Бо насби ду рақам фаъолият кардани кирокашҳо дар Душанберо Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД шарҳ дод: яке, ки рангаш сабз аст, барои қайди давлатии автомобил, дигарӣ, ки рангаш зард аст, барои маълум кардани фаъолияти қонунии кирокашҳо. Рақами дуюм, яъне зард ройгон дода мешавад.
Миралӣ Абдураҳмонзода, сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба "Азия-Плюс" гуфт, рақами иловагӣ, яъне бо ранги зард, барои маълум кардани кирокашҳое, ки ғайриқонунӣ, аз шаҳру навоҳии гирду тароф ба пойтахт омада фаъолият мекунанд, насб карда мешавад.
“Мо барои пойтахт 12 ҳазор таксӣ муайян кардем. Вале бархе таксиҳое ҳастанд, ки “нелегал” кор карда, дар роҳҳои шаҳри Душанбе тамбашавиро ба вуҷуд меоранд. Барои ҳамин ин рақамҳоро муайян кардем, то донем, ки 12 ҳазор таксӣ ҳаминҳоянд, аз ин зиёд, ки даромад, дарҳол онҳоро берун мекунем”, - гуфт Миралӣ Абдураҳмонзода.
Номбурда гуфт, ки рақамҳои дуюм бо қарори раиси шаҳри Душанбе насб мешавад ва ҳамаи 12 ҳазор кирокаши 4 ширкат, ки дар пойтахт расман фаъолият мекунанд, бояд ин рақмаҳоро дошта бошанд.

Дар ҳамин ҳол, як масъули дигари БДА дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки “ин рақамҳоро БДА ба ширкатҳои кирокаш медиҳад ва онҳо рақамҳоро ройгон ба кирокашҳо тақсим мекунанд”.
Тасмими насби рақамҳои иловагӣ дар кирокашҳо дар ҳолест, ки моҳи июни соли равон шаҳрдории Душанбе танҳо ба 4 ширкати мусофиркашонӣ - “Эко-Таксӣ”, “Олуча-авто”, “Ковиён” ва “Сафо-таксӣ” иҷоза дод, ки дар пойтахт фаъолият кунанд ва дар умум, 12 ҳазор мошин (ҳар як ширкат 3 ҳазор кирокаш) дошта бошанд. Қаблан 12 ширкат бо ҳудуди 4,3 ҳазор мошин ба кирокашӣ машғул баданд.
Ҳамчунин, дастур шудааст, ки кирокашҳои ин ширкатҳо берун аз ҳудуди шаҳри Душанбе ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул нашаванд.
Он замон ронандагони бархе аз ширкатҳо шикоят карданд, ки кормандони БДА рақами мошинашонро мекананд ва монеи фаъолияташон мешаванд. Бархеи онҳо иддао мекарданд, ки мошинҳояшонро аз бонк қарз гирифта харидаанд ва ҳар моҳ бояд пули онро бипардозанд.
Ҳоло ронандагони ин кирокашҳо шикоят доранд, ки ширкатҳо аз онҳо талаб доранд, ки барои хадамоташон ва пайдо кардани мусофир ҳамарӯза бояд 100 сомонӣ ба ширкат пардохт кунанд. Ширкатҳо инро рад мекунанд.





Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста