Аз боздошти Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ду рӯзноманигори ҷавони тоҷик, имрӯз се сол пур мешавад. Рӯзи 15-уми июни соли 2022 дар роҳ ба сӯи Конибодом дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ Далери Имомалӣ боздошт ва шоми ҳамон рӯз Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба додситонии Шоҳмансур даъват ва дастгир гардид.
Танҳо субҳи рӯзи дигар, 16-уми июн мақомот тавассути вакили дифоъ гуфтанд, ки онҳо дастгир гардида, барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Пасон Далери Имомалӣ ба 10 сол ва Абдулло Ғурбатӣ ба 7,5 сол равонаи зиндон шуданд. Ҳоло ҳардуи онҳо дар маҳбаси маъруф ба “Якум Советский” дар Душанбе ҳастанд.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки баъди се соли боздошту зиндонӣ шудани ду рӯзноманигори тоҷик ба суроғи хонаводаҳои онҳо равад, то аз рӯзгори се соли талхашон пурсон шавад ва пайомади ин қазияро дар зиндагиашон бифаҳмад.
“Падари Далер ба муҳоҷират рафтанд”
Зайтуна Иноятова, ҳамсари Далери Имомалӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки то ба ҳол ба бегуноҳии шавҳараш бовар дорад ва умедвор аст, ки ӯ ба зудӣ аз зиндон озод шуда, ба назди пайвандонаш бармегардад.
Ба гуфтаи Иноятова, вазъи саломатии Далери Имомалӣ бад нест ва қариб ҳар ҳафта тариқи телефон бо фарзандону наздиконаш гуфтугӯ мекунад. Онҳо дар 2-3 моҳ як маротиба дар зиндон вомехӯранд. Бори охир 12-уми май мулоқот доштаанд.
“Дар зиндон ҳам ба корҳои фарҳангӣ машғуланд. Рӯзи 9-уми май ҳам як чорабинӣ дар зиндон гузаронидаанд. Саломатиашон бад нест. Бештар ба китобхонӣ машғул ҳастанд”, - гуфт Зайтуна Иноятова.
То замони боздошт Далери Имомалӣ, Зайтуна Иноятова ва фарзандонаш дар хонаҳои иҷора дар Душанбе зиндагӣ мекарданд, вале пас аз зиндонӣ шудани сарпарасти оила ба хонаи падарии рӯзноманигор – шаҳри Ҳисор кӯч бастанд.

Се сол боз Зайтуна Иноятова хонашин ва парастори кӯдаконаш аст. Аммо азбаски зиндагонӣ сахт шудааст, ахиран падари Далери Имомалӣ ба муҳоҷират ба Русия рафтааст.
ҳамсари рӯзноманигор гуфт, ки ҳоло сарпарасти хонавода пурра ба дӯши падари Далери Имомалӣ аст, ҳар маблағе, ки дар мусофират ба даст меорад, ба хона мефиристад ва муддатест барнагаштааст. Занҳои оила бошанд, дар замини наздиҳавлӣ ба кишту кор машғуланд.
“Кай ба дидани дадам, ба хонаи дадам меравем?”
Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам гуфт, ки ӯ аз вазъи саломатиаш шикоят надорад, вале дар мавриди зисташ дар паси панҷараҳо зиёд ҳарф намезанад.
Онҳо ҳам қариб ҳар 2 моҳ як бор дар зиндон мулоқот мекунанд, вале Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар як ҳафта 2-3 маротиба тариқи телефон бо оилааш гуфтугӯ мекунад. Мулоқоти охирини онҳо дар моҳи апрел гузаштааст.
“Фақат бештар аз ҳаводиси берун аз зиндон мепурсанд, вале дар бораи зиндон қариб чизе намегӯянд. Саломатиашон ҳам бад нест. Агарчи то ҳол иттиҳомро қабул надоранд, вале дар ин муддат ба тақдир тан додаанд”, - гуфт Мубораки Қосим.
Вақте Абдуллоҳ Ғурбатӣ боздошт шуд, писари ӯ - Масъуд 10-рӯза буд, акнун вай роҳгард ва ҳарфзан шудааст. Ӯ гоҳ-гоҳе ба дидори падараш меравад, вале дарк намекунад, ки ӯ зиндонист.

“Чанд вақт боз зиёд падарашро мепурсад. Ҳар субҳ аз хоб хеста, мегӯяд, ки “кай ба дидани дадам, ба хонаи дадам меравем?”. Ин саволаш маро азоб медиҳад. Чӣ гуфтанамро намедонам...”, - мегӯяд ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ.
Мубораки Қосим ҳам то боздошти шавҳараш дар Душанбе дар хонаи иҷора зиндагӣ мекард, баъди зиндонӣ шудани Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳамроҳи писараш ба хонаи падари Ғурбатӣ ба Кӯлоб рафт.
Як муддат Мубораки Қосим ҳам дар Кӯлоб ба рӯзноманигорӣ машғул шуд, ҳоло бошад, бо таваллуд шудани духтарчааш – Муҳаббат хонашин аст.
Ба гуфтаи ӯ, зиндагиашон аз замоне ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ зиндонӣ шуд, тамоман дигар гашт, сахт ва душвор шуд. Ҳоло бори зиндагиро модар ва бародарони Абдуллоҳ Ғурбатӣ кашида истодаанд.
Пас аз як соли боздошту ҳабси Далеру Абдуллоҳ, Зайтуна ва Муборак перомуни раванди боздошт, ҳабс ва талхиҳои зиндагиашон қисса карда буданд, ки дар ин пайванд мутолиа карда метавонед.
Далери Имомалӣ кист ва чаро зиндонӣ шуд?
Далери Имомалӣ хатмкардаи Донишкадаи санъат ва ҳунарҳои зебо ба номи Мирзо Турсунзода аст. Ӯ аз рӯи ихтисос коргардон аст ва чандин сол дар самти театру кино низ кор кардааст.
Далер аз таъсисдиҳандагони театри хиёбонии “Нигоҳи нав” буд, ки чандин намоишномаҳоро таҳия кардааст, аммо ӯ бештар ҳамчун ровии радио ва блогер шинохта гардид. Далер чанд муддат дар радиои “Ватан” ба ҳайси ровӣ кор кард. Ӯ замоне дар радиои “Имрӯз” низ кор карда буд.
Далери Имомалӣ мавқеи устувори шаҳрвандӣ дошт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буд. Дар наворҳое, ки таҳия менамуд, ба мавзӯҳои иҷтимоӣ ва доғи рӯз таваҷҷӯҳ карда, бо эҳсоси баланд барои ҳалли он даъват менамуд. Далер вақтҳои охир бештар ҳамчун блогер фаъолият менамуд ва бо чеҳраҳои саршинос оид ба мавзӯҳои баҳсноку ҳассос мусоҳибаҳо анҷом медод.
Дардноктарин навори ӯ барои доираи мушаххаси мақомдорон навор аз маҳаллаи Зардушти ноҳияи Шоҳмансур буд. Бори охир Далер ҳамроҳи Абдулло дар робита ба тахриби бинои сокинони маҳаллаи Зардушти ноҳияи Шоҳмансур тамошобини зиёд пайдо кард.

Баъдан, барои рӯшанӣ андохтан ба масъалаи тахриби биноҳо Абдуллоҳ бо Далер дар рӯзи қабули раиси ноҳияи Шоҳмансур, ба бинои ҳукумати ин ноҳия омаданд ва аз рӯзи қабули он гузориш омода карданд, ки дар он гуфта мешуд, раиси ноҳия онҳоро қабул накард. Пас аз нашри ин навор, аввал Далер барои муддате боздошту ба қавли худаш, аз ҷониби корманди прокуратураи ин ноҳия “шаппотӣ хӯрд” ва дертар раҳо гардид.
Бо гузашти чанд рӯз, Далери Имомалӣ дар роҳ ба шаҳри Конибодом аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ноҳияи Айнӣ боздошт ва ба Душанбе интиқол дода шуд.
Баъдан бо моддаҳои 259, қисми 1 (Соҳибкории ғайриқонунӣ), 346, қисми 1, банди “А” (Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ) ва 307 қисми 2 банди 3 (Иштирок дар идтиҳоди экстремистӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, ба 10 соли зиндон маҳкум гардид.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ кист ва чаро зиндонӣ шуд?
Авазмад Ғурбатов, ки бо тахаллуси эҷодии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар майдони журналистика фаъолият дошт, яке аз ҷавонтарин рӯзноманигорони умедбахши тоҷик муаррифӣ мешавад. Ӯ то замони боздошт дар расонаҳои гуногун, аз ҷумла ҳафтаномаҳои “Пайк”, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон – ҳафтаномаи “Фараж” ва Агентии иттилоотии “Азия-Плюс” фаъолият дошт ва бештар мавзӯъҳои иҷтимоии ҳассосро баррасӣ менамуд.
Ӯ ҳамчунин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буд ва андешаҳои худро дар робита ба масоили гуногун иброз менамуд.
Абдуллоҳ ду маротиба мавриди латукӯби “шахсони номаълум” қарор гирифт, аммо дар як ҳолат омилони ин латукӯб пайдо нашуд ва дар ҳолати дуввум чанд тан барои майдаавбошӣ бо ҷарима аз ҷазо озод шуданд.
Вақтҳои охир Абдуллоҳ бештар ба суратгирӣ ва таҳияи навору филмҳои кӯтоҳ машғул буд, ки дар озмунву фестивалҳои дохиливу хориҷӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд.

Охирин самте, ки Абдуллоҳ ба он таваҷҷуҳ намуд, ҳамкорӣ бо Далери Имомалӣ буд. Абдуллоҳ бо Далер ҳарду барои Ютуб-канали Далери Имомалӣ аз мушкилоти аҳолӣ ва мавзӯҳои иҷтимоии ҳассос, аз ҷумла раванди қабули шаҳрвандон аз ҷониби мансабдорон ва монеаҳои дар ин самт ҷойдоштаву муносибати кормандону мансабдорони давлатӣ, навор таҳия мекарданд.
Рӯзе, ки Далери Имомалӣ боздошт шуд, Абдуллоҳ Ғурбатӣ барои додани шоҳидӣ аз ҷониби ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур даъват гардид ва пас аз додани шоҳидӣ, вақти тарки бинои шуъба, дубора бо иттиҳомӣ “истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” ва “таҳқири намояндаи ҳокимият” боздошт гардид ва баъдан ӯ ҳамчунин, барои “иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ” гумонбар ва ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд.
Ҳам Далери Имомалӣ ва ҳам Абдуллоҳ Ғурбатӣ худро бегоуноҳ медонанд ва иттиҳоме, ки алайҳи онҳо эълон шудааст, пурра рад мекунанд. Ҳамчунин, баъди эълони ҳукми онҳо, даҳҳо созмонҳои муътабари журналистии дохиливу хориҷӣ, ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон ва чеҳраҳои шинохта ҳукми додгоҳро “ноодилона ва сангин” унвон карда, аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки он бозбинӣ шавад ва рӯзноманигорон аз зиндон раҳо гарданд.
Радди фишору табъиз ва бозгашт ба ватан. Муҳоҷирони пешин талош доранд дар ватан барои худ ҷойи кор эҷод кунанд
Дар Душанбе смартфонҳои нави HONOR 400 Pro рӯнамоӣ шуд
“Умр”-и дубораи пластика. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз коркарди партов даромад ба даст орад?
Кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия. Маош чанд аст ва кор чист?
Дастаҳо ва футболбозони тоҷик чӣ қадар арзиш доранд?
“Таваккал ба Худо кардему ба ёрӣ шитофтем”. Қаҳрамонии панҷ ҷавони тоҷик дар обанбори Истраи Русия
Сафаралӣ Наҷмиддинов, собиқ вазири молияи Тоҷикистон имрӯз дар 74-солагӣ даргузашт
Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин. Онҳо дар бораи чӣ суҳбат карданд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Афсона
Боз як талоши эҷоди маҳдудият. Дар Русия мехоҳанд, муҳоҷирон ба ватан аз маошашон бештар пул нафиристанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста