Дирӯз, 22-юми июн дар “Боғи Ирам”-и пойтахт ҷашни Тиргон таҷлил гардид. Дар ҳошияи он, намоиши хушкмеваҳои Тоҷикистон ва иди зардолу низ баргузор шуд.
Деҳқонону боғдорони ҷумҳурӣ маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд. Дар ҳар гӯшае ҳосили меваву сабзавот ба ҳар тариқу ороише ба тамошо гузошта шуда буд.
Соҳибхоназанони манотиқи гуногуни кишвар таомҳои миллӣ ва ё хоси маҳалли худро омода намуда, манзури меҳмонон гардониданд.
Дар чорабинӣ Сулаймон Зиёзода, муовини сарвазир, Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ намояндагони ҳукуматҳои вилоятҳо ва меҳмонону сокинони пойтахт ширкат доштанд.
Бояд гуфт, имсол бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон ҷашни Тиргон расман ба феҳристи рӯзҳои ид дар Тоҷикистон шомил гардид ва рӯзи таҷлили он 1-уми июл муқаррар шуд. Аммо ба иттилои Вазорати кишоварзӣ “ба хотири ҷашни Ваҳдати миллӣ баргузории идро чанд рӯз пеш ба нақша гирифтаанд”.
Тиргон дар радифи Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми мо ба шумор меравад. Ин ҷашн мутобиқи солшумории қадимаи ориёӣ дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мешуд.
Ҷашни Тиргон ҳамчун рамзи борону сарсабзӣ, меҳрварзӣ ва гиромидошти ростиву ҳақиқат дар боварҳои деринаи ниёгони мо реша дорад ва баёнгари пайванди амиқи инсон бо табиат ва муҳити зист мебошад.
Худкушии қариб 50 нафар дар ним сол дар вилояти Хатлон
Корхонаҳо бо сармояи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон то 357 адад афзуд
Як созмони байналмилалӣ пешгӯи мекунад, ки интиқоли пул аз сӯи муҳоҷирон ба Тоҷикистон кам мешавад
Вазири энергетика фаъолияти нимсолаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро ғайриқаноатбахш хондааст
Чаро шаҳрвандии Русия барои муҳоҷирон дигар ҷолиб нест?
Вокуниши Омбудсмен ба қазияи Мадина Ҳалимова, ки гуфта мешавад чор кӯдакашро ба дарё андохтааст
Ҳимоятгари мунтахаби футболи Тоҷикистон мавсими навро дар “Сипоҳон”-и Эрон оғоз мекунад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояҳои Антон Чехов. Аннабагардан, қисми 3
Пешсаф шуд. Чин бори аввал ба шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон табдил ёфт
Муҳоҷиронро ба пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ зимни вуруд ба Русия уҳдадор мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста