Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия муҳоҷирони корӣ бо вуҷуди доштани иҷозатномаи корӣ (патент)  наметавонанд то охири сол ҳамчун колорасон фаъолият кунанд. Дар ин бора қарори Александр Беглов, волӣ ё губернатори ин шаҳр ба имзо расидааст.

Ин маҳдудият тамоми намудҳои фаъолияти колорасонӣ, аз ҷумла расонидани хӯрок ба хонаро манъ мекунад.

Қаблан низ дар ин шаҳр фаъолияти муҳоҷирон ҳамчун колорасон манъ гардида буд, вале аввали моҳи июл ин қарор дубора бозбинӣ шуда, кор дар соҳаи колорасонӣ ва таксиронӣ барои муҳоҷирон иҷоза дода шуда буд.

Пештар аз ин, дар Санкт-Петербург маҳдудият дар соҳаи таксиронӣ низ ҷорӣ гардида буд. Он замон гуфта мешуд, ки ба ин маҳдудият соҳаи колорасонӣ низ илова шуда, рӯйхати намудҳои фаъолияти мамнӯъ барои муҳоҷирон васеъ мешавад.

Ба корфармоён дар Санкт-Петербург барои мутобиқ шудан ба талаботи нав се моҳ муҳлат дода шудааст, то сиёсати кадрии худро бо меъёрҳои нав мувофиқ гардонанд.

Дар қарор зикр мешавад, ки" колорасонҳои хориҷи дар шумораи умумии онҳое, ки дар ин соҳа кор мекунанд, ҳиссаи ночизро ташкил медиҳанд, аз ин рӯ, ин тадбир ба устувории бозори интиқол таъсир намерасонад”.

Гуфта мешавад, ки ки бахши колорасонӣ ҳиссаи назарраси шуғли ғайрирасмӣ дар ин шаҳр аст. Аз ин рӯ, мақомоти ин кишвар интизор доранд, ки қарори қабулшуда ба коҳиши шуғли пинҳонӣ, баланд бардоштани сифат ва амният дар бахши хизматрасонӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои кории нав барои шаҳрвандони Русия, аз ҷумла ҷавонон ва донишҷӯён шароит фароҳам меорад.

Қарор пас аз 10 рӯзи интишори расмӣ эътибор пайдо мекунад.

 

Камбуди қувваи корӣ ва лағви баъзе маҳдудиятҳо дар Русия

Ин дар ҳолест, ки бархе минтақаҳои Русия, ки пештар кори муҳоҷиронро дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла таксиронӣ маҳдуд карда буданд, дубора барои фаъолияти муҳоҷирон дар ин соҳаҳо иҷоза медиҳанд.

Дар вилояти Ленинград манъи кор барои муҳоҷирон танҳо дар таксӣ боқӣ мемонад ва дар бахшҳои боқимонда ба муҳоҷирон кор иҷоза шудааст.

Волӣ (губернатор)-и минтақа Александр Дрозденко низ эътироф карда буд, ки ин минтақа бе муҳоҷирон наметавонад корашро пеш барад, бахусус дар бахшҳои сохтмон ва логистика.

Дар Краснодар низ ба муҳоҷирон кор дар сохтмон иҷозат дода шудааст. Дар аввал, барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳама гуна сохтмонҳо маҳдудият гузошта шуда буд, вале дар таҳрири нав бархе маҳдудиятҳо бардошта шуд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Русия арз медоранд, ки дар кишвар рӯз то рӯз норасоии шадиди қувваи корӣ ба мушоҳида мерасад. Ин аст, ки маҳдудиятҳоеро, ки қаблан барои муҳоҷирон дар соҳаҳои гуногун дар баъзе манотиқ ҷорӣ карда буданд, оҳиста-оҳиста лағв ва эътироф мекунанд, ки бе муҳоҷирон иқтисоди ин кишвар пеш намеравад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.