Дар 5 моҳи соли 2025 муҳоҷирон барои гирифтани патент ба буҷаи Русия 63 миллиард рубл (беш аз 7 миллиард сомонӣ) пардохт кардаанд, ки ин  маблағ 35% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Дар ин бора Валентина Казакова, сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати ВКД-и Русия иттилоъ додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамагӣ дар соли гузашта муҳоҷирон ба буҷети Русия 124 млрд рубл пардохт кардаанд, ки тақрибан ба 1,6 млрд доллар баробар аст. Маблағ мустақиман ба буҷети минтақаҳо ворид шудааст.

Тибқи иттилои ВКД-и Русия, дар ин кишвар айни замон ҳудуди 3 млн шаҳрванди хориҷӣ кор мекунанд.

Онҳо дар чунин бахшҳо кор мекунанд:

800 ҳазор нафар дар бахши сохтмон;

350 ҳазор нафар дар соҳаи савдо ва саноат;

193 ҳазор нафар дар соҳаи логистика ва захира (анборҳо);

63 ҳазор нафар — дар бахши кишоварзӣ.

Соли 2024 ба Русия 6,3 млн хориҷӣ омада, тақрибан нисфи онҳо мақсади омаданро кор зикр карданд.

Аммо ҳудуди 700 ҳазор нафар ғайриқонунӣ дар қаламрави Русия ҳузур дошта, 157 ҳазор нафари онҳо хориҷ карда шудаанд.

Қисми зиёди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ омадаанд:

Ӯзбекистон — 23,3%,

Тоҷикистон — 16,7%,

Қирғизистион — 10,4%.

Аз 5-уми феврали соли равон дар Русия "рӯйхати сиёҳ" мавриди амал қарор гирифт, ки ба он шахсоне, ворид мешаванд, ки қоидаҳои ҳузур дар кишварро риоя намекунанд. Барои афроди дар ин рӯйхат қарордошта дар ивази макони зист, бастани ақди никоҳ, харидории манзил ё автомашина маҳдудият ҷорӣ шудааст.

Тариқи онлайн - дар сомонаи ВКД ё тариқи портали хидматрасониҳои давлатӣ (госуслуги) метавонед дар ин рӯйхат қарор доштани худро бисанҷед. Муҳоҷироне, ки номашон дар ин феҳрист аст, имкон доранд то моҳи сентябр будубоши худро дар Русия қонунӣ кунанд.

Ба гуфтаи Валентина Казакова, айни замон дар ин рӯйхат қариб 800 ҳазор нафар қонуншиканон ворид шудаанд. Моҳи феврал теъдоди онҳо 670 ҳазор нафарро ташкил медод.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.