Дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои гарм пешгӯӣ мешавад. Аз ҷумла, ҳарорати миёна дар ин ҳафта дар сатҳи 39 дараҷа қарор мегирад. Аксар вақт мо ҳатто фикр намекунем, ки дар ин рӯзҳои хеле гарм чӣ хӯрему чӣ нӯшем, то ки ба организм сарборӣ наорем.

Дар бораи якчанд қоидаҳои ғизои солим дар фасли тобистон табодули назар намуда, як қатор тавсияҳои муфидро манзуратон месозем, то паси сар кардани ин гуна обуҳаво осонтар шавад.

Кадом нӯшокиҳо ташнагиро беҳтар мешикананд?

Сарфи назар аз интихоби васеи нӯшокиҳои ташнашикан, ки дар ҳавои гарм сари ҳар қадам фурӯхта мешаванд, нӯшокиҳои муфиди ташнашикан аз зарарнокро фарқ кардан лозим аст.

Таври маълум, тарзи аз ҳама беҳтар, осон, арзон ва аз ҳама муҳими безарари ташнагиро шикастан оби одӣ мебошад.

Тоҷикон чойи кабуди гармро меписанданд
Сурат: Central Asia Travel

Чой ҳам ташнагиро мешиканад. Сарфи назар аз гарм ё хунук, кабуд (сабз) ё аз ягон гиёҳи дигар будан, муҳимаш чой захираи обро хеле хуб зиёд карда, инчунин аз актиоксидантҳо бой аст.

Ҳарчанд хеле гарм бошад ҳам, тоҷикон дар навбати аввал, нӯшидани чойи кабудро дӯст медоранд. Чунин шуморида мешавад, ки он натанҳо тавозуни об дар организмро зиёд мекунад, балки шахсро ба арақ  кардан водор намуда, ба ин тариқ, гармиро аз бадан хориҷ мекунад.

Оби ошомидании минералӣ низ метавонад муфид бошад, зеро дар ҳавои гарм мо натанҳо рутубат, балки бисёр намакҳоро ҳам талф медиҳем. Аз ин рӯ, мутахассисон нӯшидани онро тавсия медиҳанд: як шишаи он дар як рӯз ҳеҷ зараре надорад.

Ҷурғот, йогурт ва дигар маҳсулоти ширӣ, ки кислотаҳои органикӣ доранд, хеле хуб ташнагиро мешикананд. Ғайр аз ин, онҳо зуд ҳал шуда, ба барқарор шудани микрофлораи рӯда мусоидат мекунанд.

Шарбат ё компотҳо низ ташнагиро хуб мешиканад, агар табиӣ, бо миқдорои ками қанд ва беҳтараш нисфашон бо об омехта шуда бошанд.

Боз тарзҳои дигари хуб низ ҳастанд - дӯғоб ва чолоб.

Дӯғоб ва чолоб ташнашиканҳои писандида дар кишвар пас аз чой дониста мешаванд. Тарзи тайёр кардани онҳо хеле одӣ буда, дар шароити хона комилан имконпазир аст.

Дӯғоб
Акс аз mir24.tv

Чолоб нӯшокии ташнашиканест, ки аз чаккаи омехта бо об тайёр карда мешавад. Барои хуштаъм шудан, ба он гиёҳҳои хушбӯй, аз қабили райҳону ҳулбӯй ва пораҳои якхро ҳам илова мекунанд.

Дӯғобро низ аз чакка тайёр карда, лекин дар фарқ аз чолоб, онро кофта кафкашро мебароранд. Вақте ки он ба кафки нарм табдил меёбад, мувофиқи табъ ба он намак ва гиёҳҳои хушбӯй илова мекунанд.

Нӯшидани обҳои газдор тавсия намешавад

Ба ақидаи мутахассисон, дар ҳавои гарм душмани асосии организм ҳама гуна обҳои газдори ширин мебошанд. Табибон ҳатто дар вақти муқаррарӣ ҳам истеъмоли чунин нӯшокиҳоро тавсия намедиҳанд, вале дар ҳавои гарму сӯзон, вақте ки организм тамоми қувваро барои сард нигоҳ доштан равона мекунад, нӯшокиҳои ширини газдор метавонанд ба ғадуди зери меъда зарари ҷиддӣ расонанд.

Албатта, истеъмоли машрубот (нӯшокиҳои спиртӣ) тавсия намешавад, зеро дар рӯзҳои гарму тафсон онҳо ба дил ва рагҳо фишори зиёд оварда, барои саломатии ҳатто шахси пурқувват хатари ҷиддӣ ба бор меоранд. Оби ҷав (пиво) низ ба дилу рагҳо фишор меорад.

Акс аз media.allure.com

Таркиби нӯшокиҳои энергетикӣ аз кофеину шакар ва иловаҳои гуногуни кимиёвӣ бой буда, табибон дар ин маврид  ақидаи яксон доранд: истеъмоли онҳо дар ҳар фасли сол номатлуб аст!

Истифодаи онҳо бо мақсади барқарор кардани тавозуни об дар организм ё бартараф кардани ташнагӣ умуман бемаънӣ аст.

Хӯришҳо аз шӯрбои гарм беҳтар аст

Дар ҳавои гарм мутахассисони соҳаи парҳез аз ғизо (диетологҳо) истеъмоли хӯришҳо (салатҳо) аз сабзавоти тару тоза ва мева, шӯрбоҳои сабук, навъҳои камравғани моҳӣ ва гӯштро тавсия медиҳанд.

Бахусус истеъмоли тарбузу харбуза, қулфинай (клубника), тамашк (малина), бодиринг, помидор, ки қариб 90% аз об иборатанд, хеле муфид аст.

Бодирингу каду (кабачок), шалғам ва редиска қариб пурра метавонанд ниёзи моро ба ғизо дар рӯзҳои гарм қонеъ кунанд.

Дар ҳавои гарм табибон боисрор истеъмоли хӯришҳо аз сабзавоти тару тозаро тавсия медиҳанд
Акс аз торнамои mamaplus.md

Ширинии анъанавии тобистон, яъне яхмос мумкин аст, вале дар миқдори муътадил (то 200 грамм дар як рӯз).

Дар ҳавои гарм истеъмоли шӯрбоҳои хеле гарм, гӯшти равғанин, таомҳои тезтаъму тезмазза ва ҳамаи он чизҳое, ки боиси тавлиди гармӣ мешаванд ва барои ҳазм душворанд, тавсия дода намешавад.

Ҳамчунин ҳангоми ба кӯча баромадан табибон пӯшидани сарпӯш, айнакҳои офтобӣ, ба бар доштани либосҳои равшану сабук ва бароҳат, инчунин ба рӯй молидани малҳам (кремҳо)-и ҳифз аз нури офтобро тавсия медиҳанд.

Ҳангоми бад шудани ҳолат ва пайдо шудани аломатҳои нохушу ногувор, бахусус доштани бемориҳои музмин, фавран ба табиб муроҷиат кунед, зеро дар гармо хуруҷи бемориҳо хеле тез сурат мегирад!

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.