарояндаи шинохтаи тоҷик, дар остонаи мавлудаш меҳмони “Азия-Плюс” шуд ва дар мавриди чаҳор намоҳанги наваш, дӯстиаш бо Валиҷон Азизов, хотироташ аз Дамирбек Олимов, сафари ҳунариаш ба Амрикову Аврупо ва ҳамовозиаш бо муҳоҷирон гуфтугӯ кард.
Тақдири фоҷеабори ҷавони муҳоҷир
- Ҳафтаи гузашта намоҳанги нави Шумо бо номи “Хотира” интишор шуд. Дар он ҷавоне дар садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат мерасад. Дуруст аст, ки саргузашти қаҳрамон асоси воқеӣ дорад?
- Бале, Умедҷон Ҷӯраев қаҳрамони воқеӣ аст. Ӯ аз тоҷикони зодаи Самарқанд аст ва дар шаҳри Бруклини штати Ню-Йорки ИМА ҳамроҳи модараш зиндагӣ мекард. Дар як фоҷеа рӯзи 19-уми августи соли 2024 дар 16-солагӣ ба ҳалокат расид.
- Шумо чӣ гуна аз саргузашти Умедҷон Ҷӯраев огоҳ шудед?
- Апаи Муҳаббат, модари Умедҷон, дар паёмрасони инстаграм ин саргузаштро ба ман навиштд. Аз миёни ҳазорҳо паём иттифоқан онро хондам ва ба модар таслият гуфтам. Он кас хоҳиш карданд, ки барои таскили дили модар, ба хотири Умедҷон суруд сароям.
Дар аввал ба фикр афтодам, пеши худ тасмим гирифта будам, ки дигар суруди ҳузнангез намехонам, зеро дар “репертуарам” ин гуна оҳангу суруд зиёд аст. Аммо дилам ором нагирифт ва ба модар ваъда додам, ки тақдири Умедҷонро ба риштаи назм дароварда, онро месароям.
Як ҳафта муназзам бо апаи Муҳаббат дар тамос будам ва ҳама саргузашти модару писарро фаҳмидам. Он кас чандин сол интизори фарзанд будаанд ва баъди муддати мадиде соҳиби писар мешаванд. Умедҷон фарзанди ягонаи модар аст ва апаи Муҳаббат ӯро ба танҳоӣ бузург мекунад. Ӯ ягона такягоҳ ва умеди зиндагии модар буд. Вақте Умедҷон ҷон мебозад, апаи Муҳаббат якбора ягона такягоҳ ва тамоми умедҳояшро аз даст медиҳад.
Ин саргузашт маро ором нагузошт ва дар фикри таҳияи суруд шудам. Аз устод Озарахш хоҳиш кардам, ки матни оҳангро нависанд, зеро устод ин дардро дарк карда метавонистанд. Розӣ шуданд. Чанд маротиба ҳамроҳи апаи Муҳаббат перомуни Умедҷон гуфтугӯ карданд ва ниҳоят ин дардро рӯйи варақ оварданд.

- Оҳанги “Хотира” чӣ гуна эҷод шуд ва он ҳамон дардро дода тавонист?
- Барои ин суруд дастикам 5 оҳангсоз оҳанг навишт, вале ҳамааш ба дил нашишт. Баъд Азиз Абдураҳмонов, оҳангсози шинохта аз Ӯзбекистон оҳанги охиринро навишт, ки ҳам рӯҳбахш ва ҳам ҳузнангез буд. Ин намоҳангро бидуни бофтаву сохтаҳо, айнан аз рӯйи саргузашти апаи Муҳаббат ва писараш Умедҷон, бо оҳанги Азиз Абдураҳмонов сароидам.
Воқеан, “Хотира” нахустин намоҳанги ман буд, ки ду маротиба ба навор гирифта шуд. Бори аввал мо намоҳангро омода кардем, вале апаи Муҳаббат напазируфтанд. Гуфтанд, қаҳрамоне, ки дар намоҳанг нақши Умедҷонро бозида буд, ҳам зоҳир ва ҳам ботинаш ба писарам монанд набуд. Умедҷон писари зиндадил ва бисёр шӯхтабиат буд. Баъди чанд рӯз ҷавонеро пайдо карда, пешниҳод карданд ва мо дубора намоҳангро ба навор гирифтем.
- Намоҳанги “Хотира” қариб 10 дақиқа аст. Ин тӯлонӣ нест? Ва агар дубора сабт шуда бошад, барои он чӣ қадар маблағ масраф шуд?
- Бале, “Хотира” танҳо намоҳанг нест, онро филми хурд ҳам гуфта метавонем. Барои он беш аз 100 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Аммо дар баробари ҷигари сӯхта ва дили ғамдидаи модар он чизе нест. Агар заррае ҳам таскинбахши қалби апаи Муҳаббат ва дигар модарони ҷигарбанд аз даст дода шуда бошад, шод ҳастам. Ростӣ, баъди қариб 10 сол апаи Муҳаббат ба Самарқанд омаданд ва рӯзҳои наздик меҳмони хонадони мо ҳам мешаванд.

“Дӯстиро бо дӯст мехонанд охир”
- Аз ин пештар, Шумо бо Валиҷон Азизов таронаи“Дӯст”-ро сароидед. Ин дар мавзӯи дӯстӣ дуввумин таронест, ки бо Валиҷон Азизов иҷро мекунед. Ҳадаф ва паёми ин тарона чист?
- Валиҷон Азизовро аз солҳои 2000-ум мешиносам ва аз ҳамон замон мо дӯстони наздикем. Бале, қариб 10 соли пеш бо Валиҷон суруди “Дӯстӣ”-ро хонда будем. Боз имсол худи Валиҷон пешниҳод кард, ки суруди дигари дӯстиро сароем. Матни онро ҳам устод Озарахш навиштаанд. Бо ҷону дил қабул кардам. Таронаи дӯстиро бо дӯст мехонанд.
- Пас аз суруди “Душанбе” бо Сироҷиддин Фозилов ва Зикриоллоҳ Ҳакимов, шунидам, ки бо чанд овозхон дар пайи таҳияи таронаи “Тоҷикистон” ҳастед. Дар бораи он ҳам маълумот медиҳед?
- Бале, таронаи “Тоҷикистон” бо ҳамсароии ман, Сироҷиддин Фозилов, Валиҷон Азизов, Мубориз Усмонов ва Фаррух Ҳасанов таҳия шудааст. Он ҳам дар сабки мактаби кӯҳна ва ҳам сабки мактаби нав омода шудааст. Аллакай, намоҳанги онро ҳам дар маконҳои зебои кишвар сабт кардем ва рӯзҳои наздик манзури мухлисон хоҳад шуд.

“Мухлиси Дамирбек Олимов ҳастам”
- Дӯсти дигаратон Дамирбек Олимов ба ёдам омад. Ба муносибати Рӯзи ҷавонон, ба хотири гиромӣ доштани ёди Дамирбек Олимов як гурӯҳ сарояндагони ҷавон консерти “Дунё”-ро баргузор мекунанд. Шумо чаро дар ин барнома ҳузур надоред?
- Барои он ки ҳамон рӯз дар шаҳри Хуҷанд ва баъдан дар шаҳри Тошканд консерт дорам. Аммо ширкати “JM” барномаи консертии дигареро ба хотири гиромидошти ёду хотироти Дамирбек Олимов ба нақша гирифтааст. Дар фурсати муносиб, дар макони муносиб, шояд ҳам дар Душанбе ва ҳам дар Хуҷанд, ин барнома роҳандозӣ мешавад. Ин консерт дар сатҳи баланд, бо бозхонии сурудҳои Дамирбек Олимов ва сурудҳои дар васфи ӯ эҷодшуда баргузор хоҳад шуд.
- Воқеан, Шумо дар як консерти худ, пас аз марги Дамирбек Олимов, барои поси хотираш суруди“Ношинос”-ро бозхонӣ кардед. Дар консерти тарҳрезишуда боз кадом суруди марҳумро бозхонӣ мекунед?
- Дамирбек Олимов овозхони касбӣ буд, ҳам шашмақом ҳам эстрадаро хуб мехонд ва сабки хоси худро ҳам дошт. Ман ба ин боварам, ки касе дар сатҳи ӯ сурудҳояшро бозхонӣ карда наметавонад. Ҳама сурудҳои Дамирбек мондагоранд ва арзиши бозхониро доранд, вале талош кардан даркор, ки хуб бозхонӣ шаванд.
- Шумо дар як консерт иттифоқан Дамирбек Олимовро ба саҳна даъват кардед ва дар байни мухлисон “имтиҳон” гирифтед, ки сурудҳои шуморо медонад ва ё на. Он вақт Дамирбек Олимов суруди“Нозанин”-и шуморо ҳамроҳатон хонд. Агар ин “имтиҳон”-ро аз худи Шумо бигирем, метавонед чанд суруди Дамирбек Олимов зинда ва мисли худаш сароед?
- Албатта, ман ҳам мухлиси Дамирбек Олимов ҳастам ва бисёр сурудҳои ӯро азёд медонам. Аз ҷумла, сурудҳои “Дунё”, “Бачагӣ”, “Ношинос”, “Дилором” ва “Модар”-и Дамирбек Олимов бисёр дӯст медорам, мешунавам ва месароям.
Вақте ду бозор як мешавад...
- Баргардем ба корномаи худатон. Дар “репертуар”-и Шумо дуэтхонӣ зиёд ба назар мерасад. Чаро ба ҳамсароӣ таваҷҷӯҳ доред?
- Дуруст мегӯед, ки ман зиёд дуэт хондаам. Аксарашро худи сарояндагон ва дӯстонам пешниҳод кардаанд. Ин ба фикрам хуб аст. Зеро дуэтро мухлисони ҳамаи сарояндагон мебинанду мешунаванд, аудитория зиёд мешавад ва ба фаъолияти ин ё он ҳамсаро ҳам таъсир мерасонад. Ин роҳе ҳам ҳаст, ки ду бозорро як мекунад ва фоидаовар ҳам ҳаст.
- Дар воқеъ, Шуморо яке аз сарояндагони гаронарзиш медонанд, ки бо нархи баланд ба тӯю маросими мардум меравед. Тасдиқ мекунед?
- Бале, тасдиқ мекунам. Барои он ки дар шоу-бизнес, натанҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар Осиёи Марказӣ, кам сарояндае мисли ман маблағ масраф мекунад. Арзиши тӯйро мардум метавонанд аз продюсерам пурсанд. Андозро ҳам месупорам.

Сафари ҳунарӣ дар Амрикову Аврупо
- Дар оянда боз чӣ нақшаҳо доред?
- Рости гап, қариб шаш моҳ ман ҳам аз кори ҳунарӣ, ҳам аз таҳияи намоҳангҳо ва ҳам аз маъракаҳои мардум бинобар вазъи нохуби саломатиам даст кашидам. Барои он ки дар гармию сардиҳо эҳтиёткорона амал накарда, ба вазъи саломатиям аҳамият надодам, ба бемории “грижа”-и миён гирифтор шудам. Аввал дар Олмон табобат гирифтам, баъдан дар Ӯзбекистон ҷарроҳӣ кардам ва кунун ҳолам хуб аст.

Аз 25-уми апрел ба кори эҷодиву ҳунарӣ баргаштам ва дар тӯли як моҳ аллакай ду намоҳанг – “Дӯст” ва “Хотира” – ба ҳаводоронам пешниҳод кардам. Рӯзҳои наздик, баъди таронаи “Тоҷикистон”, боз як таронаи ошиқонаи худам бо забони русӣ пахш мешавад.
Дар оянда як сайёҳати ҳунарии бузург ба нақша дорам, аз ҷумла мехоҳам боз дар маконҳои гуногуни Амрико, Аврупо ва Канада консерт монам. Агар вазъ ором ва вуруду хуруҷи муҳоҷирон осон шавад, дар Русия ҳам барномарезиҳо дорам.
“Илоҳо гум шавад номи ғарибӣ”
- Ба мушкилоти муҳоҷирон дар Русия ҳам таваҷҷӯҳ доред?
- Ман чанд сол боз ба Русия нарафтаам. Вақте мефаҳмам, ки шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳҳо бесабаб соатҳо боздошт ва нигаҳдорӣ мешавад, ғамгин мегардам. Ин муомила бигзор бо роҳи дипломатӣ баррасӣ ва ҳал шавад. Суруди “Мусофир”-е, ки ҳамроҳи устод Ҷӯрабек Муродов сароидем, дарди дили муҳоҷирон аст:
Чӣ маҳтобест дар шоми ғарибӣ,
Чӣ хуршедест дар боми ғарибӣ,
Шабу рӯзаш надорад набзи ором,
Илоҳо гум шавад номи ғарибӣ!

- Дар моварои зодрӯзатон, ба мухлисони худ ва ҳаводорони мусиқӣ чӣ паём ва гуфтаниҳо доред?
- Аввалан ба тамоми ҷаҳон сулҳу осоиш таманно дорам ва баъдан ба ҳама мардуми шарифи Тоҷикистон ва мухлисони қадрдонам саломатӣ ва ҳама хушиҳои зиндагиро орзу мекунам. Худо кунад, ки рӯзу рӯзгори ҳамаи мо бо хубиҳову хушиҳо бигзарад!
Марги декани пешини Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар боздоштгоҳ баъди эълони ҳукми додгоҳ
Даргирӣ миёни Телавив ва Теҳрон давом дорад. Дар Исроил ва Эрон чӣ мегузарад?
Лағви чанд парвоз аз Тоҷикистон ба Эрон. Парвози чартерӣ тавассути Ашқобод баррасӣ мешавад
НБО Сангтуда-1: Таърифа поён, қарз бахшида, вале муҳлати истифодаи нерӯгоҳ аз сӯйи Русия тамдид шуд
Эълони исми ғолибони озмуни аксбардории “Рамзи дӯстии Чин ва Тоҷикистон”
Ваъдаи ним млн сомонӣ барои пайдо кардани Сабинаву Малика, ки 12 сол пеш гум шуда буданд
Қурби доллар нисбат ба сомонӣ баъди уфти чашмрас дубора боло рафт
Боздошти як гурӯҳи 5-нафара бо гумони муомилоти 180 кг маводи мухаддир
Байни Душанбе ва Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ барқарор шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Бори гарон” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста