Дар шаҳри Душанбе тахриби мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №20 ба номи Пушкин оғоз шуд. Дар ҷойи бинои кӯҳна мактаби нави муосир сохта мешавад. Нимпайкараи Александр Пушкин барканда шуда, ба ҷойи дигар бурда мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” мудири мактаби мазкур Инна Сафронова хабар дод.
Дар қаламрави мактаби №20 мактаби нави чорошёна сохта мешавад. Мактаби нав бо ошхона, китобхонаи электронӣ, майдони варзишии калон ва толори варзишӣ муҷаҳҳаз мешавад. Айни замон хонадагони мактаби №20 ба мактаби №55-и пойтахт гузаронида шуда, дар он ҷо ҳозир хатмкунандагон имтиҳон месупоранд.
Мактаби таърихӣ
Дар қаламрави мактаб нимпайкараи шоири маъруфи рус Александр Пушкин гузошта шудааст ва мактаб ҳам номи ин шоирро дорад. Тавре ки Инна Сафронова зикр кард, ин нимпайкараи калонтарини шоир дар ҷумҳурӣ буда, ҳифзу нигаҳдории он бо супориши вазир Матлубахон Сатториён зери назорати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ қарор дорад. Дар Вазорат низ ин маълумотро тасдиқ карданд.

Муовини вазири фарҳанг Манучеҳр Шарифзода дар ин робита изҳор намуд, ки ҷойи нав барои нимпайкарааи шоир баъдтар интихоб шуда, дар баркандан ва ба ҷойи нав интиқол додани он ҳеҷ мушкилие рӯйи кор нахоҳад омад.
Мактаби №20 соли 1938 сохта шуда, яке аз аввалин мактабҳо дар Душанбе аст. Замони Ҷанги Бузруги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар ин ҷо беморхона (госпитал) амал мекард. Ба хотири гиромидошти хонандагон ва омӯзгорони мактаб, ки ба ҷабҳаи ҷанг рафта, аз он ҷо дигар барнагаштанд, дар саҳни он лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст.

Мудири мактаб Инна Сафронова бо дархости ҳифзу нигаҳдории ин лавҳаи ёдгорӣ ба хотираи ҳалокшудагон низ муроҷиат намуд.